Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон 14 зина боло шуд


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.

Тоҷикистон дар феҳристи навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) чордаҳ зина боло шуд ва дар ҷойи 131-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ аз Қазоқистон, Молдова, Туркманистон ва Қирғизистон пеш аст.

Мавқеи дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 11. Русия (дар ҷойи 12-ум буд). 47. Арманистон (44). 49. Украина (49). 53. Эстония (47). 69. Узбакистон (67). 68. Беларус (69). 74. Латвия (78). 89. Литва (91). 95. Гурҷистон (74). 110. Озарбойҷон (116). 131. Тоҷикистон 145). 137. Қазоқистон (142). 142. Молдова (143). 142.Туркманистон (166). 195. Қирғизистон (192).

Дастаи миллии Испания байни 208 тими миллӣ мисли пешин дар феҳристи навини FIFA дар ҷои аввал аст. Олмон дар ҷои дуввум ва Уругвай дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Ҳолланд, Португол, Бразил, Инглистон, Хорватия, Дания ва Аргентина ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 18-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Австралия (дар феҳристи ҷаҳонӣ 21-ум), Ҷопон (30), Кореяи Ҷанубӣ (31), Эрон (51), Чин (66), Узбакистон (69), Ироқ (70), Урдун (81), Қатар (84) ва Кореяи Шимолӣ (86).

Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.
XS
SM
MD
LG