Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Шадринск, як шаҳраки хурди Русия, ба мисли ҳар шаҳри дигари СССР ба сарбозон ва журналистон гуфтани ҳақиқат дар бораи ҷанги Афғонистон мамнӯъ буд.

Фишор ба ҳадде дар зеҳни мардум амиқ нишаста буд, ки модарон намегуфтанд, писарашон дар ҷанг кушта шудааст.

Сарбозоне, ки аз Афғонистон баргашта буданд, ҳақ надоштанд чизе бигӯянд. Агар мегуфтанд, муҷозот мешуданд. Дар санги мазори онҳо навиштан мвумкин набуд, ки дар Афғонистон кушта шудаанд.

Аммо баъд аз ду ё се моҳи рафтан ба он ҷо ҳама мефаҳмид, ки дар Афғонистон ки ду эътилоф, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳида бо ҳам меҷангиданд.


Ин филми кӯтоҳ яке аз бахшҳои тарҳи чандрасонаии "Бист сол бе СССР" аст, ки бо "ангушт" задан рӯи номи он метавонед, 35 филм ва видеои дигар, ҳамчунин гоҳномаи тасвирии фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро тамошо кунед. Агар дар бораи онҳо фикру ақидае доред, лутфан, бинависед.
XS
SM
MD
LG