Пайвандҳои дастрасӣ

А. Сазонов: Баҳси ман аз баҳси халабонҳо камтар нест


Шаҳри Хуҷанд (акс аз бойгонӣ)

Шаҳри Хуҷанд (акс аз бойгонӣ)

Додгоҳи иқтисодии Суғд даъвои Андрей Сазоновро баррасӣ карда, ҳалномаи қаблияшро бетағйир боқӣ гузошт.

Бино бар ин ҳалнома, 75 дарсади саҳоми Корхонаи маъдани Пролетар ё амалан назорати он, ки ба Андрей Сазонов, шаҳрванди Русия тааллуқ дошт, ба ихтиёри ширкати "Сомон-Суғд" гузашт.

Вале Андрей Сазонов норозист. Ба қавли вай, "Соҳибкорбонк" ва "Сомон-Суғд" бар асоси асноди сохта, моликияти ӯро рабудаанд. Вай гуфтааст, ин масъаларо бештар аз парвандаи халабони рус доман хоҳад зад, "то мардум бидонанд, ки дар Тоҷикистон ба ғорати амволи сармоядорон, аз ҷумла соҳибкорони Русия машғуланд."

Мавҷуда Шарифова, муовини раиси Додгоҳи иқтисодии Суғд, гуфт, "мо ба ваколатдори Андрей Сазонов фаҳмондем, ки ҳақ доранд ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикоят баранд. Агар Додгоҳи олии иқтисодӣ даъвои онҳоро бипазирад, ҳалномаи мо бекор хоҳад шуд."

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Андрей Сазонов гуфт, дар баррасии парванда на аснод, балки омилҳои дигар нақш бозиданд. Вай афзуд, "мо ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикоят мебарем ва Андрей Сазонов дар Маскав дар бораи ин ҳалномаи суди иқтисодӣ, ки бо санади қалбакӣ моли ӯро дар Тоҷикистон ғорат кардаанд, ба ниҳодҳои дахлдори Русия мерасонад."

Баҳси додгоҳии Корхонаи маъдани Пролетар ва ширкати "Сомон-Суғд"-у "Соҳибкорбонк" ба фаъолияти Самеъ Аҳмадов, собиқ мудири кулли корхонаи "ГОК Пролетар" бармегардад. Соҳибкор Сазонов дар соли 2002 дар як музоида 75 дарсади саҳмияи корхонаи "ГОК Пролетар"-ро харид ва ба унвони соҳибмулк дар маҷлиси саҳмдорон Самеъ Аҳмадовро мудири кулли ин корхона таъйин кард. Аҳмадов дар соли 2007 бо як ваколатнома аз номи Сазонов, ки нотариуси шаҳри Тошканд онро тасдиқ кардааст, аз "Соҳибкорбонк" 200 000 доллар қарз мегирад.

Иттиҳодияи "Сомон-Суғд" саҳмияҳои "Соҳибкорбонк"-ро, ки ахиран муфлис эълон шуд, харидорӣ кард ва қарзи гирифтаи Аҳмадов низ ба ихтиёри ин ниҳод гузашт.

Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи Андрей Сазонов, дар робита ба ҳадафи қарзгирии Самеъ Аҳмадов аз "Соҳибкорбонк" гуфт: "200 ҳазор доллар қарзи гирифта бо маслиҳати пешакӣ бо "Соҳибкорбонк" сурат гирифтааст, ки қасдан бояд Аҳмадов ҳамин қарзи бонкро барнагардонаду дар оянда саҳмияҳои ин корхона ба ивази қарз ба бонк гузаронида шаванд. Саҳмияҳои "Соҳибкорбонк"-ро ҷамъияти саҳҳомии "Сомон-Суғд" харидааст, ки ба Ҳасан Асадуллозода тааллуқ дорад. "Сомон Суғд" ҷамъияти саҳҳомӣ аст, ки мутааллиқ ба "Ориёнбонк" ва дигар корхонаҳост."

Дар ин миён Самеъ Аҳмадов ба унвони мудири кулли "ГОК Пролетар" барои аз худ кардани амволи корхона ва қарзи ғайриқонунӣ аз "Соҳибкорбонк" зиндонӣ шуд. Дар бораи қалбакӣ будани санадҳои пешниҳодкардаи Аҳмадов аз номи Сазонов, додситонии кулли Русия ба додситони вилояти Суғд хабар додааст, ки ваколатномаҳои Аҳмадов қалбакианд. Вале додситони вилоят ба ин аснод баҳои ҳуқуқӣ надодааст.

Ба гуфтаи Файзиниссо Воҳидова, маҳз ба далели хомӯшии додситони вилояти Суғд, "Соҳибкорбонк" аз Додгоҳи иқтисодӣ даъвои 75 дарсади корхонаи "ГОК Пролетар"-ро дар ивази қарз матраҳ карда буд, ки додгоҳи иқтисодии вилоят ин қазияро ба фоидаи "Соҳибкорбонк" ҳал кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG