Пайвандҳои дастрасӣ

СССР. Шикастани инсони норозӣ


Зулфия Мирбобоева, ҳамсари Абдулло Миирбобоев

Зулфия Мирбобоева, ҳамсари Абдулло Миирбобоев

Ҳақталошии шаҳрванд Абдулло Мирбобоев дар соли 1983 як кӯчаи Душанберо ба майдони тирандозӣ ва набард табдил дод.

Бар асари ин даргирӣ, ки даҳҳо корманди милиса ва ду зиреҳпӯши ҳарбӣ ба зидди як нафар сафарбар гардид, як милиса ва яке аз писарҳои Мирбобоев кушта ва чандин тан захмӣ шуданд.

Моҷаро аз як баҳси хонаводагӣ шурӯъ шуда, то ба долонҳои Кремлин ва кабинети раҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Андропов кашонда шуд. Ҳайати махсусе барои баррасии он аз Маскав ба Душанбе ирсол гашт, вале он ҳам дар ҳоле ки Абдулло Мирбобоев аз нӯҳ захми тир хунбор гашта буд.

Тафсилоти ошӯби як нафар зидди як низоми абарқудрат, хотираҳои аҳли хонадон, ҳамсоягону дӯстон ва масъулони вақтро дар ин навори мустанад бубинед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG