Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Иттиҳоди Шӯравиро наметавон дубора эҳё кард, зеро кишварҳои собиқ СССР инро намехоҳанд",-мегӯянд коршиносон.

Зоҳиран Кремл низ ин воқеиятро дарк мекунад. Аммо идеяи "Русияи бузург" бо шавқи яккатозӣ дар қаламравҳои собиқ ва соҳиб шудан ба қартаи нерӯманд дар саҳнаҳои байнулмилалӣ, Маскавро ба доман задани ин мавзӯъ таҳрик медиҳад.
Бовар доштанд, ки кишварҳои фақире чун Тоҷикистон ҳаргиз аз онҳо дур шуда наметавонад...


Бисёриҳо идеяи Владимир Путин, сарвазири Русия, дар бораи таъсиси Иттиҳоди АвроОсиёро ҳамчун кӯшиши завлона задан ба пойи Осиёи Марказӣ унвон карданд, ки то рафт аз таҳти таъсири Кремл хориҷ мешавад.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик низ мегӯяд, "ҳангоми фурӯпошии Шӯравии собиқ, ҳатто тасаввур ҳам надоштанд, ки ин кишварҳо аз Русия дур хоҳанд шуд. Яъне, ба ин бовар буданд, ки кишварҳои фақире чун Тоҷикистон ҳаргиз аз онҳо дур шуда наметавонад."

Ахиран сарвазири Русия -- Владимир Путин дидгоҳи худро дар бораи дурнамои Русия ва кишварҳои Шӯравии пешин ошкор кард. Ӯ гуфт, дар қарни 21 кишварҳои Шӯрави собиқ наметавонанд бидуни ҳамоиши воқеӣ хушбахтии худро таъмин кунанд. Ӯ Иттиҳоди АвроОсиёро, ки ҳоло вуҷуд надорад, ҳамчун омили воқеии ҳамоиш унвон кард. Путин гуфт, барои таъсиси ин иттиҳод метавон аз потенсиали сохтори мавҷуд дар қаламрави кишварҳои муштаракулманофеъ истифода кард.


Баҳс ва назари коршиносонро дар видеои зер бубинед:


Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG