Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асоси муқаррароти нави Федеросиюни футболи Тоҷикистон гонорар ё ҳаққи заҳмати доварони футболи бозиҳои лигаҳои олӣ ва якум, инчунин, мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонон дар мавсими нав зиёд карда шуд.

Чунончи, ба сардовари сабқати лигаи олӣ барои як бозӣ 500 сомонӣ ё беш аз 100 доллар пардохт мешавад, ки ин маблағ нисбат ба мусобиқаи порсола 200 сомонӣ ё беш аз 40 доллар зиёд аст.

Имсол маблағи гонорари доварону нозиронро Лигаи миллии футболи Тоҷикистон пардохт хоҳад кард. Бошгоҳҳои футбол бошанд, танҳо харҷи сафари кории онҳоро мепардозанд.

Меҳмони барномаи “Ҷаҳони варзиш”-и радиои Озодӣ Раҳмон Муртазоев, беҳтарин довари Тоҷикистон дар соли 2011-ум, бар ин назар аст, ки болоравии ҳаққи заҳмати доварони футболи кишвар ба баландшавии сатҳи касбии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Ӯ мегӯяд, “ба вазифаи раиси кумитаи доварони Федеросиюни футболи Тоҷикистон имсол мутахассиси пуртаҷриба Абдураҳим Бобоев, довари дараҷаи байналмилалӣ, таъйин шудааст ва умедворем, ки таҳти роҳбарии ӯ сатҳи доварӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар баланд мешавад.”

Ҷаноби Муртазоев ба суоли хабарнигори радиои Озодӣ дар бораи он ки “оё доварони футболи тоҷик пора мегирифтанд?”, чунин посух дод: “Хусусан аз тарафи мо, ки ман раиси кумитаи доварон будам, ин хел чизҳо набуд. Он одамоне, ки ин хел гапҳоро мегӯянд, ба фикри ман, ин гапҳо дурӯғ аст. Ман, ки худ довар ҳастам, ба ин хел корҳо даст назадаам ва мо доварон, хусусан, доварони ҷавонро тарбия мекунем, ки байни онҳо набояд чунин гапҳо бошад.”

Сӯҳбати хабарнигори радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф бо довари дараҷаи байналмилалӣ Раҳмон Муртазоев ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG