Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ва кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷабҳаи зидди ҳероин


Виллиям Браунфилд-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико дар умури маводи мухаддири байналмиллалӣ ва авлавияти қонун

Виллиям Браунфилд-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико дар умури маводи мухаддири байналмиллалӣ ва авлавияти қонун

Амрико омода аст, дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои ОМ кӯмак кунад.

Вилям Браунфилд, муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико дар умури маводи мухаддири байналмиллалӣ ва авлавияти қонун дар ҳошияи мулоқоти вазирони Аҳдномаи Париж 16 феврал дар бораи ҷузъиёти ташаббусҳои зидди маводи мухаддири Амрико дар Осиёи Марказӣ, яъне CACI сӯҳбат кардааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар конфронси вазирони Аҳдномаи Париж, ҳамоиши навбатии байнулмилалии мубориза алайҳи маводи мухаддири Афғонистон, ки дар шаҳри Венаи Австрия баргузор шуд, пешниҳод кард, ки омода аст гурӯҳҳои махсуси мубориза бар маводи мухаддири Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, аъзои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ ва Туркманистонро, ки узви ин созмон нест, сармоягузорӣ кунад.

Тибқи ин барнома, Амрико омода аст дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Миёна кӯмак намояд. Баъд аз тасвиби ин барнома дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҳисоби кормандони Оҷонсиҳои мубориза бо маводи мухаддири маҳаллӣ CACI ташкили гурӯҳҳои вижаи бозрасӣ дар ин кишварҳоро дар назар дорад.

Ин гурӯҳҳо аз 20 то 25 нафар иборат хоҳанд буд. Ҳар кишвар шумора ва таркиби чунин гурӯҳҳоро худаш муайян мекунад ва ҳадафи гурӯҳҳои мазкур боздошти маводи мухаддир, хунсо ва тахриби шабакаҳои тавлидкунанда ва интиқолдиҳандаи чунин мавод мебошад. Ин гурӯҳҳо ҳамчунин байни худ ва бо гурӯҳҳои мустақар дар Афғонистон маълумотҳои худро доду гирифт хоҳанд кард.

Ҷаноби Браунфилд дар сӯҳбати худ гуфт, CACI бо ҳукуматҳои минтақа ва бо Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ҳамкорӣ ва машварат хоҳад кард, то ҳадафҳои ин гурӯҳҳои бозрасӣ бароварда шавад.

Мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир чанд тарҳе дар ин Агентиро ИМА сармоягузорӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG