Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳҳои иқтисодӣ аз кӣ пуштибонӣ мекунанд?


Бинои Додгоҳи иқтисодии Суғд

Бинои Додгоҳи иқтисодии Суғд

Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон мақомоти Кумитаи андоз ва Додгоҳи олии иқтисодиро муваззаф кард, ки зиёни воридкарда ба ширкати "Babilon-M"-ро, ҷуброн намоянд.

Мақомоти ширкати "Babilon-M" дар бораи маблағи зиёндида иттилоъ надодааст.

Додгоҳи конститутсионӣ мақомоти Кумитаи андоз ва Додгоҳи олии иқтисодиро ба нақзи моддаи 45-и Қонуни асосии Тоҷикистон муттаҳам карда ва гуфтааст, ки қонун дар бораи ситонидани андозро нодуруст анҷом додаанд.

Ин кашмакашҳои додгоҳӣ сари пардохти андоз дар робита ба дарёфти литсензияи фаъолият аст, ки ба соли 2009 бармегардад. То соли 2009 андоз дар бораи дарёфти литсензияи фаъолият як дарсад буд ва дар 29-уми августи соли 2009 давлат ин андозро ду фоиз таъйин кард.

Вале ин қонун танҳо пас аз се моҳ, яъне 20-уми ноябр дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" чоп шуда, мавриди иҷро қарор гирифт, на аз он пештар. Ҳамон тавре, ки Кумитаи андоз аз ширкати "Babilon-M" пас аз тасвиби ин қонун молиёт ситонидааст.

Холиқназар Ҷумъаев

Холиқназар Ҷумъаев

Холиқназар Ҷумъаев, аз ширкати "Babilon-M", тафсилоти ин қазияро чунин шарҳ дод: "Мо дар ин бора қаблан ба Додгоҳи иқтисодии зинаи аввал муроҷиат кардем. Додгоҳ Кумитаи андозро дар ситонидани ғайриқонунии андоз маҳкум кард. Аммо баъдан додгоҳҳои дигари зинаи иқтисодӣ то Додгоҳи олӣ ин қазияро ба нафъи Кумитаи андоз ҳал карданд. Мо ночор ба Додгоҳи конститутсионӣ муроҷиат кардем, ки қазия ба нафъи мо ҳал шуд. Ширкати "МЛТ" (ҳоло Мегафон-Тоҷикистон) низ даъво карда буд, вале ба натиҷае нарасид. Ҳоло низ даъво дорад."

Холиқназар Ҷумъаев дар посух ба ин суол, ки ин пардохтҳои ғайриқонунӣ аз ҳисоби муштариён буд ё худи ширкат, гуфт: "Не, ин пардохт аз ҳисоби муштариён нест, балки аз ҳисоби даромади ширкат пардохт шуда буд ва ба муштариён рабте надорад."

На танҳо ширкатҳои телефонҳои мобилӣ аз амалкарди Кумитаи андоз дар иҷрои қонун норозианд, балки ширкатҳои ҳамоҳангсози Хадамоти интернетӣ низ омодаанд Кумитаи андозро ба Додгоҳи қонуни асосӣ бикашанд. Барои мисол, аз авоили соли ҷорӣ давлат барои истифода аз телефонҳои мобилӣ молиёти аксизии седарсадӣ ҷорӣ карда буд. Кумитаи андоз дар ин авохир аз ширкатҳои фароҳамсозӣ Хадамоти интернетӣ низ пардохти ҳамин андозро тақозо кардааст, ки дар қонуни ҷадиди андоз мунъакис нашудааст.

Парвина Ибодова

Парвина Ибодова

Ширкатҳои фароҳамсози хадамоти интернетӣ ин иқдоми Кумитаи андозро ғайриқонунӣ медонанд. Парвина Ибодова, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамсози хадамоти интернетӣ дар ин бора гуфт: "Мо ба Додситони кулли ҷумҳурӣ, Вазорати адлия ва Дастгоҳи иҷрояи раисиҷумҳур номаи эътирозӣ навишта гуфтаем, ки Кумитаи андоз аз доираи қонун хориҷ шудааст. Бар илова, дар ҳафтаи оянда ба Додгоҳи Қонуни Асосӣ низ шикоят хоҳем бурд."

Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон ва корафтодагон, Додгоҳи олии иқтисодиро на як ниҳоди адолати додгоҳӣ, балки як навъ воситаи ба ҳадаф расидани давлат ва ё гурӯҳҳои тавоно дар кашмакашҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон медонанд. Ба қавли онҳо, додгоҳҳои иқтисодӣ дар ин муноқишаҳо бештар ба тарафи тоҷирони калони пуштибондор майл мекунанд, на ба ягон соҳибкору тоҷири миёна, ки пуштибон надоранд. Ба ин далел мегӯянд соҳибназарон, мардум ба фаъолияти додгоҳҳои иқтисодӣ чандон эътимод надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG