Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷойи пиронро ба ҷавонон медиҳанд. Ҳоло дар театрҳо


Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе

Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе

Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маоши иддае аз ҳунармандони ин театрро як баробар коҳиш додааст.

Ибодулло Машрабов, раҳбари театри ба номи Лоҳутӣ бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, “маоши ҳунармандонеро, ки синнашон аз 70 гузаштааст, коҳиш додем.”

Ӯ ҳадафи аслии ин иқдомро ҷалби бештари ҷавонон ба театр хонд.

"Солҳои охир мушоҳида мешавад, ки ҷавонон ба сабаби поин будани маош театрро тарк мекунанд. Ба ин далел, ба хулосае расидем, ки маоши ҳунармандони кӯҳансолро кам ва маоши ҷавононро бештар кунем”,-илова кард Машрабов.

Ибодулло Машрабов

Ибодулло Машрабов

Раҳбари театри ба номи Лоҳутӣ гуфт, ҳамакнун маоши ҳунармандони кӯҳансол аз 300 сомонӣ ба 150 сомонӣ поин оварда шудааст, ки ба ин гурӯҳ шахсиятҳои саршиноси театр - Хайрӣ Назарова, Носир Ҳасанов, Марям Исоева, Фотима Ғуломова ва бархеи дигар шомиланд. Дар муқоиса, маоши ҳунармандони ҷавон то ба 550 сомонӣ расидааст, ки ба гуфтаи ӯ, имкон хоҳад дод, то онҳо бештар ба театр ва намоишномаҳо ҷалб шаванд.

Чунин тасмими раҳбарияти театри Лоҳутӣ мояи нигаронии бархе аз ҳунармандон шудааст. Нуруллоҳи Абдуллоҳ, ҳунарманди саршиноси театр дар ин бора гуфт, “ин тасмим бисёр нодуруст аст. Мо дар он ҷаласае, ки ин тасмим гирифта шуд, нигаронии худро баён кардем. Ин иқдомро ман “ришханде ба суроғаи ин пирони театр” маънидод мекунам.”

Иддаи дигар аз ҳунармандон низ ба ин боваранд, ки иқдоми ахири раҳбарияти театр дар нисбати чанд тан аз саромадон ва бузургони театри ба номи Лоҳутӣ на танҳо зарари маънавию равониеро барои онҳо ба дунбол хоҳанд дошт, балки ин амр метавонад ба фаъолияти бақияи ҳунармадон ва дар маҷмӯъ кори театр латма ворид кунад.

Нуруллои Абдулло

Нуруллои Абдулло

Ҳарчанд масъулони театри Лоҳутӣ мегӯянд, ин тасмим дар шӯрои бадеии театр ва бо иштирок ва розигии худи ҳунармандони кӯҳансол гирифта шудааст, аммо ҳуқуқдонҳо чунин амреро мухолиф ба қонуни меҳнат арзёбӣ мекунанд.

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқдони тоҷик гуфт, “дар ин маврид худи корхона ин ҳақро надорад. Чун театри Лоҳутӣ низ давлатӣ аст ва бояд қарори лозима аз сӯи ҳукумат ва ё мақомоти давлатӣ дар ин замина бошад, ки театр бар асоси он амал кунад. Ин гуна санад, ки нест, иқдоми театр хилофи қонун аст.”

Вале Юсуфҷон Воҳидов, мудири шӯъбаи кадри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон амалкарди раҳбарияти театри Лоҳутиро қонунӣ донист. Ин масъули вазорати фарҳанг гуфт, “дар Кодекси меҳнати Тоҷикистон омадааст, ки бо нафақахӯрон тариқи шартномавӣ муносибати меҳнатӣ ба амал бароварда мешаванд.”

Дар акс: Шӯҳрат Қудратов (аз тарафи рост)

Дар акс: Шӯҳрат Қудратов (аз тарафи рост)

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Юсуфҷон Воҳидов, аз ҷониби гурӯҳе аз ҳунармандони ҷавон дар заминаи пайдо кардани ҷойи корӣ ва шароити мусоиди театрӣ муроҷиатномае низ ба вазорат ирсол шудааст.

Аз миёни бештар аз 10 театри Тоҷикистон нахустин шуда, раҳбарияти театри ба номи Лоҳутӣ, ба манзури танзими фаъолиятҳои корӣ иқдомеро ва он ҳам ба истилоҳ хира кардани табъи саромадони театри тоҷик рӯи даст гирифт. Дар ҳоле ки ба гуфтаи бархе аз ҳунармадон, театри рақами 1-и Тоҷикистон се сол боз саркоргардон ё саррежиссёр надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG