Пайвандҳои дастрасӣ

Мутахассиси сербиягӣ сармураббии “Истиқлол” шуд


Никола Кавазович

Никола Кавазович

Никола Кавазович, мутахассиси 37-солаи сербиягӣ, сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, таъйин хоҳад шуд.

Ба иттилои Шоҳрух Саидов, президенти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, бо Никола Кавазович рӯзҳои наздик қарордод (то охири мавсим) ба тасвиб хоҳад расид.

Никола Кавазович, ки литсензия ё муҷаввизи мураббигии дараҷаи "А"-ро дорад, дар ин вазифа Олимҷон Рафиковро иваз кард. Бояд гуфт, “Истиқлол” таҳти раҳбарии Рафиков ду бор бо медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Никола Кавазович 29-уми июли соли 1975 дар Белград таваллуд шудааст. Ба футбол аз синни 11-солагӣ дар дастаи "Баск"-и Белград машғул шуда, дар 13-солагӣ ба бошгоҳи ОФК (Белград) гузаштааст. Замоне ки Никола 19-сола буд, ба Маҷористон (Венгрия) сафар карда, дар бошгоҳҳои футболи "Уйпешт" ва "Чепел" бозӣ мекунад.

Баъдан ӯ ба Белград бармегардад ва дар тими "Железничар" ҳунарнамоӣ мекунад. Вале Никола дар синни 22-солагӣ ба иллати ҷароҳати вазнин маҷбур мешавад, ки ҳамчун футболбоз майдонро тарк намояд.

Пас аз ин ӯ худро ба кори мураббигӣ мебахшад. Нахуст ба ҳайси мураббии футболи бачагона дар тими "Баск"-и Белград кор мекунад ва то ба вазифаи мудири мактаб мерасад. Солҳои 2005-2007-ум Кавазович бошгоҳи "Борча"-и Сербияро машқ медиҳад. Сипас дар бошгоҳи "Чукарички Станком", ки дар Суперлигаи Сербия бозӣ мекард, ёвари мутахассиси маъруфи сербиягӣ Драгослав Степанович таъйин мешавад.

Баъди гирифтани муҷаввизи дараҷаи "А" Кавазович сармураббии "Романия", бошгоҳи дивизиони аввали Босния, таъйин мегардад. Вале вай дар он ҷо муддати кӯтоҳ кор карда, пас аз ним сол ба ватанаш бармегардад ва дастаи "Биг Бул"-ро қабул менамояд. Охирин дастае, ки Кавазович машқ медод, бошгоҳи "Ресник" буд.

Бояд гуфт, Никола Кавазович севвумин мутахассиси хориҷист, ки имсол барои кор ба Тоҷикистон даъват шудааст. Ёдовар мешавем, мутахассисони босниягӣ Камол Алиспоҳичи 47-сола сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Алмир Сеферовичи 35-сола мураббии тарбияти бадании тими миллии кишвар мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG