Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухлисони "Равшан"-ро аз ҳаводорӣ маҳрум кардаанд


Бо овози баланд ва аз ҷой бархоста мухлисӣ намудани ҳаводорони дастаи футболи "Равшан" дар варзишгоҳи марказии Кӯлобро манъ кардаанд.

Маъмурони пулис ҳангоми бозии дастаи "Равшан" бо тими "Зарафшон"-и Панҷакент, ки дар даври аввали бозиҳои Лигаи олӣ рӯзи 8-уми апрели соли ҷорӣ баргузор шуд, аз ҳаводории мухлисон ҷилавгирӣ карда, ҳушдор додаанд, ки дар сурати такрори чунин амал онҳоро ҷарима хоҳанд баст.

Бо шикоят аз чунин амали кормандони милиса даҳҳо мухлиси дастаи "Равшан" ба Радиои Озодӣ муроҷиат карданд. Дилшод, ҷавоне, ки худро аз ашаддитарин мухлисони "Равшан" медонад, гуфт, рафтори кормандони милиса дар ин бозии охир барояшон ғайричашмдошт буд. Ӯ мегӯяд, "мо нав фаҳмидем, ки дар вақти мухлисӣ аз ҷой хеста мухлисӣ кардан дар Кӯлоб манъ будааст. Дар ҳамин бозии охир ба се мухлис як милиса рост меомад, ки намедонам, барои чӣ чунин карданд. Аммо футбол бе мухлису бе аз ҷой хестан маънӣ надорад. Агар онҳое, ки дашному дигар кор мекунанд, онҳоро манъ кунанд, вале ҳамаро гап задан нагузоштан аз рӯи мантиқ нест."

Султон, як мухлиси дигар мегӯяд, ин рафтори кормандони милиса дар ҳоле буд, ки ахлоқи мухлисон хеле боло рафтааст ва замони ахир ҳеҷ бадахлоқие аз ҷониби онҳо мушоҳида нашудааст. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳузури зиёди кормандони милиса бо дастгоҳҳои наворбардориро мухлисон як навъ таҳқир ба шаъни худ ҳисоб мекунанд. "Инро дида мо фикр мекунем, ки онҳо моро террорист ё ягон гурӯҳи вайронкор ҳисоб мекунанд. Ҳар лаҳза ба сари мухлис дод задан ҳам хуб нест. Онҳо набояд мухлисонро бо дашному ҳақорат асабӣ кунанд",-афзуд ӯ.

Сулаймон, мухлиси дигар мегӯяд, агар вазъ чунин идома кунад, "Равшан" мухлисонашро аз даст хоҳад дод: "Рустами Эмомалӣ дар як баромадаш гуфт, футболи тоҷикро ҳаводорони "Равшан" зинда карданд. Пас, ӯ набояд иҷоза диҳад, онҳое, ки футболро зинда кардаанд, ҳавасҳояшонро бикушанд."

Дар ҳамин ҳол, як навбатдори шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб гуфт, назорати ҷиддии кормандони милиса танҳо ба хотири нигаҳдории низому субот аст, ки дар бештари маврид аз ҷониби мухлисон риоя карда намешаванд. Баҳром Рустамов, сардори дастаи "Равшан"-и Кӯлоб мегӯяд, дар вақтҳои охир одоби ҳаводории мухлисон боло рафтааст ва ӯ умедвор аст, ки дигар аз ҷониби онҳо ҳеҷ бетартибӣ рух намедиҳад.

Дар моҳи июни соли гузашта ҳангоми бозии "Равшан"-у "Истиқлол" беназмӣ ба амал омада буд, ки дар пайи он садҳо мухлис ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Дастаи футболи "Равшан"-и Кӯлоб аз сермухлистарин дастаи футболи Тоҷикистон дониста мешавад.

Пас аз даст кашидани "Агроинвестбонк" аз сарпарастии ин даста, ҳоло сарпарастии онро бозори "Ҳоҷӣ Шариф"-и Қӯрғонтеппа ва ширкати "Фароз" ба дӯш гирифтаанд. Сарпарастони нави дастаи "Равшан"-ро наздикони президенти кишвар медонанд, ки бо ташвиқи Рустами Эмомалӣ, президенти федератсияи футбол ба ин даста кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG