Пайвандҳои дастрасӣ

Фурӯпошӣ. Бист сол бе СССР


Нишон (герб)-и Иттиҳоди Шӯравӣ.

Нишон (герб)-и Иттиҳоди Шӯравӣ.

Рӯзи 5-уми декабри дар торнамои мо тарҳи чандрасонаии "Фурӯпошӣ. Бист сол бе СССР" мунташир хоҳад гашт.

Иттиҳоди Шӯравӣ 20 сол пеш барҳам хӯрд. Фурӯпошии онро ба сабабҳои зиёде пайванд медиҳанд, аз ҷумла талошҳои ҷудоихоҳии ҷумҳуриҳо, бӯҳрони сахти иқтисодӣ ва ҳамчунин бозсозию ошкорбаёние, ки раҳбари вақти Шӯравӣ Михаил Горбачёв оғоз кард.

Бисёре аз кормандони Радиои Озодӣ шоҳидони зиндаи вопасин рӯзҳои СССР буданд ё дар мубориза барои демократия ширкат карданд, муборизае, ки фурӯпошии Шӯравиро суръат дод.

Дар тарҳи нави мо онҳо якҷо бо сиёсатмадорони он замон – президенти СССР Михаилом Горбачёв, нахустин президенти Ҷумҳурии Чех Ватслав Ҳавел, сарварони вақти Украина ва Беларус, Леонид Кравчук ва Станислав Шушкевич ва ҳамчунин Мушовири амняити миллии Иёлоти Муттаҳида Брент Скоукрофт хотираҳои худро дар миён мегузоранд.

Мусоҳибаҳо, ёддоштҳо, аксҳо ва наворҳои мустанад кӯмак хоҳанд кард, ки на танҳо масъалаи ин фурӯпошӣ чӣ гуна ба амал омад, рӯшан шавад, балки ҳамчунин “чаро чунин чизе иттифоқ афтод.” Шоҳидон ва ширкаткунандагони воқеа, нозирон аз дуру наздик – ҳар кадом дар бораи шикасти СССР назар ва ақидаи худро дорад.

Тарҳи мазкур рӯзи 5-уми декабр дар торнамои Радиои Озодӣ мунташир хоҳад шуд. Ба ҳайси як намуна ин филми кӯтоҳ аз силсилаи “Фурӯпошӣ. Бист сол бе СССР” ба таваҷҷӯҳи Шумо пешкаш мешавад.


Ҳамчунин маводи Бахши тоҷикии Радиои Озодиро дар бораи вазъи Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ ва таъсири таҳавулоти он кишвари ягона ба зиндагии мардумро метавонед дар сафҳаи вижаи Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ бубинед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG