Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг бо ҳероин: Ҳам лаъл ба даст ояд, ҳам ёр наранҷад


Бинои Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Тоҷикистон
Бинои Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Тоҷикистон

Оҷонсии мубориза бо маводи нашъаовар ба эҷоди гурӯҳҳои нави зудамали мубориза бо мухаддир эҳтиёҷ надорад.

Бобоҷон Шафиев, масъули матбуотии ин агентӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 1997, замони таъсиси агентӣ як қисми таъйиноти махсус амал мекард, ки пас аз вуруди нерӯҳои хориҷӣ ба Афғонистон ва хуруҷи марзбонони рус аз Тоҷикистон ба раёсати сайёри оперативӣ табдил ёфт: «Яке аз вазифаҳояш дар марз бо Афғонистон ташкил кардани амалиётҳои мустақилонаву муштарак бо дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя аст. Ин яке аз муваффақтарин ниҳодҳои агентӣ аст. Ин ки амрикоиҳо мехоҳанд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин гуна гурӯҳҳоро эҷод кунанд ҳарфи нав нест. Эҳтимолан амрикоиҳо тақвият додани ин гурӯҳҳоро дар назар доранд, ки амали хуб аст.»

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар конфронси вазирони Аҳдномаи Париж, ҳамоиши навбатии байнулмилалии мубориза алайҳи маводи мухаддири Афғонистон, ки дар шаҳри Венаи Австрия баргузор шуд, пешниҳод кард, ки омода аст гурӯҳҳои махсуси мубориза бар маводи
Бобоҷони Шафеъ
Бобоҷони Шафеъ
мухаддири Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ ва Туркманистонро, ки узви ин созмон нест, сармоягузорӣ кунад. Расонаҳои Русия навиштаанд, ки Маскав аз ин ҷонибдорӣ накардааст. Як далели русҳо ҳам ин аст, ки ҳамчунин як ниҳод дар шакли САРИКС — Маркази иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад.

Аммо як корманди собиқи амниятии Тоҷикистон гуфт, Русия аз соли 2001, замони вуруди НАТО ва Амрико ба Афғонистон ташаббусҳои мубориза алайҳи маводи мухаддирро дар Осиёи Марказӣ аз даст додааст ва пеш аз ҳама ба ин далел, ки ба фарқ аз Амрико дар ин бахш сармоягузории кофӣ намекунад. Вай афзуд, Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон бо ташаббуси СММ таъсис ёфта буд, ки тарҳи муваффақ буд ва дар пайи он ниҳодҳои ҳамсон дар кишварҳои ҳамсоя низ ташкил шуданд.

Бобоҷон Шафиев ҳам мегӯяд, дар ҳоли ҳозир чанд тарҳе дар ин Агентиро ИМА сармоягузорӣ мекунад. Ахиран ҳукумати ИМА ҳам кӯмаки низомиашро ба Тоҷикистон 80 дарсад афзуд, ки соли оянда 1,5 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик
Парвиз Муллоҷонов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, тарҳи нави Амрико агарчи бар зиёни Русия ва ба манфиати кишварҳои минтақа аст, дар зимн густариши нуфузи низомии онро низ ба ҳадаф дорад.

Вай афзуд, дар ин маврид Тоҷикистон бояд нафъе аз Амрико бардорад, ки бар зиёни Русия тамом нашавад: «Бояд ҳамкорӣ кунем. Аммо инро ҳам ба назар гирем, ки танҳо Русия фишангҳои фишор ба Тоҷикистонро дорад. Метавонад ба суботи Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад. Фишангҳое, ки Русия дорад, Амрико надорад. Мо бояд дар ин тарҳҳо ширкат кунем, аммо ин иштирок набояд муносибати мо бо Русияро куллан тағйир диҳад.»

Коршиносон мегӯянд, бо назардошти воқеиятҳо, кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯйрост тарҳи Амрикоро ҷонибдорӣ намекунанд, аммо ҳамкориҳояшонро бо ин кишвар идома хоҳанд дод. Ба қавли онҳо, ин тарҳ дар асл идомаи ҳамон ҳамкориҳои қаблист, ки аллакай ба низом даромадаанд ва бебозгаштанд.
XS
SM
MD
LG