Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 соли Истиқлол. 20 соли бидуни Шӯравӣ


Тоҷикистон дар 20 соли гузашта 5 соли ҷанги хунини шаҳрвандӣ ва сулҳи, ба таъбири маъруф, “30-фоиза”-ро таҷруба кард.

Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар ин шабурӯзи таҷлил аз солгарди 20-уми истиқлоли кишвар моломоли барномаҳои тавсифист, ки Тоҷикистонро ба назари бинанда як кишвари афсонавии ғарқи пешрафту шукуфоӣ менамояд. Кишваре ба мисли “Қишлоқи тилоӣ”- и Миршакар чунон хубу ҷаззоб, ки дил мехоҳад онҷо бошаду ба сар барад.

Аммо оё байни воқеиятҳои Тоҷикистони имрӯз ва ончи ки дар телевизионҳои расмиаш тасвир мешавад, “тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо”?

Тоҷикистон дар 20 соли гузашта 5 соли ҷанги хунини шаҳрвандӣ ва сулҳи, ба таъбири маъруф, “30-фоиза”-ро таҷруба кард, чанд нақбу
чанд шоҳроҳи бузург сохт, ки бузургтаринҳояш шоҳроҳи Душанбе –Хоруғ-Қароқурум ва ҳам масири
Имрӯз дар Тоҷикистон аз ҷиҳати сиёсӣ сухан аз демократия задан худ ғайриимкон аст. Албатта, демагогия ҳаст, рекламаи ҳукумат ҳаст, вале арзишҳои демократиро ба чашм дидан имкон надорад...
муҳими ба сурати хеле мармуз пулакишудаи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аст, ки тавассути нақби ҳанӯз нимкораи “Истиқлол” равуои доимӣ байни шимол ва маркази кишварро таъмин мекунад.

Душанбе тавонист аз поёни соли 2001 бо ҳамдастӣ бо эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон худро аз зери чатри итоати комиле, ки дар солҳои 90 аз Маскав дошт, берун биорад ва дар тасмимгириҳояш нисбатан мустақилтар шавад. Тоҷикистон ҳамин тавр, дар соли 2005 нерӯҳои марзбони Русияро аз марзҳояш бо Афғонистон берун кард ва ахиран аз Маскав барои пойгоҳи низомиаш ҳатто пули иҷора ҳам хост. Чизе, ки дар солҳои 90 касе дар Душанбе ҷуръат намекард, ки бо Маскав ҳатто матраҳ кунад.

Аммо низоми ҳоким дар Тоҷикистон дар ин давра баръакс табиати бештари худкомагӣ гирифт ва Эмомалӣ Раҳмон бо тағйири пайиҳами Қонуни асосӣ, 19 сол боз бар ин кишвар ҳукумат меронад. Султаи хонаводаи ҳоким акнун тақрибан ба ҳама бахшҳои муҳими тиҷорати кишвар, аз ҷумла ба тиҷорати алюминий – умдатарин маҳсулоти содиротии Тоҷикистон - густариш ёфтааст.

Симои ҳафта
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим


Бо вуҷуди дар Қонуни асосӣ зикр шудани асли ҷудоии дин аз давлат дар Тоҷикистон иҷрои фароизи мазҳабӣ тавассути қонунҳои худкомаи дину танзими расму оин ва масъулияти волидайн таҳти назорати шадиди мақомот қарор дорад. Матбуоти тоҷик дар муқоиса бо 10 ё 15 соли пеш хеле озодтар шудааст ва саҳнаи сиёсии кишварро 8 ҳизби сиёсӣ “зеб” медиҳанд, вале аксари ин аҳзоб дар чорчӯби қоидаҳои таъйинкардаи давлат бозӣ мекунанд ва дар ин 20 сол дар Тоҷикистон ягон интихоботе доир нашуд, ки озоду демократӣ эътироф шавад.

Оё Тоҷикистонро кишвари комилан мустақил мешуморед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00
Линки мустақим


“Фарқ аз замин то осмон аст”

Аммо АБДУВОҲИД ШАМОЛОВ, мудири Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мегӯяд, гузариши якбора аз низоми коммунистӣ ба низоми демократӣ дар авоили солҳои 1990 буд, ки аксари кишварҳои Шӯравии собиқ, бо шумули Тоҷикистонро дар чанги мушкилот ва ҳатто ҷангҳои хунин андохт.
Абдувоҳид ШАМОЛОВ

мегӯяд, аз ҷомеаи анъанавиву суннатии феълиаш ба ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаштани Тоҷикистон кори андаке нест, ки дар як шаб ё як сол ва ё ҳатто дар як даҳсола битавон анҷомаш дод: "Оҳиста-оҳиста мо мегузарем. Ин як давраи гузариш аст ва натанҳо барои Тоҷикистон. Чӣ магар давлати олигархие, ки дар Русия вуҷуд дорад ё дигар давлатҳои авторитарие, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо вуҷуд доранд, дар он ҷо яку якбора демократия ба вуҷуд омадааст? Агар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро бо солҳои 90 муқоиса кунед, фарқ аз замин то осмон аст. Озодиҳое, ки дар кишвари мост, дар ҳеҷ як кишвари ҳамсояи мо чунин озодиҳо нест. Ҳам аз нигоҳи васоити ахбор ва ҳам аз нигоҳи плюрализм. Як аҳзоби сиёсиро бубинед, ки шумораш дар ҷомеаи мо чӣ қадар зиёд шудааст. Дар порлумон бубинед, ки чӣ қадар пешравиҳо ҳаст."

Бо ин ҳол, СӮҲРОБ ШАРИФОВ, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ, як ниҳоди таҳлилии вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ахиран нуфузи анъанаҳои Шӯравӣ ва шеваҳои авторитарӣ бар умури давлатӣ дар Тоҷикистонро эътироф карда, таҳдиди баргашт ба низоми худкомаро дар ин давраи гузор хатаре воқеӣ хондааст.

Раҳматуллоҳ ЗОЙИРОВ
РАҲМАТУЛЛОҲ ЗОЙИРОВ, раиси Ҳизби сотсиал-демократ, аз аҳзоби мухолифи Тоҷикистон, мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон дар поёни солҳои 90, вақте дар кишвар раванди истиқрори сулҳ идома дошт, таҳти фишор аз хориҷ ба озодиҳои демократӣ як каме роҳ кушоданд, вале инак 10 сол боз аз масири як низоми худкома гом мебардоранд: "Дар Тоҷикистон аз соли 1997 то 2001 ҷараёнҳои демократӣ ба чашм мерасид, вале баъди соли 2001 ин ҳама барҳам хӯрд. Аз он ба баъд ҳокимияти худкомае ба миён омад ва имрӯз дар Тоҷикистон аз ҷиҳати сиёсӣ сухан аз демократия задан худ ғайриимкон аст. Албатта, демагогия ҳаст, рекламаи ҳукумат ҳаст, вале арзишҳои демократиро ба чашм дидан имкон надорад."

20 соли истиқлоли як нафар?

Ба ақидаи РАҲМАТУЛЛОҲ ЗОЙИРОВ, ҳизбҳои сиёсӣ ба ном вуҷуд доранд ва тақрибан ҳамаи умури сиёсиву давлатии Тоҷикистон, бо шумули низоми додгоҳиаш дар дасти як нафар – президент Эмомалӣ Раҳмон - ва ҳалқаҳои наздик ба ӯ мунсаҷим шудааст. Ӯ мегӯяд, ҳатто 20 соли истиқлоли кишварро дар расонаҳои расмӣ ба тавсифу таърифи танҳо Эмомалӣ Раҳмон табдил додаанд, ба гунае ки тамоми бурдҳои ин даврон маҳсули кори ӯ буду бақия - фақат як тамошобин: “Ин филм дар бораи президент шудааст. Лекин дар як филми иборат аз 28 серия нишон додан, ки 20 соли истиқлол аз хидматҳои як шахс иборат аст, умуман хандаовар аст. Бигузор, ҳизбҳои сиёсӣ даркор нест, ҷомеаи шаҳрвандӣ коре накард. О, худи ҳукумат куҷо шуд? Чандин сарвазир иваз шуд, чандин вазир омаду рафт, онҳо куҷо буданд? Куммиссиюни оштии миллӣ куҷо рафт? Созмонҳои байнулмилалӣ, ки ин қадар кӯмак расонданд, куҷо шуданд? Яъне солгарди истиқлоли Тоҷикистон солгарди истиқлоли фақат президенташ шудааст.”

Аммо АБДУВОҲИД ШАМОЛОВ низоми феълии ҳоким дар Тоҷикистонро ҳамчун “давлати миллӣ” таъриф мекунад ва тамдиди
Эмомалӣ РАҲМОН

пайиҳами давраҳои раёсати Эмомалӣ Раҳмонро дар ин шароит дуруст мешуморад: “Дар Амрико дар солҳое ки ҷанг буд, Вашингтон чанд сол раҳбарӣ кард? Дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон, бубинед, Рузвелтро маротибаи севвуму чорум интихоб карданд. Дар ҳоле ки тибқи Қонуни асосии Амрико қатъан аз 2 маротиба зиёд мумкин нест. Шароити ҳассоси таърихие ҳаст, ки сарнавишти ин ё он миллат муайян мешавад. Дар ин давра мо мехоҳем ё намехоҳем, лидери бақувват даркор аст, ки худи халқ интихобаш мекунад. Мо тоза дар 9-10 соли охир рӯ ба тараққӣ овардем. Дар ин шароит бояд низоме бошад, ки сулҳ ва суботро дар Тоҷикистон таъмин карда тавонад. Низоми кунунӣ беҳтарин низом аст барои ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон.”

Сохтмонҳои худӣ

Бо ин ҳол, Тоҷикистон солгарди 20-уми истиқлолашро бо гушоиши чанд иншооти муҳташами ҷашнӣ таҷлил мекунад, ки умдаҳояш бузургтарин милаи парчам ва Арки нишони миллӣ, Аквапарк, сохтмони 22-қабатаи “Душанбе-Плаза” ва ҳам биноҳои ҷадиди Китобхонаву Осорхонаи миллист. Ба фарқ аз ҷашнҳои қаблӣ, ки маъмулан ифтитоҳи иншооти сохташуда бо пули дигаронро ба ҳамроҳ дошт, ин дафъа, шояд ба ҷуз аз чархаи аввали нерӯгоҳи Сангтӯда-2, ки Эрон месозад, боқӣ иншооти ҷашнӣ тақрибан ҳама аз ҳисоби худи Тоҷикистон сохта шудаанд.

Аммо дар маҳофил мегӯянд, ин иншоот намунаи зоҳирбозиҳои ҳукумати феълист ва беҳтар ин буд, ки агар бо ин тақрибан 1 миллиард сомоние, ки барои баргузории худи ҷашн ва сохтани ин биноҳои муҳташам сарф шуд, корхонаҳое дуруст мекарданд, ки мардумро ба ҷои кор фаро мегирифт ва аз азоби ғурбат ва мардикорӣ дар мулкҳои бегона халос мекард.

Саъдии ЮСУФӢ
Таҳлилгари тоҷик САЪДИИ ЮСУФӢ мегӯяд, ин зоҳирбозиҳоро сабаб то ҳол дар дасти мансабдорони бозмонда аз замони Шӯравӣ чархидани идораи умури Тоҷикистон аст: “Онҳо мехоҳанд кору бори имрӯзаро низ бо ҳамон тарзу низоме, ки аз даврони Шӯравӣ дар зеҳну амали онҳо боқӣ мондааст, пеш баранд ва мунтаҳо, тақозои асри наву низоми навро камтар дарк мекунанд. Ҳамин аст, ки дар ин ҷо чунин зоҳирпарастиҳо фаровон мушоҳида мешаванд. Ин ба шакли табиӣ замон мебарад, то насли наве рӯи кор биояд, ки бо воқеиятҳо ва тақозоҳои асри навин ошно бошад ва дар ҳамин муҳити нав парвариш ёфта, мутобиқ ба он амал кунад. Мутаассифона, дар сиёсати кадрӣ ҷои бисёр андаке ба ҷавонон вогузор шудааст. Дар 20 соли истиқлол ҳатто як ҷавонеро, ки дар воқеъ насли истиқлол бошад, дар раҳбарии як вазоратхона ба мушкил метавонем пайдо кунем.”

Бебарқӣ дар асри 21!

Иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 90 чунон паст рафт, ки бо вуҷуди рушди нисбатан муттасили дастикам 14 соли охир, интизор меравад, ки кишвар фақат дар соли 2015 ба сатҳи рушди иқтисодии соли 1990 бирасад. Тоҷикистон пас аз касби истиқлол бо вуҷуди пойбанди ақидаҳои коммунистӣ будани раҳбаронаш, албатта, аз иқтисоди планӣ даст кашид, низоми колхозиро тақрибан барҳам дод, беш аз 12 000 корхонаи давлатиро хусусӣ кард ва иқтисодашро акнун як иқтисоди бозорӣ таъриф мекунад. Аммо бахши аъзами Тоҷикистон дар фасли сармо то 20 соат дар шабонарӯз ба коми торикӣ фурӯ меравад. Воқеъияте, ки дар асри 21 боварнокарданист.

Фалаҷ шудани соҳоти тиббу маориф, аз кор мондани корхонаҳои саноатӣ, таносуби шадидан манфии байни содирот ва воридот ва амалан ба як кишвари воридкунандаи ҳатто оддитарин маҳсулоти мавриди ниёзи мардумаш табдил ёфтани Тоҷикистон аз дигар воқеиятҳоест, ки кишвар баъди суқути СССР дучор шуд. Воқеияти дигари ин даврон мавҷи дастикам миллионнафарии муҳоҷирони тоҷик аст, ки ҳамасола худро ба бозори кори кишварҳои хориҷӣ ва умдатан ба Русия мезананд ва бино ба оморҳо, ин мардум ҳар сол ба ватан то 2 миллиард доллар пул мефиристанд, ки баробари қариб нисфи буҷаи давлатии Тоҷикистон аст.

Ҳоҷимуҳаммад УМАРОВ
Профессор ҲОҶИМУҲАММАД УМАРОВ мегӯяд, ба сурати умум, иқтисоди Тоҷикистон дар ин 20 сол фақат дар зоҳир бозорӣ шуд ва дар асл зери султаи ҳамон шеваи Шӯравии мудирият боқӣ монда, амалан ба суди як қишри ночизи наздик ба мақомоти давлатиаш кор мекунад: “То имрӯз дар Тоҷикистон муносибатҳои ҳақиқии бозорӣ пайдо нашудаанд. Рукни асосии иқтисоди бозорӣ рақобати озод аст. Дар Тоҷикистон рақобати озод нест. Ин синфи наве ки пайдо шудааст, яъне синфи соҳибкорон ё капиталистҳо, на дар натиҷаи рақобати озод, балки бо роҳҳои пинҳонӣ ба майдон омадаанд. Яъне касе, ки пушти бақувват дорад, ҳамон дар тиҷорат имкони рушд дорад. Касе, ки соҳиб надошта бошад, ин имконро пайдо намекунад. Агар ба таври рамзӣ бигӯем, бозори феодалӣ ба вуҷуд омадааст дар Тоҷикистон.”

Назари бинандагон ба филми "Истиқлол"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00
Линки мустақим


Халқе дар ҳасрати хушиҳои СССР

Созмонҳои назарсанҷии Тоҷикистон назархоҳии вижае дар ин мавзӯъ доир накардаанд, вале аз сӯҳбатҳои сарироҳии мардум маълум мешавад, ки бо вуҷуди гузашти 20 сол аз суқути СССР мардуми зиёде дар Тоҷикистон то ҳол ҳасрати даврони Шӯравиро мехӯранд. Таҳлилгари тоҷик Саъдии Юсуфӣ мегӯяд, далели чунин ҳасратхӯрии наслҳои умдатан кӯҳансолу миёнасол пеш аз ҳама ба далели имтиёзоте, чун нерӯи барқи доимӣ, таҳсилу табобати бепул ва маоши хубест, ки дар он аҳд доштанд, ва нороҳатие, ки онҳо аз таҷзияи ҷомеаи нав ба ақшори бою камбағал ва фарқи бузурги байни ин ду қишр эҳсос мекунанд.

Аммо ба эътиқоди ҷаноби Юсуфӣ, насли наве, ки пас аз суқути СССР бузург шудааст, хушбахтона, ба сӯи пеш нигоҳ мекунад, то ба ақиб: “Чун оғози истиқлоли мо бо ҷангу бо вазъи сахти иқтисодиву иҷтимоӣ якҷо омад, табиист ки ин ҳолат дар зеҳни мардуме, ки аз даврони Шӯравӣ хотироти мусбат доранд, як вазъияти муқоисавиро ба вуҷуд овард. Ва онҳо ба ёди он рӯзҳои хушу хурраме мераванд ки дар он даврон доштанд - маоши кофӣ доштанд, таъмин буданд, нирӯи барқи шабонарӯзӣ доштанд, дастрасӣ ба низоми тандурустиву омӯзиши бепул доштанд... Ин ҳама дар зеҳни онҳо мечархад ва онҳо афсӯс мехӯранд. Аммо насли ҷавонтаре ки аз Шӯравӣ хотираи камтар дорад, ё аслан надорад, ба ҷои ин ҳасратхӯриҳо дар пайи ёфтани як ояндаи хубтаре барои худ аст.”

20 қадам, вале ба пеш ё қафо?

Раҳматуллоҳ Зойиров, раҳбари ҳизби мухолифи сотсиал-демократ мегӯяд, пешрафтҳои Тоҷикистон дар 20 соли истиқлол бештар дар пардаи телевизионҳост, вале воқеият хеле фарқ мекунад. Ба бовари ӯ, Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат, аз ҷумла аз нигоҳи сатҳи демократия, иқтисод, имконоти ҳуқуқии мардум ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо хеле қафо рафтааст: “Ҳозир бархе зиёиёни мо мегӯянд, ки барои мисол, дар даври Шӯравӣ ин қадар роҳи мошингард набуд. О, бародарон! Шумо дар кадом аср зиндагӣ доред? Дар он давра чунин роҳҳо ҳатто дар Маскав набуд. Роҳҳои Афғонистон, ки аз мо як аср қафомондатар ҳисоб мешуд, аз роҳҳои Тоҷикистон росттар аст. Ҳозир дар стратегияи рушди Тоҷикистон вазифа гузошта шудааст, ки дар соли 2015 ба дараҷаи соли 1990 бирасем. Яъне маълум мешавад, ки мо аз бисёр ҷиҳат қафо задаем.”

Ба ақидаи Саъдии Юсуфӣ, шикасти Шӯравӣ кишварҳоро ғофилгир карда буд ва Тоҷикистон, ки тақрибан билофосила дастхуши ҷанг ҳам шуд, барои анҷоми баҳси моҳият ва дарки дурусту дақиқи мафҳумҳои низоми нави давлатдориаш фурсати кофӣ надошт, ки як намунааш баҳси то ҳол давомдори мафҳуми дунявият –як асли дар Қонуни асосиаш акидан таъкидшудаи низоми давлатии Тоҷикистон аст: “Дар Тоҷикистон то ба ҳол даркҳои гуногуне аз ин вуҷуд дорад. Иддае дунявиятро ба маънои ҷудоии дин аз давлат мефаҳманд ва умури диниаш бояд дар дасти ниҳодҳои динӣ бошад ва давлат дунболи кори худ бигардад. Иддаи дигар дунявиятро ба маънои маҳдуд кардани фаъолиятҳои динӣ аз сӯи давлат маънидод ва иқдомҳои худ алайҳи аҳли динро таҳти ҳамин парчами дунявият амалӣ мекунанд. Ҳамаи ин бармегардад ба ҳамон баҳси моҳияти низом.”

Аммо Абдувоҳид Шамолов мегӯяд, набояд аз Тоҷикистон дар 20 сол тай кардани роҳеро хост, ки кишварҳои Аврупову Амрико барои расидан ба низомҳои либералии демократӣ дар чанд аср пушти сар гузоштаанд: “Мо, ки 70 сол дар низоми давлатдории коммунистӣ будем, оё дар ҷомиаи суннатии мо яку якбора гузаштан ба демократияи аврупоие, ки худи онҳо дар 300-400 сол тай кардаанд, мо метавонем ин роҳро дар 20 сол тай кунем? Ин суоли бисёр ҷиддист. Мо марҳала ба марҳала ба ин демократия рафта истодаем. Бале, Сарқонуни мо Тоҷикистонро ҷумҳурии демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ эълон кардааст, аммо имрӯз то расидан ба демократияи идеалие, ки дар Аврупо дар назар доранд, хеле роҳро тай кардан лозим аст.”

Юлбарс дар нақши... матбуот

Матбуоти мустақил, ки бо вуҷуди чанд мавҷи саркӯбӣ дар ин 20 сол, ҳар дафъа мисли мурғи самандар аз нав болу чангол мебаровард, аз он дастовардҳоест, ки ҳолиё ҳатто мақомоти Тоҷикистон ба сифати як намунаи пешқадамии ин кишвар дар муқоиса бо давлатҳои дигари худкомаи Осиёи Марказӣ ба он менозанд.

Наҷмиддиини ШОҲИНБОД
Аммо танзнависи маъруфи тоҷик НАҶМИДДИНИ ШОҲИНБОД озодии матбуот ва баён дар Тоҷикистонро дар танзе чунин тасвир мекунад: “Саге бо номи Юлбарс бо тамоми қувват медавид. Ба марзи Узбакистон наздик омад. Дар он тарафи марз сокиту хомӯш буд. Дар давлатҳои худкома хомӯшӣ ҳукмфармост. Саги Мухтор, ки чанд сол марзбон буду ҳоло подабонӣ мекунад, ӯро дучор омад.
- Ҳа, Юлчик, ин қадар башаст куҷо медавӣ?
- Нашуд дар Тоҷикистон, нашуд. Ягон хӯрданӣ нест. Ба Узбакистон меравам.
Баъди як ҳафта Юлбарс баргашт. Мухтор ӯро дида, пурсид:
- Ҳа, Юлчик, чаро ин қадар зуд баргаштӣ?
- Нашуд. Сад бор дар ватани худам беҳтар аст. Дар инҷо ақалан озодона аккос задан мумкин аст.”


Аммо сулҳ, ки шуд!

Бо ин ҳама, сулҳи соли 1997-ро, ки ба 5 соли ҷанги хунини Тоҷикистон нуқта гузошт ва аз такрори сенарияи ҷангҳои бепоёни Афғонистон дар ин кишвар пешгирӣ кард, муҳимтарин дастоварди 20 соли истиқлол ном мебаранд. Чолишҳои аслӣ ба суботи Тоҷикистон то ҳол аз ноҳияи он сӯи Омӯ бармеояд ва акнун ҳама дидаҳо ба поёни соли 2014 дӯхта шудааст, ки бо хуруҷи нерӯҳои эътилоф вазъи Афғонистон ба кадом самту сӯ хоҳад кашид.

Аммо ҳанӯз ки то он воқеиятҳои нави геополитикӣ 40 моҳи дигар аст, Тоҷикистон бо як шаҳомати бесобиқа аз солгарди 20-уми истиқлолаш таҷлил мекунад.

Иди истиқлол муборак, ҳамватанони азиз!

XS
SM
MD
LG