Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Амрико дар паёми наврӯзияш гуфт, бояд “девори электронӣ”-и режими Эрон фурӯ афтад.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама иди Наврӯзро ба ҳамаи наврӯздорон дар саросари ҷаҳон, “аз Амрико то ҷанубуғарби Осиё” табрик гуфт ва барои мардуме, ки дар таҷлил аз Наврӯз дар ҷомеаҳо ва хонаҳои худ ҷамъ меоянд, беҳтарин орзуҳо фиристод. Сипас, ба мардуми Эрон рӯ овард ва гуфт, Наврӯз замоне фаро мерасад, ки байни ду кишвари Иёлоти Муттаҳида ва Эрон ташаннуҷ идома дорад, аммо мардум сари мизҳои хонаводагӣ ҷамъ меоянд, корҳои хайр анҷом медиҳанд, аз фасли нав истиқбол мекунанд, чизҳои инсоние, ки ҳамаро ба ҳам монанд мегардонанд.

Обама афзуд, “аз Фейсбук то Твиттер, аз телефонҳои ҳамроҳ то интернет мардумони мо айни абзореро истифода мекунанд, ки бо ҳам тамос гиранд ва ҳаёти моро ғанӣ гардонанд. Аммо ба таври афзоянда мардуми Эрон аз озодии дастрасӣ ба маълумоте, ки мехоҳанд, маҳрум мешаванд. Дар иваз, ҳукумати Эрон мавҷи моҳвораҳоро халалдор мекунад, то нашароти телевизионӣ ва радиоӣ ба Эрон нарасанд. Он Интернетро сонсур мекунад, назорат мебарад, ки мардуми Эрон чиро дида ва гуфта тавонанд.”

Дар ин паёми видеоӣ Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки режими Эрон “компютер ва телефонҳои ҳамроҳро танҳо бо як мақсад дидбонӣ мекунад, ки қудрати худро ҳифз намояд. Ва дар рӯзҳои охир маҳдудияти Интернет он гуна шиддат ёфтааст, ки эрониҳо наметавонанд озодона бо пайвандони худ дар дохили Эрон ё берун аз он тамос гиранд. Фанновариҳое, ки боистӣ шаҳрвандонро нерӯ диҳанд, баръакс барои саркӯби онҳо истифода мешаванд.”

Биноан, гуфт Обама дар рӯзи Наврӯз ба ҳукуматаш дастур додааст, то ширкатҳоеро, ки метавонанд, ба мардуми Эрон нармафзор ва хадамот пешниҳод кунанд, аз таҳрим озод кунад. Обама монеаҳоеро, ки ҳукумати Эрон дар дастрасии мардум ба Интернет роҳандозӣ кардааст, “девори электронӣ”-и Эрон номид. Вай гуфт, ин девор бояд фурӯ афтад.

Дар хотима паёмаш ӯ ба забони форсӣ гуфт: “Иди Шумо муборак!”

Навори табрикии Обама дар ҳоле пахш шудааст, ки рӯёрӯии Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо бо Эрон сари барномаи ҳастаии Теҳрон ба авҷи худ мерасад ва расонаҳои хабарӣ мегӯянд, Исроил то поёни имсол иншооти ҳастаии Эронро ҳадафи зарбаҳои ҳавоӣ қарор дода, Иёлоти Муттаҳидаро низ ба ин низоъ хоҳад кашонид.



Дар ин байн Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳида ҷузъиёти нармафзорҳои наверо шарҳ дод, ки қарор аст, ба Эрон фиристода шаванд. Ин ниҳод мегӯяд, таҳримҳои зидди Эрон набояд ба ширкатҳое, ки мардуми ин кишварро бо абзори мухобиротӣ таъмин мекунанд, зарба зананд.

Пас аз соатҳое аз паёми наврӯзии Обама Раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунон дар паёми наврӯзӣ гуфт, кишвараш посухи ҳама гуна ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳида ва Исроилро хоҳад дод: "Мо силоҳи ҳастаӣ надорем ва силоҳи ҳастаӣ ҳам нахоҳем сохт, аммо дар муқобили таҳоҷуми душманон, чӣ Амрико ва чӣ режими сайҳунистӣ барои дифоъ аз худамон дар ҳамон сатҳе, ки душман ҳамла кунад, ба онҳо ҳамла хоҳем кард.”

Бино бар хабари дигар, вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи ҷумъа дар Бруссел тарҳи таҳримҳои нави зидди Эронро баррасӣ хоҳанд кард. Як дипломати баландпояи ин эътилоф гуфт, қарор аст, 18 мансабдори эронӣ, ки дар поймол шудани ҳуқуқи инсон дар Эрон саҳм доранд, аз раводиди сафари Аврупо маҳрум хоҳанд гашт. Вазирони Аврупо ҳамчунин таҳрими хариди нафти Эронро, ки аз 1-уми июл сар мешавад, ниҳоӣ хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG