Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ахиран як сокини Хуҷандро барои қочоқи маводи мухаддир ва ҷалби 2 зани қирғиз ба ин амал, ба 15 соли ҳабс маҳкум кард.

Кормандони интизомӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд соле қабл дар ҷайби он ду зани қирғиз, ки сокинони ноҳияи наздимарзии Лайлак мебошанд, беш аз 1 кило героин дарёфт ва онҳоро дастгир карда буданд. Додгоҳ онҳоро ба 12.5 соли зиндон маҳкум, аммо бар асоси Қонуни афв раҳо кард.

Аммо шарики онҳо Рафиқ Исматов, сокини Хуҷанд фирор кард ва дар Қазоқистон панаҳ бурд. Вай аз ҷониби пулиси қазоқ дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуд ва инак зиндонӣ гардид. Мақомот мегӯянд, ки ҳамин тавр дар баробари мардон, занон низ дар қочоқи маводи мухаддир иштирок мекунанд.

Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд мегӯяд, соли 2011 дар вилояти Суғд ҳудуди 300 нафар дар пайи муомилоти ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд ва 23 нафари онҳо занон ҳастанд.

Ҳалим Маҳмудов, сардори оҷонси мазкур гуфт, занҳо дар қочоқи маводи мухаддир умдатан ба ҳайси интиқолдиҳанда иштирок мекунанд: «Аммо занҳо ҳамчун саркардаву раҳбарони гурӯҳҳои муташаккили қочоқбар иштирок намекунанд. Онҳо ҳамчун «контейнер» истифода мешаванд ва одатан бо ҳероин дар ҷайб ё баданашон дар фурудгоҳ ба даст меафтанд.»

Коршиносон мегӯянд, гурӯҳҳои қочоқбари фаромарзӣ бо истифода аз боз будани хати марз миёни Суғду Бодканд ва назар ба мардон камтар тафтишу муоина шудани занҳо дар посгоҳҳои марзӣ ва истгоҳи роҳи оҳану фурудгоҳ, бештар онҳоро ба ҳайси интиқолгари ҳероин ба хориҷ аз Тоҷикистону Қирғизистон ҷалб мекунанд.

Хосияти Комил, коршиноси умури иҷтимоӣ мегӯяд, аммо мушкили аслии даст задани занҳо ба қочоқи ҳероин иҷтимоӣ аст: «Агар мардҳо ба мақсади зуд соҳиби пули калон шудану таъмини рӯзгор ва бархе ҳам ба хотири кайфу сафо бо пулҳои бедардимиён ба қочоқи маводи мухаддир машғул шаванд, занҳо аз ночорӣ ба ин роҳи хатарнок ворид мешаванд. Худатон бубинед, мардони бархе оилаҳои тоҷик моҳҳову ҳатто солҳои сол бе хату хабаре дар Русия ба сар мебаранд. Кашидани машаққати бори рӯзгор бар ӯҳдаи занҳои онҳо аст. Ин занҳои бечора барои ба даст овардани маблағе ба интиқоли ҳероин розӣ мешаванд. Гурӯҳҳои қочоқбар ҳам дар навбати худ ҳамин гуна занҳои танҳову қашшоқ ва осебпазирро ҷустуҷӯ мекунанд.»

Зимнан ин ду зани қирғиз -Гулчеҳра Турбахунова ва Қуйсин Холиқова, ки Рафиқ Исматов, сокини Хуҷанд онҳоро дар интиқоли ҳероин аз Хуҷанд ба Русия бо роҳи ҳавоӣ ба худ шарик кардааст, ба ин кор бар ивази 2.5 ҳазор доллари амрикоӣ ба ҳар кадом розӣ шудаанд.

Коршинос Хосияти Комил мегӯяд: «Вазъи иҷтимоиву мушкилоти занҳои қирғиз ҳам аз занҳои тоҷик кам нест, балки аз рӯи мушоҳидаи ман, ба таъсири нооромиҳо дар ин кишвар харобтар шудааст. Ин як сабаби аслии ризоят додани бархе аз занҳои манотиқи наздимарзии қирғиз ба интиқоли ҳероин аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Русия аст. Ва ҳамин мушкили иҷтимоии ягона водор мекунад сокинони ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистону Қирғизистон, ҳатто занону мардон ба ҳам оянд. Аммо мутаассифона, на барои анҷоми як кори хайр.»

Бино ба маълумоти расмӣ, соли 2011 дар Тоҷикистон 50 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 7 шаҳрванди қирғиз ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд. Дар вилояти Суғд 13 нафари боздоштшудагон шаҳрвандони хориҷӣ ва аз Русияву Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG