Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, теъдоди беморони мӯътод ба маводи мухаддир дар ин авохир нисбат ба 5-8 соли пештар коҳиш ёфта ва теъдоди мӯътодони хоҳишманди табобат рӯ ба афзоиш аст.

Ба иттилои вазорати тандурустӣ, агар танҳо дар соли 2010- 380 нафар мӯътод номнавис шуда бошад, ин рақам дар соли 2011 ба 567 нафар расидааст.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, теъдоди умумии мӯътодон ба анвои маводи мухаддир, ки расман номнавис шудаанд, ба беш аз 7 ҳазор нафар мерасад.

Маҳмадраҳим Малахов, директори маркази наркологии ҷумҳурӣ мегӯяд, ошкор кардани беморони мӯътод то замоне ки худи бемор муроҷиат накунад, кори хеле мушкил аст. “Ин мушкили танҳо Тоҷикистон набуда, балки дар тамоми ҷаҳон ҳамин манзара ба чашм мехӯрад.”

Вай афзуд, “теъдоди беморони мӯътод беш аз 7 ҳазор нафар аст. Ин арқоми додаи вазорат аст, ки мо дар ихтиёр дорем. Вале ба гуфтаи коршиносон, дар паси ҳар як нафар мӯътоди ошкоршуда ва табобатшаванда, беш аз панҷ нафарии дигар номнависнашуда боқӣ мемонанд.”


Ин дар ҳолест, ки бовари таҳлилгарони дохилӣ ва хориҷӣ, бахусус созмонҳои байналмилалӣ, теъдоди мӯътодон ба маводи мухаддир нисбат ба арқоми расмӣ даҳ баробар зиёд аст.

Пӯлод Ҷамолов, мудири иҷроияи созмони ғайридавлатии “СПИН-ПЛЮС” дар Душанбе, далели бештар барои табобат муроҷиат кардани мӯътодон ба бемористонҳоро ғолибияти эҳсоси ин беморӣ аз сӯи беморон талаққӣ кард. Ба гуфтаи вай, шахси мӯътод ду роҳро дар пеш дорад: дарду азоби мӯътодӣ ва марг ва ё роҳи дигар ошкор кардани дарди худ ва муолиҷаи ин беморӣ аст.

Ҷаноби Ҷамолов афзуд, “Нафарони мӯътоде, ки барои кӯмак ба мо муроҷиат мекунанд, аслан нафарони аз 20-сола боло ҳастанд, ки бештар ҳероин истеъмол мекунанд. Бахши дигар ҷавонони наврас ва синни донишҷӯйӣ ҳастанд, ки ҳам ҳероин ва ҳам нашъа истеъмол мекунанд. Ин зумра ҷавонон ва наврасон аз рӯи ҳавою ҳава ва тақлид ба дигарон ба ин роҳ мераванд ва аз мӯътодӣ пушаймон мешаванд.”

Ба гуфтаи Пӯлод Ҷамолов, бахше аз ин ҷавонон дар бемористонҳо табобат мешаванд.

Бахше аз коршиносон дар ин авохир коҳиш ёфтани теъдоди мӯътодон ба маводи мухаддирро таъсири масоҷид дар ҷомеа медонанд, ки ба эътиқоди онҳо дар ин авохир теъдоди зиёди ҷавонон алоқаманд ба тоату ибодат ҳастанд. Ба эътиқоди ҳамин коршиносон, далели дигар вазъи иҷтимоии ҷомеа, таъсири қонун дар бораи масъулияти падару модар аст.

Аммо ба эътиқоди бархе дигар аз коршиносон, далели аслии коҳиши мӯътодон, ин имкони муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои хориҷӣ, пул ҷамъ кардану мошини хубу хона харидан аст, ки имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ ё “мода” табдил шудааст.

Мушобеҳи он, ки панҷ-даҳ соли қабл чунин имконияти фаровони муҳоҷират набуд ва теъдоди зиёди ҷавонон аз бекорӣ ба маводи мухаддир рӯ меоварданд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG