Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлил аз Наврӯз дар Маҷмаи умумии Созмони Милал


Дар толори Маҷмаи умумии Созмони Милал бо ташаббуси сафирон ва намояндагони доимии Афғонистон, Ироқ, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикиситон, Туркия, Туркманистон, Узбакистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон ҷашни Наврӯз баргузор гашт. Сафирони ин кишварҳо бори дигар аз қатъномаи 64-253-и Маҷмаи умумии Созмони Милал аз 23-юми феврали соли 2010, ки Наврӯзро як иди байнулмилалӣ эълон кард, изҳори қаноатмандӣ карданд ва дар бораи анъанаҳои ин ҷашн дар кишварҳои худ, тарҳҳои густариши таҷлил аз Наврӯз, истифода аз ормонҳои наврӯзӣ барои рушди мардумсолорӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон сӯҳбат карданд.
XS
SM
MD
LG