Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҷашнвораи театрҳои "Парасту-2011", понздаҳ театри касбӣ ва дусад ҳунарманд иштирок карданд.

Дар ин озмун беҳтарин намоишномаҳои драманависони тоҷик, ки дар тӯли 20 соли истиқлол рӯи саҳна омадаанд, ба намоиш гузошта шуд. Ин саҳнаҳо таърих, фарҳанг ва мушкилоти доғи ҷомеъаи Тоҷикистонро инъикос карданд.

Дар Тоҷикистон 17 театри касбӣ мавҷуд аст, ки ҳар яке аз 20 то 50 нафар ҳайъати эҷодӣ дорад. Бӯҳрони молиявӣ дари ин даргоҳҳои ҳунарро ҳам кӯфтааст. Шароити корӣ ва вазъи ҳунармандон агарчи дар маҷмӯъ хуб арзёбӣ намешавад, аммо вобаста ба мавқеъи ҷойгиршавиашон, аз ҳам фарқ мекунанд. Театрҳои пойтахт ва марказҳои вилоёти кишвар ба назар зебо ва ҳунармандонашон имкони бештари даромад ва рушдро доранд. Маоши миёнаи як ҳунарманд ҳудудан аз 300 то 500 сомонӣ аст. Имрӯз ҳам онҳо ғолибан аз либосҳои саҳнавӣ ва таҷҳизоти техникии аз замони шӯравӣ мерос монда истифода мебаранд.

Вазъи молии ҳунармандон аз омадани тамошобинон ба театр сахт бастагӣ дорад. Ҳарчанд ҳар сол театрҳои касбӣ аз 4 то 6 намоишномаи нав ба саҳна мегузоранд ва соли гузашта шумори ин саҳнаҳо ба 47 адад расидааст, аммо толорҳои нимахолӣ наметавонанд масрафоти онҳоро ҷуброн кунанд. Ҳунармандони касбӣ маҷбур мешаванд беҳтарин саҳнаҳои худро танҳо барои доираи хурди мухлисон ё ҳамкасбони худ таҳия кунанд:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG