Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ обро "лой" карда моҳӣ медорад?


Мақомоти ширкати «Семь Звёзд» дар бораи иҷро нашудани ҳалномаи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дубора ба раиси ин додгоҳ шикоят бурданист.

Зеро ҳалномаи Додгоҳи олӣ аз моҳи июни соли 2009 дар бораи баргардонидани мулкияти ширкати «Семь Звёзд» аз сӯи ҷамъияти фаъолияташ маҳдуди парвариши моҳии хушзот дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ба Муҳаммадюсуф Ҳукумов таааллуқ дорад, то ба ҳол иҷро нашудааст.

Мақомоти ҷамъиятии масъулияташ маҳдуди парвариши моҳии хушзот алорағми ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2009 ва ду зинаи Додгоҳи олии иқтисодӣ, намехоҳад мулкият ё дороии ширкати "Семь Звёзд", яъне ҳафт ҳавзи моҳипарвариро ба соҳибмулкаш баргардонад.

Файзалӣ Шарифов, намояндаи ширкати «Семь Звёзд» дар ин бора гуфт: «Пас аз ҳалномаи Додгоҳи олии иқтисодӣ ,як дафъа, тақрибан се соли пеш намояндаи ҳукумат, милиса, суд-иҷрочӣ ва намоянда Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ба ин минтақа омаданд то мулкияти моро баргардонанд. Мутаассифона моро ҳатто роҳ надоданд то вориди минтақаи мулкияти худамон шавем.»

Ҷаноби Шарифов афзуд, даъвои мо иҷрои ҳалномаи Додгоҳи олии иқтисодӣ аст. Даъвои тарафи муқобили мо танҳо зӯрӣ ва таҳдид.

Маҳмадраҳим Раҷабов, муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар гуфтугӯ бо РО гуфт, ки аз ин кашмакашҳо чанд сол сипарӣ шудааст: “Ин масъала бояд бо ширкати ниҳодҳои қудратӣ ҳал шавад. Вақте ки ҳалномаи Додгоҳи олии иқтисодӣ содир мешавад, додгоҳ супориш медиҳад ба ниҳодҳои қудратӣ ва онҳо бояд амволро ба соҳибмулк баргардонанд. Ин баҳси моликияти хусусист ва мо ҳукумати маҳаллиро низ иҷозат намедиҳанд ба ҳавзҳои моҳипарварӣ дохил шавем бидуни иҷозати қаблӣ. Хулоса ин масъалаи баҳс аст ва дар боло бояд ҳал шавад.”


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим


Моҷаро байни ин ду ширкат дар бораи соҳибмулкӣ ба қавли Додгоҳи олии иқтисодӣ ба қарори ҳукумати ноҳияи Ҷомӣ ба соли 2004 бармегардад. Дар он сол Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳия буд ва иштибоҳан қарор мекунад, ки ҳавзҳои моҳипарварӣ дар ихтиёри Маҳмадюсуф Ҳукумов қарор дода шавад.

Мувофиқи он, Маҳмадюсуф Ҳукумов ҳафт ҳавзи моҳипарварии ширкати "Семь Звёзд"-ро ба зӯрӣ аз худ мекунад. Дар ҳоле, ки ширкати "Семь Звёзд" ҳафт ҳавзи моҳипарвариро дар музоидаи соли 2002 қонунӣ харида буд ва соҳибмулк ҳисоб мешуд. Ин ширкат то соли 2005 дар ин ҳавзҳо ба моҳипарварӣ машғул буд.

Додгоҳи олии иқтисодӣ бар асоси гузориши Кумитаи сармоягузорӣ дар мурофиаи додгоҳӣ, ки соҳибмулкии ширкати "Семь Звёзд"-ро ба ҳафт ҳавзи моҳипарварӣ қонунан таъйид кард, қарори ҳукумати ноҳияи Ҷомиро бекор кард. Саъдулло Бекназаров, раиси собиқи ноҳия барои ин қарори иштибоҳияш муҷозот нашуд, балки дар мақомоти ҳукумати вилояти Хатлон вазифаи болотарро соҳиб шуд.

Ҳоло ҳудуди се сол мешавад, ки иддаоҳо байни ширкати «Семь Звёзд» ва ҷамъияти фаъолияташ маҳдуди корхонаи моҳипарварии ноҳияи Ҷомӣ ҳалли худро наёфтааст.
XS
SM
MD
LG