Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Б.Абдураззоқов: "Театр рисолаташро гум кардааст"


Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо Барзу Абдураззоқов-коргардони шинохтаи тоҷик.

Суол: Фикр мекунед нақши театр ва ҳузури он дар ҷомеаи Тоҷикистон то чӣ ҳадд эҳсос мешавад?

Ҷавоб: На, эҳсос намешавад. Чун театр як чизи зинда аст ва дар он одамони зинда кор мекунанд. Ин одамони зинда чун хона мераванд чароғ надоранд, маош надоранд ва дардҳои зиёде доранд, ки қариб ҳар як шахс дар Тоҷикистон низ онҳоро дорад. Имрӯз мавқеи аслии театр, ҷойгоҳи он гум шуда аст, ҳамчунон ки мавқеи адабиёт. Бубинед ҳоло дар Тоҷикистон қариб, ки ҳеҷ кас ба китобхона намеравад. Ҳатто газета намехонанд. Аммо як ба Бишкек нигоҳ кунед, ки дар қашшоқӣ аз мо камтар нест. Қариб 10 мағозаи олиҷаноби фурӯши китоб дорад. Дар Душанбе чӣ? Ҷойи китобфурӯшӣ дӯконҳои хурду гузаргоҳҳо шудааст. Имрӯз театр рисолати худашро гум кард, чун дигар гапи гуфтанӣ ҳам надорад:-ё

дурӯғ мегӯяд ва ё таъриф мекунад. Театр бояд мавқеи худашро дошта бошад, зеро он макон ва ҷойи эҷоду эҷодкор, ақлу фикр, муқоиса, мушоҳида ва мутолиа аст. Адами мавқеъ дар ин синну соли мо фикр мекунам як кори хеле аблаҳона аст. Театре, ки аз тарс, аз беҷуръатӣ кор намекунад ва ё аслан ҳарфи мегуфта надорад, он театр нест.

ТАРСИ ТЕАТР АЗ ЧИСТ?

Суол: Театр аз чӣ метарсад?

Ҷавоб: Театр вобастаи ҳукумат аст. Буҷеташ аз ҳукумат аст ва ҳарчи, ки мекунад пайваст бо вазорати фарҳангу молияву ҳукумат аст. Ғайр аз ин драмматургия нест. Дар кори мо ҳама чиз аз драмматургия маншаъ мегирад. Имрӯз ҳам фарҳанги театр ва ҳам адабиёт-осори саҳнавӣ, мавқеи худро гум кардаанд. На инаш чизе рӯи саҳна меорад ва на онаш чизе менависад. Балки на ин ва на он намедонанд, ки чӣ нависанд. Ҳар чизе, ки имрӯз дар саҳнаҳои театри Тоҷикистон мебинед онҳо моли таъриханд.

"МУҲОҶИРОН"-РО МАНЪ КАРДАНД

Суол: Як асаре бо номи “Муҳоҷирон” рӯи саҳна гузоштед, ки минбаъд тамошои он манъ карда шуд. Чаро?

Ҷавоб: Ман намедонам. Асар асари хеле хуб аст ва классикаи ҷаҳонӣ ҳисоб мешавад. Аввалан ин асари тоҷикӣ нест. Ин асарро соли 70-ум Славмир Мрож, классики драматургияи чаҳонӣ аз Лаҳистон таълиф кардааст. Воқеа дар як таҳхона дар Олмон мегузарад. Яъне зиндагии ду нафар муҳоҷири лаҳистонӣ дар Олмон-ду гастарбайтер. Пеши Нур Табаров рафтам ва гуфтам, ки устод ман мехоҳам ин асарро рӯи саҳна оварам ва ин ду нафар муҳоҷир тоҷикон бошанду ҳодиса дар Русия рух диҳад. Каркаси асосии намоишро омода ва матни онро пурра тоҷикӣ кардем. Яъне ин ду муҳочири тоҷик дар задухӯрдҳои фикриву ақлониву идеоложӣ ба ҳам мезананд, ки якеаш муҳоҷири сиёсӣ ва дигарӣ як нафар муҳоҷири оддӣ, деҳқонбача. Мо хеле аз проблемаҳоро онҷо бардошта будем. Мо ҳама дардҳоро онҷо ворид кардем. Фикр кардам, ки ин як

чизи фоидаовар мешавад ва дар бисёр ҷойҳои дигар онро намоиш медиҳему бо мушкилоту дардҳои худ оламиёнро ошно месозем. Аммо намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки онро на дастгирӣ балки намоиши онро манъ карданд. Афсӯс, ки нафаҳмиданд.

Суол: Кӣ манъ кард?

Ҷавоб: Ба вазорати фарҳанг пеш аз намоиши асар ҳамеша даъватнома мефиристем, аммо касе наомад ва омадан ҳам нахост. Сиёсатро инҷо набояд ҷуст. Як ҳисси кунҷковӣ бояд бошад дар вазорат. Ҳар эҷодкор ин ҳиссро бояд дошта бошад. Мисол агар Шумо чизе нависед, барои мисол шеъре нависед, ман ҳарчанд шеършинос нестам, аммо ҳисси кунҷковӣ маро таҳрик медиҳад то бихонам, ки Шумо чӣ навиштаед. Бигузор манъ кунанд, аммо дидан шарт буд ин асарро. Афсӯс, ки дар вазорат ҳисси кунҷковӣ нест. Чунки ин асар як манифести мо буд, манифести тоҷиконаи ман буд. Ин як қарзи шаҳрвандии ман буд, ки чунин як асарро рӯи саҳна меовардам... Дигар он рафт... таъсир надорад.

Суол: Аммо талош накардед ҳадди ақал барои худ сабабашро бифаҳмед, ки чаро манъ карданд?

Ҷавоб: Вақте “Девонагӣ. Соли 1993”-ро манъ карда буданд, талош кардем. Хеле. Худатон шоҳид будед, ки дар матбуоту расонаҳои дохиливу хориҷӣ–BBC, “Озодӣ” нашрияҳои мустақил: “ Фараж”, “ Миллат”, “Нигоҳ”, “Озодагон” ва “ Азияплюс” дар ин бора дар ҳар шумора дар ҳар барнома мегуфтанд, ки “Девонагӣ”-и Барзуро манъ карданд. Мубориза бурдем ва ниҳоят пешкаши тамошобинон ҳам шуд, албатта бо тағйироту ислоҳот. Аммо...театр сӯхт ва ҳамаи асбобу абзори мо ҳам сӯхт, афсӯс. Вақте бо “Муҳоҷирон” низ аз ин усул истифода карданд ман дигар натавонистам мубориза барам. Аммо ман рафтам назди чанд роҳбарони театрҳову гуфтам, ки хоҳиш мекунам ин намоишро гиред, намоиши хуб аст ва метавонед бо он дар тамоми фестивалҳои ҷаҳон ширкат кунед. Қурбони Собир ва Нозим Меликов дар он хеле олӣ бозӣ карда буданд. Ман аз ин зиёд талош накардам, чунки дар ягон театр онро қабул накарданд, касе маро дастгирӣ накард. Мо намоишро дар маркази Бактрия нишон медодем. Ҳар ҷо, ки бурдам аз ақибам омада онро нагузоштанд, ки намоиш дода шавад.

"ТОҶИК ДИГАР КИТОБ НАМЕХОНАД."

Суол: Дар аввали сӯҳбат нороҳатӣ кардед, ки мардум китоб намехонанду як китобхонаи дурусте ҳам надорем. Дар замони Истиқлолият мо мебинем, ки дар ҳама шаҳрҳои Тоҷикистон ва хусусан дар Душанбе шумораи тарабхонаҳо ин қадар зиёд шуданд ва дар ҳоли афзоишанд, аммо то ҷое, ки огоҳем соҳибони онҳо на тоҷирон, балки аксарият мансабдорон ҳастанд. Чаро онҳо як корхонаи ҳадди ақал хурд ва ё ба гуфти Шумо китобхонае намесозанд? Назари Шумо чӣ аст дар ин бора?

Ҷавоб: Чунки танҳо дар бораи ҳамин рӯз фикр мекунанду халос. Китобхона ба онҳо саривақт фоида намеоварад, чун он фоидаи маънавӣ медиҳад ба инсон. Саҳар меҳмонхона месозанд, то ки шом аз он фоида бинанд. Театр ба онҳо фоида намедиҳад. Масалан дар Алмаато як шабакаи дӯконҳои китоб мавҷуд аст ба номи Гуландан, ки Гуландом аст аслан. Моҳи декабру январ ман онҷо будам ва ин китобхона дар зери хонаи ман буд. Рӯзе, ки бекор будам, медаромадам онҷо саҳар то бегоҳ мемондам, вале ним карда наметавонистам. Фақат барои як рафи китобҳоро дидан ними рӯзат сарф
мешавад, варақ мезанӣ, ягон ҷумла аз он китобҳо менависӣ бо нафаре ҳамсӯҳбат мешавӣ... Чӣ лаззате дорад миёни китобҳо будану китобхонӣ кардан. Аммо бойҳои мо фарҳанги китобхонӣ надоранд. Ҳозир дар майдони асосии шаҳр китобхона сохта истодаанд. Аммо китоби барои ин китобхонаро мисли Роғун бо ҳашар ҷамъоварӣ карданианд. Ман сад дар сад мутмаинам, ки касе китоби хуби хонаашро бурда ба китобхона намесупорад. Маъзарат мехоҳам, аммо ҳама мусор мебиёранд. Дар мисоли худи мо. Ҳар як актёр муваззаф шуда, ки 40 адад китоб супорад. Ба наздикӣ рафтам ба назди як дӯстам, ки роҳбари театр аст. Мебинам ранги рӯяш паридаву лабонаш пуркида. Ӯ ба нафаре бо илтиҷо мегуфт, ки хоҳиш мекунам, боз чанд рӯзи дигар сабр кунед, то ки ҳазору дусаду чандтои дигар китоб ҷамъ кунам, мардум дигар китоб надоранд. Аз он тараф садо баланд шуд, ки ҳатман бояд ёбиву нақшаро пур кунӣ. Бубинед фарз кардем, ки ман соҳиби китобхона бошам. Назди ман оянду гӯянд, ки китобҳоятро деҳ. Охир, бародарон ман ин китобҳоро бо пули донишҷӯиям, тин ба тин ҷамъ карда харидаам. Китобҳои хеле нодир дорам. Аммо ман китобҳоямро намедиҳам, балки ба фарзандонам медиҳам. Донишҷӯёну шогирдон аз ман зиёд китоб мепурсанд. Ман мегӯям бин, маъқул кун ва бо худ бибар фақат хон. Агар бо ин роҳ ва бо чунин китобҳои нодаркор китобхона сохтанӣ бошем шахсан барои ман лозим нест.

"МАН ДИГАР ТВТ-РО ТАМОШО НАМЕКУНАМ"

Суол: Шумо ба хориҷи кишвар зиёд сафар мекунед. Барои муқоиса кардан ҳам таҷрибаи зиёд доред. Албатта ҳоло моҳвора корро осон кардааст. Аммо телевизионҳои Тоҷикистон танҳо чеҳраи як нафарро нишон медиҳанд ва ҳама корро ба он як нафар мансуб медиҳанд. Фикр намекунед чунин роҳи таблиғот дилбазан мешавад барои тамошобин. Оё Шумо шабакаҳои Тоҷикистонро тамошо мекунед?

Ҷавоб: Ман, Шумо ва ягон нафар тоҷики дигар, вақте ҳарфи диламонро, сухани ростро, ки ҳар рӯз мебинем бигӯем аз мо душман месозанд. Барои чӣ? Онҳо фикр мекунанд, ки агар фикри мо ба ТВТ ё ба рӯзномаҳои “Садои Мардум” ва “Ҷумҳурият” дуруст наомад, мо душмани миллатем. Ё дигар “вовчик” мешавем ва ё ҷосуси кадом мамлакате.( инҷо механдад). Онҳо фикр намекунанд, ки мо фарзанди ҳамин сарзамин ҳастем ва дар вақти лозима аз онҳо дида зиёдтар аз ин Ватан дифоъ метавонем кардан ва шукри Парвардигор кардем то ин дам. Дар шиносномаи ман ҳар ҷое, ки рафтаму ҷоизаҳо ҳам гирифтам, тоҷик навишта шудааст. Дар ҳама афишаҳои намоишҳои ман дар ҳар ҷое, ки будам менависанд: Барзу Абдураззоқов-Тоҷикистон. Ростӣ ман аз ин чизро фаҳмонидан хаста ҳам шудам. Агар ман сарҳади Тоҷикистонро убур кунам яҳуд, уйғур, ӯзбак ва ё олмонӣ мешавам магар? Баргардем сари мавзӯъ. Ман дигар ТВТ-ро нигоҳ намекунам. Чун ҳар вақте, ки ин шабакаро рӯшан мекардам, фикр мекардам, ки ман аблаҳам. Аз он тарафи экран касе мегуфт, ки бародар ту аблаҳӣ, ту беақлӣ ва ҳар
чизе, ки ман мегӯям ин аст ақл. Ва ман дигар тарсидам. Он чизе, ки ба ман мегуфт маро ба даҳшат меовард. Ҳам намоиш, ҳам ахбор ва ҳам он очеркҳову филмҳое, ки нишон медиҳанд бо як мақсад аст :- ту тамошобин беақлӣ, бетафаккурӣ, бефарҳангӣ ва ин мо ҳастем, ки ба ту фарҳангро меомӯзонем. Гузаронданд. Агар ТВ-ҳои мо аз тариқи моҳвора мунташир намешуд, ин қадар азоб намекашидам, чун онро имрӯз оламиён мебинанд. Обрӯву эътибори миллатро резонида истодаанд. Ман шарм мекунам, аммо чӣ кор кунам, замин сахту осмон баланд.

"ЧУН ЭҶОДКОР НИСБАТАН ОЗОДАМ, АММО..."

Суол: Имрӯзҳо дар бораи Истиқлол зиёд мегӯянд ва ба наздикӣ ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Шумо дар замони Истиқлолият то чӣ ҳад худро мустақил эҳсос мекунед?

Ҷавоб: Барои эҷодкор мустақилият хеле муҳим аст. Новобаста ба равишҳои сиёсиву дигар чизҳо. Ҳамчу эҷодкор нисбатан озодам, аммо ҳамчун як шаҳрванди ин ҷумҳурӣ умуман озодиро эҳсос намекунам. Ҳар бегоҳ вақте бо духтарам Ҳанно ва занам Шоира берун мебароям, мебинам, ки озод нестам. Телевизион мебинам, озод нестам, рӯзнома мехонам озод нестам. Театр мераваму мавзӯъ мегирам ва ин мавзӯъ даҳҳо маротиба аз филтратсия мегузарад, озод нестам. Сензура ҳатто аз даврони шӯравии соли 37 бадтар шудааст. Вақте мо эҷодкорро то ба ин ҳад сахт меқапему меҷафем куҷо мемонад дигар озодӣ? Ҳар чизи классикӣ ҳама вақт сиёсӣ аст. Ҳатто “Мадам Баварӣ”, ҳатто “Золушка”-и Андерсон ва ё “Ҳамлет”-у“Тӯфон”-и Шекспир ҳамаи инҳоро ҳеҷ наметавон аз сиёсат орӣ донист. Классика бе сиёсат буда наметавонад.“Гулистон”-и Саъдӣ чӣ? Чунки дард дошт он мард. “Бӯстон” ҳам. Шоҳ аз раъияти худ як себ гирифт ва аҳли дарбор дарахтро мебурад ва агар як тухм гирифт одамонаш даҳ ҳазор мурғро қурбонӣ мекунанд. Инро Саъдӣ гуфтааст. Аммо ин чиз рӯи саҳна намеояд. Бубинед ҳамин ҳозир бо мошин омадем. Корманди БДА намегузорад бо роҳ гузарӣ ва ба паскӯчаҳо пиёда роҳ рафтем, ним соат зиёдтар дер кардем то ба корхонаи Шумо омадан. Аммо сабабашро нагуфт, ки роҳро барои чӣ бастаанд. Куҷо аст озодӣ? Милиса бояд мефаҳмонид, ки бародар, хоҳиш мекунам, мошинатро онҷо мон, барои он, ки фалону фалон кор ҳаст.

"ҲАМЕША ЭҲСОСИ ТАРС ДОРАМ."

Суол: Имрӯз дар кадом театри Тоҷикистон кор мекунед ва маъзарат агар ба иззати нафсатон бирасам, маоши шумо чӣ миқдор аст?

Ҷавоб: Ман чандин сол мешавад, ки аз Тоҷикистон маош намегирам. Ростӣ ду оила ба гардани ман астанд. Модарам, ки бознишаста аст ва ҷиянам, ки ҳамроҳи фарзандаш бо ман зиндагонӣ мекунанд. Худам се фарзанд дорам, ду писару як духтар. Баъди фавти хоҳарам, ду духтараш мисли духтарони худам ҳамроҳи мананд. Як бародар дорам, ки 11 сол мешавад дар Амрико зиндагӣ дорад. Аз Тоҷикистон берун рафтани ман ба ин хотир аст, ки ман бояд азизони худамро хӯронам ва каме ҳам бошад хешро инсон ҳис кунам. Мефаҳмед? Аҷиб, хеле аҷиб. Ман як вақт гуфта будам, ки вақте муҳоҷирони моро дар Русия мекушанд, аммо онҳо ҳанӯз пештар дар ҳаминҷо мурдаанд. Таҳқиру пастзанӣ дар вокзал, дар

аэропорт, дар қишлоқу шаҳрҳо. Дар ҳавопаймо таҳқир он тараф дар Домодедова ва ниҳоят мерасанду онҳоро мекушанд онҷо. Вақте ман дар ҳавопаймо мешинам, аз ҳамон лаҳза аз ҳама тарсу таҳқире, ки дар Тоҷикистон эҳсос мекардам озод мешавам. Аз соли 91 инҷониб маро тарс ба доми худ гирифтааст дар Душанбе. Ҳамеша эҳсоси тарс дорам. Як ҳисси интизорӣ дорам, ки ҳозир касе ба ман занг мезанаду аз балои баде хабар медиҳад, дар кӯча бошам ба худ фикр мекунам, ки пушти ҳо ҳамон гардиш ҳозир воқеае рух медиҳад.

"...БА ХУҶАНДӢ ЯК БОР ГУФТАН КОФӢ АСТ."

Суол: Шумо панҷ сол дар шаҳри Хуҷанд фаъолият кардед. Оё ягон тафовуте ҳаст миёни хуҷандиёну душанбегиён?

Ҷавоб: Ҳама ҷои олам ҷиҳатҳои мусбиву манфии худашро дорад. Акнун иҷозат диҳед бигӯям, ки чаро ман ба Хуҷанд рафтам. Вақте ки мо “Шабпарак хоб дид”-ро ба саҳна омода мекардем дар Хуҷанд ҳанӯз кор намекардем. Ин як намоиши муштарак буд. Як рӯз дар театр, баъде, ки ҳама рафтанд хона ба хона, ман онҷо мондам. Ҳатто чароғҳо ҳам хомӯш буданд. Ногоҳ як нафар даромад ҳуштаккашон, ки дар дасташ болға дошт. Оҳ, гуфтам ман ба худ, мабодо куҷоеро зада нашиканад ин бача. Даромад, аммо маро надид, чун ман дар торикӣ нишаста будам. Кофту кофту як мехчаро пайдо намуд, ки каме берун баромада буд. Рафту баъде муддати дар даст як қуттӣ гирифта омад. Ман дар ҳайрат мондам, ки ин чӣ девонае бошад ва инҷо чӣ кор карданӣ аст. Даромаду мехро пайдо карда онро кӯфту безарар кард ва пардаҳоро кашиду дуруст кард, ин тараф он тараф ҷумбиду ҳуштак кашида баромада рафт. Баъд ба худ гуфтам, ана ин аст театр. Ҳол он ки он мех ба касе халал намерасонид. Он дар саҳна, не балки пушти он буд. Танҳо ба хотири ҳамон бача онҷо мондам. Вақте даъват карданд ба Хуҷанд, бе дудилагӣ рафтам. Аҷиб ин аст, ки ба хуҷандӣ як бор гуфтан кофӣ аст. Масалан мо соати 8-и саҳар корро шурӯъ мекардем ва бегоҳ соати 9 тамом. Зиёд кор мекардем. Ман мегуфтам акаи Фаррух агар ҳамин прожекторро инҷо мегузоштем хеле хуб мешуд. Ӯ мегуфт Барзуҷон мо наметавонем, чун декоратсияҳоро бардоштем, магарам боз як рӯзи дигар декоратсияҳоро поин фарорем ва он прожекторро онҷо монем, ки барои ин ҳам вақт сарф мешавад. Мегуфтам, хайр боке нест. Дар дил афсӯс мехӯрдам. Саҳар соати 7 меомадам ва медидам, ки он прожектор ҷояш иваз шудааст. Кай онҳо ҷамъ шуданд, соати чанд хона рафтанд, ман намедонистам. Аз хурсандӣ дар болои саҳна ашк мерехтам. Дар он панҷ соле, ки ман дар Хуҷанд кор кардам ҳатто ягон маротибае набуд, ки як гапро ду бор такрор карда бошам. Зимистон чароғ надоштем, толор сард буд. Ҳатто мантировшикон ҳамроҳи ман то саҳар кор мекарданд ва боре ҳам нагуфтанд, ки охир акои Барзу ман 120 сомон маоши давлатӣ мегирам. Аз ин ҷиҳат кори хуҷандиҳо хеле олӣ буд.

ИСЛОМ РӮШНОИСТ

Суол: Ба наздикӣ қонуни нав қабул карда шуд, ки мутобиқи он чавонони то 18 сола аз ҳаққи намози дар масҷид маҳрум шуданд. Ба фикри Шумо рафтани ҷавонон ба маҷид чӣ хатар дорад, яъне чӣ сабаб шуда метавонад, ки чунин як қонунро бояд қабул кунем?

Ҷавоб: Биёед сари ин мавзӯъ ман аз дигар тараф сар кунам. Агар Шумо ҳозир ба хонаи ман биёед мебинед, ки рӯи миз китобҳои динӣ зиёд дорам. Боз чанд китоби дигари динӣ гирифтам, ки ҳоло ба мутолиаи онҳо бандам. Қуръон бо чанд намуд тафсирҳо, Инҷил, Таврот, ҳадисҳои Ал-Бухориву Муслиму Тирмизӣ, де-Далу Ҳаронги ва ҳар чизе, ки мебинам мекӯшам то ба дастам биёд. Вақте, ки Толибон омаданд ба Афғонистон шумо хуб хабар доред, ки чӣ кор карданд. Дини мубини Исломро ҷоҳил муаррифӣ карданд. Болои мардум ҷаҳолатро пеш оварданд. Аммо чизе, ки ман дидаму хондам

дар он ҷаҳолатро наёфтам. Вақте мегӯянд 18-сола ба масҷид наравад, ин як дурӯғ аст. Қапида наметавон инсони имондорро. Ба наздикӣ бо як нафар дар ҳамин бора сӯҳбат кардам. Ӯ бароям чизи аҷибе гуфт. Гуфт нафареро зиндонӣ карданд, ки барои ду писарбача сабақ медод. Ҳоло ӯ дар зиндон барои шашсад нафар дарс мегӯяд. Вақте Абдуҷаббор Раҳмонов занону духтарони ҳиҷобдорро маймун эълон мекунад, ё вақте мераванд дар донишгоҳҳову сатрҳоро аз рӯи духтарон мекашанд, ин ба фикри ман кори хеле нодуруст аст. Вақте мо фаҳмонидан хоҳем, ки ин роҳ нодуруст аст, пас бояд роҳи дигар, роҳи дурустро ҳам нишон дода тавонем.

Суол: Оқои Барзу оё мешавад барои муқаддасоту арзишҳои мардум алтернатива пайдо кард. Барои чӣ нисбати дини худ аз даврони шӯравӣ дида бештар динситезӣ мекунанд?

Ҷавоб: Он вақт ҳам буд бародар. Мо таърихро хуб медонем. Танҳо дар соли 1919 Ленин дар Маскав 330 калисоро тарконд. Мо медонем, ки соли 36-у 37-у 40 чиҳо шуд дар Русия. Ман ҳайронам, ки барои чӣ дарс нашуд, таҷрибаи Русия. Масалан шахспарастӣ. Мо имрӯз Куриёи шимолиро мебинем, Сталину Ленин чӣ оварданд. Мо дидем, Чаушеску чӣ шуд. Саддом Ҳусейн чӣ шуд ва ҳоло Ҳуснӣ Муборак.Аз мо чӣ? Фикр мекунанд, ки онҳо аз дунё кандаанд. Ман намедонам. Алҳамдулиллоҳ ман ҳам мусулмон ҳастам. Шукри Худо ҳарчанд, каме дер сар кардам, аммо намоз мехонам. Боз як воқеаи аҷиб. Дар масҷид фатво баровардаанд, ки агар ҳаво гарм бошаду дар сари кор бошеду вазнинӣ кунад метавонед об нӯшед. Барои чӣ? Барои он, ки дар пеш 20-солагӣ аст ва бояд объектҳоро супоранд.

"ТАРЗИ ИДОРАИ ДАВЛАТ БА НАФЪИ МАРДУМ НЕСТ"

Суол: Ба унвони як рӯшанфикр мегуфтед, ки тарзи идора дар Тоҷикистон то чӣ ҳад ба манфиати мардум аст?

Ҷавоб: Дар ин ҷое, ки мо нишастаем поёнтар кӯчаи Карл Маркс буд. Кӯчаи бачагии ман. Ман ин кӯчаро хеле дӯст медоштам, чун чинорҳо дошт. Ҳозир раведу бинед, ки онҷо дигар ягон чинор нест. Худи кӯчаи марказӣ чӣ? Ҳар коре, ки мекунанд ба фоидаи ману шумо нест. Дар Тоҷикистони гарм аслан дарахтро буридан гуноҳ аст. Ин ҳама корҳо ба ҳам пайванданд. Солҳои 40-ум дар Ҷопон заминларзаи хеле шадид шуду Токио фурӯ рехт. 20 дарсади буҷетро ба иқтисодиёт доданд ва 80 дар садашро ба фарҳанг. Бубинед, ки кӣ дар вазорати фарҳанг аст. Ин миллате, ки фарҳанги хеле қадимиву тӯлонӣ дорад метавонад вазораташ чунин бошад. Ва мо вобастаи чанд касе бошем, ки хату китоб намехонанд. Баҳс карда наметавонанд, сӯҳбат кардан наметавонанд. Ҳар ҷо, ҳар вазорате, ки меравед, кормандонош меноланд. Барои он, ки вазираш ҷоҳил аст. Одами қариб, ки кӯчагӣ аст. Вале хеш аст, табор аст, ҳамшаҳрӣ аст ва ё ягон чизи дигар. Пас куҷо инҳо метавонанд фарҳанг, иқтисодиёт, давлатро пеш баранд. Вақте ҳама ҷоро хешу табору ҳамшаҳрӣ фаро бигирад миллат обод намешавад, охир. Дар ҳар ҷо бояд мутахассис бошад.

ВАТАНХОҲӢ БА ГУФТОР АСТ Ё КИРДОР Ё ҲАР ДУ?

Суол: Пас инро чӣ тавр бифаҳмем, ки мегӯянд мо ин миллатро хеле дӯст медорем?

Ҷавоб: Бубинед инҷо як мисол меоварам. Чунки инҳо шиносномаи дипломатӣ доранду ҳамроҳи мо масалан аз нуқтаи назорати паспортии Домодедово, Внуково ва ё Пулково намегузаранд ва аз ин чиз хабар надоранд. Вақте шиносномаи тоҷикиатро медиҳиву ҳатман онро 15 дақиқа тафтишу бозҷӯӣ мекунаду баъд туро мебарад якҷову 15 дақиқа остиноту ҳама ҷоятро мекованд, нигоҳ намекунад, ки ту як одами фарҳангӣ астӣ, чунки номи тоҷик дигар бо ҳероину яроқу дигару дигар тавъам шудааст, он вақт аз тоҷик буданат шарм мекунӣ. Он вақт аз ватан шарм мекунӣ. Барои онки дар пеши ту аз ин гузаргоҳ арманиву озару ӯзбак ҳам мегузарад касе кордор намешавад. Онҳо озод мегузаранд. Аммо бубинед, ки бо мо чӣ муносибат мешавад? Барои чӣ ин хел? Фикр кунед. Барои он, ки мо дар инҷо аллакай хорем ва таҳқир як чизи муқаррарӣ шудааст барои мо. Писари хурдиам Каюмарс як рӯз вақте ҳодисаҳои

Манежная площадь дар Маскав рух медоданд, (ҳодисаи куштори як бачаи рус аз тарафи як доғистонӣ дар стадиони Спартак шурӯъ шуда буд) гуфт, дада биёед барои Шумо як чизро нишон медиҳам. Вориди Яндекс шудему дидем, ки чӣ гуна тоҷику қафқозиҳоро мезананд. Акнун бинед гуфт чеченҳо чӣ кор мекунанд. Мебинем, ки дар як шаҳрчаи Русия ҷамъ омадаанд, ҳама мусаллаҳанд ва парчами Чеченистонро ҳамроҳи худ оварда болои қариб сад мошин задаанд. Маркази шаҳри Маскав дар кӯчаи асосӣ омада роҳро бастанд ва шурӯъ карданд рақскуниро. На милиса, на ОМОН ва на дигар русҳо коре карда наметавонистанд. Ҳамагӣ 100 мошин буд. Ин аст ғурур. Метроро бастанду лезгинка рақс карданд ва нагузоштанд, ки онҷо ягон рус дарояд. Роҳ надоданд ба русҳо. Ин аст миллатӣ баору баномус. Тоҷик метавонад ин корро кунад? Ҳеҷ вақт. Чунки ӯ дар ватани худаш хор аст. Мо чунон мардуми соддаву бубахшед аблаҳем, ки ҳатто дар онҷо, дар як кишвари бегонаву аҷнабӣ муттаҳид нестем. Дар ҳамон ҷо ҳам мо ванҷиву панҷиву панҷакентиву айнигиву кӯлобиву ғармиву бадахшием. Метроро се кас бастанд. Ин аст ҷасорат. Соли гузашта ҳафт нафар қирғизро куштанд. Қирғизҳо то ба ҳадде водор карданд, ки Лужков баромада узр пурсид. Ҳамасола 600-650 нафар ҳаммиллатони моро онҷо мекушанд. Ин ҷанг аст бародар. Барои як ефрейтори яҳуд, Изроил Ливанро нест кард. Бале мо бо Русия наметавонем муқовимат кунем, бо Ӯзбакистон низ. Чечен ҳам наметавонад, аммо ғурураш ӯро намегузорад, ки сар фуруд орад. Дар муддати ин 20 сол биёед мардона иқрор шавем, ки мо натавонистем насли мустақилро тарбият кунем, балки фақат онҳоро дар ғарибӣ қурбон кардем.

БУБИН ТАВОФУТИ РОҲ АЗ КУҶОСТ ТО БА КУҶО

Суол: Ҳар сол ду навбат ҷавононро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват мекунанд. Писари деҳқон меравад, писари муаллим меравад, аз духтур меравад. Аммо чаро масалан писари президент ҷойи он ки дар сафи артиш хидмат кунад соҳиби мансаби баланди давлатӣ мешавад?

Ҷавоб: Бубинед ман ҳам сари чанбари мошин мешинам, шумо ҳам. Агар Шумо худое нахоста дар фосилаи чароғи сабз зард гузаштед аст милиса қапида хуниҷигар мекунад, ҷарима мегирад ва баъд ҷавоб медиҳад. Баъд, ки рафтед дастҳоятон меларзад, чунки ҳеҷ чизро исбот карда наметавонед, на қонунро на суханро. Ҳанӯз ҳоло шумо назди корманди БДА ҳастед, ки як ҷип чунон босуръат мегузарад, ки гӯиё чашми милиса онро намебинад. Аз пеши биниаш тоб медиҳад мошинашро, аммо милиса намебинад. Вақте мардум мебинад, ки барои нафаре мумкин асту барои дигарӣ на дигар як шароити револютсионӣ пайдо мешад. Вақте аз хориҷа омадам рӯзномаи “Азияплюс”-ро гирифта варақ задам. Писари раиси Суди Олӣ бо мошини БМВ як бо суръати сад километр як нафарро зада куштааст, аммо парвандаи ҷиноӣ

боз накардаанд. Барои чӣ? Барои он, ки ногаҳонӣ шуд. Касе намепурсад, ки соати 11-шаб бачае, ки ҳанӯз 24 сол дорад, даруни мошини 50 000 доллара чӣ кор мекард? Барои чӣ зиндонҳои Тоҷикистон пури ин гуна мутаҳҳамони “ногаҳонӣ” ҳастанд, вале ин “ногаҳонӣ” ҳисоб нест. Вақте мебинед, ки фарзандони мо наметавонанд бегуноҳии худро собит кунанд, масалан барои убур дар фосилаи чароғаки сабзу зард, аммо писарони онҳо соати яку дуи шаб дар хиёбону тарабхонаҳо мегарданд, аз ҳамин ҷо ноҳақӣ пайдо мешавад. Ҷоҳилӣ ҳамин аст, ки вақте фикр мекунӣ, кори туро касе намебинад. Яъне чӣ? Вазифа доштан маънои онро дорад, ки барои ман ҳама кори номаъқул мумкин аст? Ин аст маънои вазифа? Дар кӯчаву бозору рӯзномаҳо ҳама аз ин корҳо хабар доранд, дар ин бора ҳарф мезананд. Куҷое намеравед мардум дар ҳамин бора сӯҳбат мекунад, ки касе унвон гирифтааст, нафаре вазифа гирифтааст, фалонӣ замин гирифтааст... Это позитсия страуса ( шутурмурғ ). Сар даруни қум аст, дигар ҳама ҷо берун. Худо моро аз хун нигоҳ дорад. Мо серем аз ин чиз, аммо чунин як ҳолатро гӯиё махсус сохта истодаанд.

"ПСИХОЛОГИЯИ МАРДУМ БОЯД ТАҒЙИР КУНАД."

Суол: Чӣ чизро Шумо дар Тоҷикистон тағйир додан мехоҳед?

Ҷавоб: Психологияи мардумро. Рӯҳияву фикр. Як шиносам занг зада гуфт, ки барои шабакаи телевизионии” Евронюс” як ролик (навори таблиғӣ) сохтан даркор ва ба ман кӯмаки ту лозим. Ман гуфтам хуб, пас аз се соат занг мезанам, аммо занг назадам. Чӣ дорем, ки мо бо он ифтихор карда тавонему дигарон не? Кӯҳ, кӯҳ дар Шветсария ҳам ҳасту дар Қирғизистон ҳам. Кӯл. Онро ҳам қирғиз дораду ҳам ҷопониҳову ҳам шветсариягиҳо. Дарё дар бисёри мамлакатҳо ҳаст. Архитектураи хуб? Не, надорем, роҳҳои хуб надорем. Зебогӣ? Ман дар як мақолаам нависта будам, ки тоҷикони то соли 90 зебо буданду баъди он безеб шудаанд. Баъди ду рӯз ӯ занг зад, аммо ман гуфтам, ки бародар ман наёфтам он чизро. Бале, айб аст, аммо наёфтам ҳарчанд зиёд фикр кардам. Вақте ролики "Туркиш Эйрленс"-ро тамошо мекунеду мебинед ин ҳама баҳрҳову кӯҳҳои сабзро баъди инро дидан ман чӣ нишон дода метавонам, ки ягона ва беназир бошаду дар ҳеҷ куҷо набошад? Чӣ бозор. Он дар Тошканд ҳам ҳасту дар Алмаато ҳам. Ман бошам аз боғчаи кӯдакон оғоз мекардам корро. Мардуми нав месохтам. Намегӯям, ки аз рӯи Нитсше сверхчеловек( фавқулодам) месозам. Вақти шӯравӣ мо донишҷӯён ҷамъ шуда пул мепартофтем, то ки дар ягон ресторан нишинем. Ҳамроҳи мо рус ҳам буду латиш ҳам буду қазоқ ҳам буду гурҷиву дигару дигар ҳам. Як гурҷӣ вақте ба ресторан медаромад (агар Мимино ба ёдатон бошад), пешхизматон назди ӯ медавиданд. Ҳамон пулро мо ҳам доштем он вақт. Аммо чӣ хел ӯ ба ресторан медаромад. Агар чор нафар бошанд дигар ҳама пешхизматон назди онҳо мерафтанд. Имрӯз ҳатто бо миллионерҳои мо чунин муносибат намекунанд. Он ғурур аз мо гум аст. Ғурури хубро дар назар дорам, ки ман ҳам бигӯям ман тоҷикам ва ман ғурур дорам. Ба наздикӣ дар як фестивал иштирок кардем. Хеле комплименти хуб-сухани хуш шунидам. Арманиҳову дигару дигарҳо ҳам буданд. Вақте навбати мо омад, мутахассисони театри Маскав гуфтанд:- нет, нет мы не будем говорит о таджиках. Они как бразилцы в футболе. Их не чего обсуждать.

Ҳолномаи Барзу Абдураззоқов

Барзу Абдураззоқов-коргардони маъруфи тоҷик 52 сол дорад. Дар хонаводаи аҳли ҳунар ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи режиссёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода дохил ва соли 1980 онро ба анҷом мерасонад. Сипас таҳсилро дар Донишкадаи давлатии ҳунарҳои театрии ба номи Луначарскии шаҳри Маскав идома медиҳад. Дар ҷараёни омӯзиш дар Маскав бо даъвати вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар соли 1985 дар театри мусиқӣ- мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа барои аввалин бор аз рӯи асари «Зоғ»-и Карло Готсе бо номи «Сафед, сурх ва сиёҳ» намоишномаеро ба саҳна мегузорад. Чанд муддат дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият мекунад. Баъдтар бо коргардони дигари тоҷик Валерий Аҳадов дар шаҳри Душанбе театри «Нимҷазира»-ро ташкил медиҳад. Аммо бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ кори ин театр бо гузоштани ду намоиш қатъ мешавад. Вале тӯли ин ҳама солҳо Барзу Абдураззоқов ба унвони як коргардони маъруф ва чирадаст на танҳо дар Тоҷикистон, балки хориҷ аз он низ эътироф мешавад. 54 намоишномаи ӯ дар саҳнаҳои театри Русия, Олмон, Фаронса, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон Узбакистон ва чандин кишвари дигар пешкаши тамошобин шуда ва худи ӯ барандаи даҳҳо шоҳҷоиза ва ҷавоизи асосии ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ мешавад. Беҳтарин намоишномаҳои ӯ дар саҳнаи театрҳои тоҷик «Девонагӣ. Соли 1993», «Найрангҳои Абдуи Хуҷандӣ», « Шабпарак хоб дид», «Чор дареш», «Антигона», «Оттелло», «Ҳайвонотхонаи шишагӣ» -анд, ки бо истиқболи гарми тамошобин рӯбарӯ шудаанд. Барзу соҳиби ду писар ва як духтар аст.
XS
SM
MD
LG