Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангалҳои Тоҷикистонро кӣ ва чаро аз байн мебарад?


Тибқи як пажӯҳиши тозаи СММ, дар тӯли бист соли ахир дар Тоҷикистон 70 дарсади ҷангалзорҳои ин кишвар нобуд шудааст.

Талу теппаҳои атрофи Душанберо, ки ду даҳсола пеш аз анбӯҳи дарахтони мевадор ва сояафкан, ба истилоҳ ҷои сузанпартоӣ надоштанд, ҳоло майдонҳои холӣ ё манзилҳои истиқоматӣ гирифтаанд.

Он замон дар ин макон арчазори сабзу хуррам, дарахтони себу олуи биёбонӣ, дулона, олучаву гелос ва ангур фаровон буд ва ҳосили ин боғотро хоҷагии ҷангал бо кӯмаки сокинон ҷамъ оварда ба корхонаҳои кишвар месупурд ва боқии ҳосилро ба мардуми дар ин кор саҳмгирифта медод. Аммо ҳоло дарзаҳои тару хушки навда ва кундаҳои дарахтони арчаву сада ва дигар дарахтонро сокинон ба хонаҳояшон оварда барои пӯхтани нону ғизо истифода мебаранд.

Аз яке соҳибхонаҳо, ки дар танӯр ин навдаҳоро месӯхт, гуфт, ки "писаронам ин ҳезумро дар ҷангали болои қабристон тайёр карда оварданд. Фақат мо не, балки ҳама аз ҷангал дарахт бурида меоранд. Медонем, ки мумкин нест, зарар дорад буридани дарахтон, лекин чӣ кор кунем, аз хунукӣ нобуд шавем?"

Яке аз сокинони кӯҳансоли маҳаллаи Сариосиёи шаҳри Душанбе бо номи Абураҳим бо ёдоварӣ аз солҳои Шӯравӣ гуфт: "Бовар кунед хоҳар, аз сари кӯча сар карда, то таги кӯҳ, ҳамааш дарахт буд. Гелос ҳам буд, олучаву себу биҳӣ ҳам. Меваи ҳамин ҷангалҳои атроф ба чидану хушк кардан ва ба давлат супоридан кам намешуд. Ҳоло ҳеҷ чиз намондааст."

Мусоҳиби дигари мо, аз маҳаллаи Лучоби болои шаҳри Душанбе -- Сафаралӣ Орзуев аст, ки дар солҳои Шӯравӣ 12 сол ҷангалбонӣ кардааст. Вай мегӯяд, "он солҳо қонунҳо сахт буд, ҳеҷ кас пора намегирифт. Барои як дарахтро буридан шахсан протокол тайёр карда, то 100-150 рубл ҷарима бастаам. Ҳоло ҳеҷ кас ғами табиатро намехӯрад. Гап ҳамин ки, "гӯр сӯзаду дег ҷӯшад?"

Як омили аслии нобудшавии ҷангалҳо ва буридани дарахтонро дар Тоҷикистон, гурӯҳе ба ноогоҳии мардум вобаста медонад. Вале гурӯҳе дигар аз соҳибназарон мегӯянд, то он даме ки мушкили бебарқӣ ҳалли худро намеёбад, пеши роҳи нобудшавии ҷангалзорро гирифтан амри маҳол аст.

Комилхӯҷа Қодиров, устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, дар ин маврид чунин ибрози андеша кард: "Ин дард аст ва дармонро бояд пайдо кунем. Бо ҳазор назорату ҷарима мо наметавонем пеши роҳи буридани дарахтонро бигирем. Бубинед, ҳатто мардум дигар аз мурдаҳо шарм намедоранд. Шабона рафта аз қабристонҳо дарахтонро мебуранд. Хешовандон барои раҳмат ва савоб дар сари гӯри азизонашон дарахт мешинонанд, дигарон онро бурида, хонаҳояшонро гарм мекунанд."

Ин дар ҳолест, ки экологҳои Тоҷикистон аз хатарҳои табиӣ ва ҳатто беҳдоштиие, ки ҷангалбуриҳо ба дунбол борад, бонги изтироб мезананд. Холназар Муҳаббатов, донишманди шинохтаи тоҷик, гуфт, "як дарахти арча дар як шабонарӯз аз худ гази зиёди оксиген хориҷ мекунад ва ба худ гази карбонатро мегирад. Агар ҳама дархтон нобуд шаванд, ин даҳшат аст. Медонед, ки манбаи оксиген нобуд мешавад барои одам ва муҳити атроф чӣ қадар ифлос мегардад. Нобудшавии дарахтон ба нобудшавии чашмаҳои куҳӣ муоидат мекунанд. Дар кишвари мо касе дарахт намешинонад, вале қариб ҳама дарахт мебуранд."

Созмони Милали Муттаҳид зимни пажӯҳиши ахири экологии худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ба натиҷае расидааст, ки дар Тоҷикистон дар тӯли 20 соли соҳибистиқлолии ин кишвар, 70 дарсади ҷангалзор несту нобуд карда шудааст. Фасли гармо мавсими захира кардани ҳезум аз ҳисоби ҷангалзор барои мардуми деҳот ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG