Пайвандҳои дастрасӣ

“Economist” қочоқи афюну ҳероинро як манбаъи асосии даромади мақомоти тоҷик ном бурдааст.

Маҷаллаи бритониёии “Economist” дар матлабе таҳти унвони “Вобастагӣ. Ҳероин суботи кишвари фақирро таъмин мекунад” Тоҷикистонро фақиртарин кишвари шӯравии собиқ, вале пойтахташро моломоли пулу сохтмонҳо ва мошинҳои пурдабдаба тасвир мекунад ва бо ишора ба саноати ночизи ин кишвар ва марзи тӯлониаш бо Афғонистон ҳадс мезанад, ки манбаъи ин сериву пурӣ шояд қочоқи маводи мухаддир бошад, ки дар дасти афроди наздик ба мақомоташ мунсаҷим шудааст. Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, вазъи воқеъӣ тавре нест, ки “Economist” менависад.

Ҳероин – омили субот?

“Economist” менависад, ҳероин зоҳиран як омили таъмини субот дар Тоҷикистон шудааст ва дипломатҳои хориҷӣ аз сӯи бархе мақомоти баландпояи ин кишвар идора шудани масирҳои қочоқи маводи мухаддирро инкор намекунанд ва мегӯянд, ин наркобаронҳо дар ивази адами дахолати давлат, амниятро дар маҳаллҳо таъмин мекунанд.

“Economist ” аз Девид Люис аз Донишгоҳи Бредфорди Бритониё ҳам нақли қавл мекунад, ки гуфтааст, давлати Тоҷикистон аз ин вазъ чашм пӯшида, аз сарбасар шудан бо “наҳанг”-ҳои асосии қочоқбар истиҳола мекунад, чунки дар чунин сурат мулзам аст, шахсиятҳои сиёсии пурнуфузро ба зиндон бикашонад, ки ин метавонад ҳатто ба ҷанги нави шаҳрвандӣ дар кишвар мунҷар шавад.

Аммо Ҳалимҷон Маҳмудов, раҳбари бахши Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, мавридҳои алоҳидаи иртиботи баъзе мақомот бо қочоқи маводи мухаддир ошкор шудааст, вале ин падида дар Тоҷикистон чандон саросарӣ нест, ки “Economist ” тасвир мекунад: “Чанд гурӯҳ ҳоло дар коркарди оперативӣ ҳаст ва кор идома дорад. Дар сари сол баъзе кормандоне, ки бо қочоқ мубориза мебурданд, худ ба даст афтоданд ва шояд барои ҳамин онҳо ба чунин хулоса омадаанд. Лекин дар асл чунин тамойюл нест. Баръакс мақомоти Тоҷикистон касе ки бо чунин корҳо сарукор дорад, бо ҳамааш мубориза мебарад. Дар куҷо ва дар кадом мақом бошад, фарқаш нест.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳини ироаи паёми худ ба парлумон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳини ироаи паёми худ ба парлумон

Як мақоми дигари интизомӣ гуфт, чунин масоилро фақат “по-факту” метавон баррасӣ кард ва то замоне ки ягон мақом боздошт ва даст доштани ӯ дар қочоқи маводи мухаддир собит нашавад, наметавон ба сурати саросарӣ даъво кард, ки тамоми мансабдорони тоҷик аз ҳисоби афюну ҳероин кайфу сафо мекунанд.

Аммо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтае пеш дар паёми солонааш иртиботи бархе мақомот бо қочоқбаронро эътироф кард ва гуфт: “Шарт аст ки дастгир кунанд, баъд ҳамаатон пуштибон мешавед. Оё ягон каси шумо надид? Дар сатҳҳои баланд! Вақте худи корманди Оҷонси маводи мухаддир даст ба контрабанда задааст. Вақте худи корманди масъули милиса дар сатҳи олирутба, шӯъбаи махсусе ки бояд пеши роҳи қочоқи маводи мухаддирро бигирад, худаш даст мезанад. Ин бисёр ҳодисаҳои нанговар аст.”

Боздошти “Пантера”

Ин масъала моҳи январ ба дунболи боздошти муовини раҳбари бахши мубориза бо маводи мухаддири пулиси ноҳияи Фархор Фаридун Умаров, бо лақаби “Пантера” расонаӣ шуд. Асосан ба ин далел ки ӯ бародари муовини вазири амният Мансур Умаров ҳам будааст. Дар ҳамон моҳ бо иттиҳоми сарпарастии гурӯҳҳои қочоқбар раҳбари шӯъбаи мубориза бо маводи мухаддири вазорати умури Фаттоҳ Саидов

Фаттоҳ Саидов

дохила Зафар Мирзоев дастгир шуд ва баъди чанде -муовини фармондеҳи як воҳиди марзбонӣ дар ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Дарвоз. Дар маҳофил фол мезаданд, ки ин боздоштҳои пурсарусадо шояд оғози як маъракаи густарда алайҳи наркобаронҳои бузург шавад.

Фаттоҳ Саидов, раҳбари Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ дар пайи боздошти Фаридун Умаров гуфт: “Ғайрати сохторҳои қудратӣ шояд басандагӣ намекард барои ин. Агар сарпаноҳ надошта бошад, кӣ бо наркотик сарукор мегирад? Хос ҷинояти коррупсионӣ ана ҳамин аст. Бо истифода аз вазифаҳои давлатӣ, дар боло мешинанду инҳоро оҳиста-оҳиста сарашонро дастмол мекунанд, ки кардан гир.

Хатти шимол камаҳамият мешавад

“Economist” дар матлабаш бо такя ба омори СММ менависад, тақрибан 30 фоиз аз 90 тонна тавлидоти солонаи афюну ҳероину афғонӣ аз тариқи Осиёи Марказӣ ва асосан Тоҷикистон қочоқ мешавад, вале дар ҳоле ки тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон 2 маротиба афзудааст, мусодираи он дар Тоҷикистон назар ба соли 2001 80 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Оҷонси зидди маводи мухаддир аммо мегӯяд, фақат соли гузашта дар Тоҷикистон 4 тоннаву 237 кило маводи мухаддир мусодира шудааст, ки назар ба соли қаблӣ 8,6 дарсад бештар аст: “Даъво мекунанд, ки кам шудааст. Кам нашудааст. Вале Бобоҷони Шафеъ

Бобоҷони Шафеъ

дар воқеъ азбаски дар вилоятҳои шимоли Афғонистон кишти кӯкнор комилан аз байн рафт ва тавлиди мухаддирот коҳиш ёфт, истифода з масири шимол ҳам камтар шудааст. Вале на ба ҳадде, ки аз баҳри хатти шимол дигар комилан гузашта бошанд.”

Набарди наҳангҳои бузург бо моҳичаҳои хурд

Иддаои дигари омада дар “Economist” ин аст, ки қочоқи маводи мухаддир дар дасти афроди пурнуфузи таҳти ҳимояти мақомоти баландпоя мунсаҷим шуда, ин “наҳанг”-ҳои бузург бозигарони хурд, ё ба истилоҳ “моҳича”-ҳоро аз ин дарё рондаанд. Аммо Ҳалимҷон Маҳмудов, раҳбари Ожонси зидди маводи мухаддир дар Суғд вуҷуди чунин тамойюлро радд мекунад: “Чунин тамойюл нест. Таҳқиқи парвандаҳо нишон медиҳад, ки ҳамоно шахсони зиёде машғули қочоқанд. Инки мегӯянд, бозигарони майдаро аз бозӣ бароварданду фақат бозигарони калон дар майдон монданд, дуруст нест.”

Дар Тоҷикистон асосан бо пули маводи мухаддир гардон шудани аробаи иқтисоди ин кишвари фақрзадаро низ як каме дур аз ҳақиқат медонанд ва мегӯянд, муҳаррики аслии ин иқтисод солона 3 миллиард долларест, ки муҳоҷирони тоҷик бо азоб дар ғурбат ба даст меоранд. “Economist” ҳам пули мардикорони тоҷикро мусодифи 45 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар баршумурда, гуфтааст, ягон кишвари дунё чунин вобастаи пули муҳоҷиронаш нест, ки Тоҷикистон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG