Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Театрҳои Тоҷикистон: Айб дар бинанда ё ҳунарманд?


Бинои Театри давлатии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ дар Душанбе

Бинои Театри давлатии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ дар Душанбе

Ҳамасола рӯзи 27-уми март ба унвони Рӯзи ҷаҳонии театр таҷлил мегардад.

Ҳунарпешаҳои театри ба номи Абулқосими Лоҳутӣ "рӯзи ҷаҳонии театр"-ро дар як гӯшаи начандон бузурги бинои он бо ҳам таҷлил карданд. Онҳо бештар на аз ҳузури камранги мухлисон дар намоишномаҳо, балки аз фарҳанги тамошобинон изҳори ташвиш менамуданд.

“Тайи як даҳсолаи ахир ҳузури бинандаи асили намоишномаҳои театр шадидан коҳиш ёфта, толорро бештар онҳое пур мекунанд, ки на бо хоҳиши худ, балки иҷборан ба театр сафарбар мешаванд” - мегӯяд яке аз ҳунарпешаҳои шинохтаи ин театр Ортиқи Қодир.

Ортиқи Қодир, ҳунарпешаи театр

Ортиқи Қодир, ҳунарпешаи театр

Гирифториҳои иҷтимоӣ ба мардум имкон намедиҳад, ки озодона ба толори театр биёяд ва аз ҳунари устодони санъат ҳаловат бубаранд. Ин аст, ки маъмурони театр маҷбур мешаванд, талабаҳои мактаб ва донишҷӯёни баъзе аз донишгоҳҳоро ба тамошои намоишномаҳои худ ҷалб кунанд: "Шумо тасаввур кунед, вақте саҳна торик мешавад, бинанда, яъне талабаҳои мактаб фарёд мезананад, садо баланд мекунанд, ҳуштак мекашанд. Ин, албатта, табъи ҳунарпешаҳоро хира мекунад."

Тамошобинони маҷбурӣ маъмулан ба ҳунари устодон арҷ намегузоранд ва дар бисёр маврид телефонҳои дастии худро дар толор рӯшан нигаҳ медоранд, баланд сӯҳбат мекунанд ва ба ҷараёни намоишнома халал мерасонанд. Борҳо шудааст, ки ҳунармандон дар авҷи намоиш аз тамошобинони маҷбурӣ хоҳиш кунанд, ки ба хомӯшӣ риоя намоянд.

Исо Абдурашидов, ҳунарманди маъруфи Тоҷикистон, мегӯяд, толор тақрибан дар ҳамаи намоишномаҳо пур аст, вале дар бисёр ҳолат рафтори бинанда ҷараёни бозиҳои намоишномаҳоро беарзиш мекунад: "Аз бачаҳо хоҳиш мекунем, ки телефони ҳамроҳи худро хомӯш кунанд, лекин намекунанд. Ҳамин ки саҳна торик шавад, доду вой мебардоранд, ки гӯиё дар кадом тӯй нишастаанд. Медонед, мутаассифона, мо - актёрҳо ҳам айб дорем. Қаблан бо хонандагон, донишҷӯён, бо ҳамаи намояндаҳои ҷомеа вохӯрӣ доштем ва фарҳанги театрро мефаҳмонидем. Дар мактабҳо дар бораи театр дарс дода мешуд, чунки фарҳанги театр фарҳанги хос аст, вале ҳоло чӣ?"

Аммо баъзе аз ҷавонон сабаби камтаваҷҷӯҳӣ ба намоишномаҳо ва театрро дигаргуна шарҳ медиҳанд. Онҳо мегӯянд, намоишномаҳое, ки дар театрҳои Тоҷикистон нишон дода мешавад, қобили дарку фаҳми онҳо нест ва ба зиндагии ҷавонон таъсир надоранд.

Баҳман Муродов, яке аз ҷавонон мегӯяд, аксари ҷавонон ҳар ҳафта барои тамошои сериалҳои туркӣ то се ва чаҳор наворҳои DVD мехаранд, яъне инҷо мушкили молӣ нест, балки мӯҳтавои намоишномаҳо ба завқи онҳо созгор намебошад: "Ҳар хонаводаи тоҷик, ки фиттаҳои сериалҳои туркиро харидорӣ мекунад, тавони ба театр омадан дорад. Вале масъала дар мӯҳтаво ва мазмуни намоишномаҳо ҳаст. Масалан, ман ҳавас дорам, ки ба театр биёям, аммо мавзӯе, ки таваҷӯҳи маро ҷалб кунад ва коргардоне маъруф ба саҳнагузорандаи намоишнома бошад, меравам."

Ҳамсӯҳбати дигари мо, ки худро Беҳзод муаррафӣ кард, мегӯяд, ҳоло Интернет барои вай театр аст. Ӯ дар интернет асарҳои ҷолиб, филмҳои ҷолибро, ки ба завқаш созгор аст, дарёфт мекунад. Ба назари вай, бояд театрҳо сатҳи драмаву намоишҳои худро беҳтар созанд.

Театри ба номи Абулқосими Лоҳутӣ, аз қадимтарин театрҳои кишвар аст ва бо вуҷуди мушкили молӣ талош дорад, репертуари худро ҳифз кунад ва намоишномаҳои тозаеро ба бинанда пешниҳод намоянд. Танҳо дар як соли ахир 156 намоишномаҳои мухталифи рангин дар саҳнаи Лоҳутӣ намоиш дода шудааст.

Ибодуллоҳ Машрабов, мудири кулли театри ба номи Лоҳутӣ.

Ибодуллоҳ Машрабов, мудири кулли театри ба номи Лоҳутӣ.

Мудири кулли театр Ибодуллоҳ Машрабов мегӯяд, ҳунарнамоии артистони касбӣ танҳо дар саҳнаи театри Лоҳутӣ маҳдуд намешавад. Онҳо бо сафарҳои ҳунарӣ ба манотиқи дигар рисолати худро, ки ҳунардӯсту фарҳангӣ кардани мардум аст, ба ҷо меоранд: "Барои он ки сатҳи фарҳанги мардум ба фарҳанги хоси театр мувофиқ карда шавад ва ё наздик карда шавад, мо бо намоишномаҳои худ, масалан бо намоишномаи як адиби Чин, ки ин намоишнома "Раъду барқ" унвон дошт, ба навоҳии Рашту Тавлидара ва Лахш рафтем. Мардум хело хуб онро қабул карданд. Як намоишномаи дигарро ба вилояти Суғд бурдем ва 15 рӯз ин намоишнома мечархид. Яъне ба театр ҳархел бинанда меояд."

Ҳоло масъалаи фарҳанги бинанда, ба яке аз масоили ҷиддии театрҳо табдил шудааст. Агар аз як ҷониб театрҳо кӯшиш кунанд, ки бо ҷалби талабаҳо ва донишҷӯёни макотиби олӣ билетҳои худро бифурӯшанд, аз тарафи дигар барои бинандаи сини мактабӣ пешкаш кардани намоишномаҳои ҷиддии таърихӣ ва фалсафӣ мувофиқат намекунад.

Чунин вазъро тақрибан аксари ҳунарпешаҳо ва ходимони театр тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, ки барои пайдо намудани бинандаи асили театр, ки бо хоҳиш ва пои худ ба театр ояд, бояд Вазорати фарҳанг ва маорифи кишвар барномаҳои хосе рӯи даст бигиранд то ин, ки аз синни мактабӣ таълиму парваришро дуруст ба роҳ гузоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG