Пайвандҳои дастрасӣ

Шикасти "Равшан"-и Кӯлоб аз тими "Истаравшан"


Бозигарони "Регар-ТадАЗ"

Бозигарони "Регар-ТадАЗ"

Бозиҳои даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзҳои истироҳати гузашта баргузор шуданд, хеле пуршиддату шавқангез сурат гирифтанд.

Се бозии даври дувум рӯзи 14-уми апрел барпо гардид. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода бо тими “Хайр”-и Ваҳдат рақобат кард. Бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом пазируфт.

Ҳисобро дар дақиқаи 13-ум Акмал Авазов, ҳамлагари “Хайр”, боз намуд. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 56-ум Юсуф Рабиев, ҳамлагари "Истиқлол", ҳисобро баробар кард.

Баъди анҷоми ин бозӣ Никола Кавазович, сармураббии “Истиқлол”, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “бозӣ хеле мушкил буд, вале дар навбати худ шавқангез ҳам буд. Ба мухлисон шояд писанд омада бошад. Ман ба бозигарон эрод надорам, аз бозии онҳо қаноатмандам. Дар нимаи аввал рақибамон, дар нимаи дувум мо хуб бозӣ кардем. “Хайр” бисёр дастаи хуб аст. Ҳарифони мо имрӯз хеле боинтизом буданд. Фикр мекунам, ки онҳо барои ҷойҳои аз ҳама баланд талош хоҳанд кард. Оё ман аз натиҷаи мусовӣ ғамгин шудам? Албатта, не. Ин футбол аст. Ягон ҳодисаи даҳшатнок рух надодааст. Ҳамаи тимҳо холҳоро аз даст хоҳанд дод.”

Тоҳир Мӯъминов (чап) ва Никола Кавазович (рост)

Тоҳир Мӯъминов (чап) ва Никола Кавазович (рост)

Тоҳир Мӯъминов, сармураббии “Хайр”, эътироф кард, ки натиҷаи қувваозмоӣ бо “Истиқлол” ба бозӣ мувофиқ аст. Ӯ афзуд, “мо муқобили яке аз дастаҳои пурзӯри кишвар бозӣ кардем. Барои мо мусовӣ дар сафар бо қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон натиҷаи хуб аст. Бисёр муҳим буд, ки мо нахуст гол задем. Бачаҳои мо дар нимаи дувум каме хаста шуданд, бинобар ин гол хӯрданд. Бояд гуфт, ки мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон хеле душвор аст, зеро ки бисёр дастаҳо баробарқувва шудаанд, рақибони содда нестанд. Аз ин рӯ натиҷаҳои ғайричашмдошт ба назар мерасанд. Вақте ки чемпионати мо зӯр мешавад, дастаи мунтахаби кишвар низ зӯр хоҳад шуд.”

Бозии дигар миёни тимҳои “Истаравшан”-и Истаравшан ва “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд баргузор шуд. Ин бозии пуршиддат бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи тими мизбон - “Истаравшан” ба анҷом расид.



Дар ин бозӣ Ҳасан Рустамов, ҳимоятгари “Равшан”, дар дақиқаи 53-юм тӯбро ба дарвозаи дастааш зад. Голи дувуми мизбононро Абдураҳмон Қурбонов дар дақиқаи 70-ум ба самар расонд. Баъд аз 18 дақиқа Барот Илҳомов ҳисобро боз ҳам афзун кард. Дар замони изофӣ (90+4) Нӯъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари “Равшан”, аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра ҳисобро тағйир дод.

Бозии дастаҳои “Зарафашон”-и Панҷакент ва “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом пазируфт. Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент доир шуд. Габриэл Донто, легионери африқоӣ аз Гана, ҳисобро дар дақиқи 43-юм кушод.

Голи дувуми меҳмононро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 56-ум зад. Мизбонон низ дар нимаи дувуми дидор бо ду гол ҷавоб доданд. Фаридун Шарифов дар дақиқаи 67-ум муваффақ гашт ва Қурбоналӣ Собиров дар дақиқаи 82-юм аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард.

Се бозии дигари даври дувум рӯзи 15-уми апрел баргузор шуд. "Ҳосилот"-и Фархор дар майдони худ аз ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд. Голҳои меҳмононро Азимҷон Юнусзода (24), Воҳид Бобоев (48) ва Шамсиддин Қосимов (55) ба самар расонданд.

Як голи мизбононро Саидамир Мирзоев дар дақиқаи 57-ум аз пеналти зад. Бояд гуфт, ки Раҳматулло Фузайлов, ҳимоятгари ССКА “Помир”, дар дақиқаи 60-ум тӯбро аз ҷаримаи 11-метра хато зад.

“Регар ТадАЗ”-и Турсунзода бар дастаи меҳмон -- "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби бузурги 4:1 ғолиб омад. Аҳтам Ҳамроқулов ду гол (дақиқаҳои 28-ум ва 90+1), Сайриддин Ғаффоров (29) ва Фаррух Чориев (41) якголӣ заданд. Як голи меҳмононро Азамат Комилҷонов (51) ба ҳадаф расонд.

"Хуҷанд"-и Хуҷанд низ дар майдони худ бо ҳисоби 4:1 дастаи “Гвардия”-и Душанберо шикаст дод. Дар ин бозӣ ҳамлагари “Хуҷанд” Индус Ҳусейнзода аввалин шуда дар мусобиқаи имсола хет-трик кард, яъне дар як бозӣ (дар дақиқаҳои 57-ум, 63-юм ва 79-ум) се гол зад.

Ҳисобро бошад, дар ин дидор Пирмурод Бурҳонов, ҳамлагари мизбонон, дар дақиқаи 13-ум кушод. Як голи “Гвардия”-ро Ҳаким Амроҷонов дар дақиқаи 65-ум ба самар расонд. Дастаи "Вахш"-и Қӯрғонтеппа аз бозии даври дувум озод буд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Регар-ТадАЗ”

2

2

0

0

7-1

6

2.

«Хуҷанд”

2

1

1

0

6-3

4

3-4.

Истиқлол”

2

1

1

0

5-2

4

3-4.

«Хайр”

2

1

1

0

5-2

4

5.

ССКА “Помир”

1

1

0

0

3-1

3

6.

“Вахш”

1

1

0

0

1-0

3

7.

«Равшан”

2

1

0

1

3-3

3

8.

“Истаравшан”

2

1

0

1

4-5

3

9.

«Энергетик”

2

0

2

0

4-4

2

10.

«Зарафшон”

2

0

1

1

2-4

1

11.

“Парвоз”

2

0

0

2

1-5

0

12.

“Ҳосилот”

2

0

0

2

2-7

0

13.

Гвардия”

2

0

0

2

1-7

0


Голзанҳои беҳтарин:

Аҳтам Ҳамроқулов (Регар-ТадАЗ), Габриэл Донто (“Энергетик”) ва
Индус Ҳусейнзода (“Хуҷанд”) - 3-голӣ, Дилшод Восиев, Юусуф Рабиев (ҳарду - “Истиқлол”) ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”) - 2-голӣ.

Даври 3-юм
19-уми апрел (панҷшанбе)

«Равшан» - «Истиқлол»
21-уми апрел (шанбе)
«Гвардия» - «Зарафшон»
«Энергетик» - «Истаравшан»

22-юми апрел (якшанбе)

«Хайр» - «Ҳосилот»
ССКА «Помир» - «Вахш»
«Парвоз» - «Хуҷанд»

Оғози бозиҳо – соати 16.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG