Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба бозшумории натоиҷи интихобот пардохт


Садҳо нафар ҷонибдори Мирҳусейн Мусавӣ, рақиби Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи президентӣ, рӯзи якшанбе низ даст ба тазоҳуроти эътирозӣ заданд
Садҳо нафар ҷонибдори Мирҳусейн Мусавӣ, рақиби Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи президентӣ, рӯзи якшанбе низ даст ба тазоҳуроти эътирозӣ заданд

Шӯрои нигаҳбони Ҷумҳурии Исломии Эрон, тибқи гузоришҳо, ҳисоби дубораи як қисмати баҳсбарангези раъйҳоро шурӯъ кардааст.

Шӯрои нигаҳбон, тибқи гузоришҳо, ҳисоби дубораи як бахш аз раъйҳоро шурӯъ кард, ки тибқи иттиҳоми мухолифин метавонистанд мавриди тақаллуб қарор гиранд.

Ҳафтаи пеш ин ниҳоди аслии қонунгузори Эрон гуфта буд, ки раъйдиҳии ахир барои интихоботи президенти ҷумҳурии исломӣ, ки рӯзи 12 июн бо пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод анҷом ёфт, солимтарин интихобот баъди инқилоби исломии соли 1979-и Эрон будааст.

Натиҷаҳои шумориши дубораи оро бояд дар 24 соати дигар маълум шавад.

Ин хабар дар ҳоле гузориш мешавад, ки тибқи баъзе гумонзаниҳо Мирҳусайни Мӯсавӣ, раиси мухолифини Эрон боздошт шудааст. Ва раиси ҷумҳурии пешини Эрон Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ суқути дуҳафтаинаи худро шикаста аз Шӯрои нигаҳбон тақозо кард, ки таҳқиқи мӯшикофона ва бетарафи худро оид ба иттиҳомоти тақаллуб анҷом диҳад.

Тибқи иттилои расонаҳои давлатии Эрон Шӯрои нигаҳбон шумориши дубораи як бахши орои интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳуриро шурӯъ кард.

Таҳаввулоти мазкур баъди ду ҳафта эътирозҳову ошӯбҳои хиёбонии ҳазорҳо тарафдорони мухолифин ва норозиён аз натиҷаҳои интихобот, ки бо пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод анҷомид, пеш омадааст.

Баъди он ки нирӯҳои амниятӣ саркӯби эътирозгаронро ба шеваи бештари хушунатомез суръат бахшиданд, шиддати эътирозҳо поин шуд ва мақомот даст ба боздошти онҳову кофтукови манзилҳояшон шурӯъ карданд. Аммо тибқи баъзе гузоришҳо, мухолифин ва мунаққидони раъйдиҳии ахир дар шимоли Теҳрон рӯзи якшанбе намоишҳои эътирозии худро идома додаанд, ки барои ин иҷозаи мақомотро дарёфт кардаанд.

Як навори видеоӣ гӯё Мирҳусайни Мӯсавиро ба намоиш гузошт, ки дар баробари гурӯҳи калони мардум худи ҳамон рӯз истода суханронӣ мекард, аммо кайфияти навор ва сӯҳбатҳои гӯяндаро мушаххасан фаҳмида намешавад.

Баъди ин дар Эрон ҳамингуна овозае паҳн шуд, ки Мӯсавӣ боздошт ва ё мавриди ҳабси хонагӣ қарор гирифтааст. Ин хабар расман таъйид намешавад.

Шӯрои нигаҳбон ҳарчанд шумориши дубораи як бахши ороро, ки мухолифин қабулаш надоранд, оғоз кардааст, аммо аз оғоз изҳор кардааст, ки дар натиҷаҳои интихобот нақше нахоҳад дошт.

На Мӯсавӣ ва на номзади дигари интихоботӣ аз ҷабҳаи ислоҳотхоҳон Меҳдии Каррубӣ намояндаи худро барои баршумурдани оро пешбарӣ накардаанд.

Мӯсавӣ, ки тарафдорони вай дар намоишҳои эътирозӣ бараъло намоён буданд, интихоботро ҳамчун як маъракаи пур аз тақаллуб рад кардаанд.

Манъи ҳузури хабарнигорони хориҷӣ дар кишвар, ки бо пайгирии рӯйдодҳои баъдиинтихоботии Эрон машғул буданд, инъикоси воқеъбинона ва бетарафи ҳаводиси ин кишварро бо мушкил рӯбарӯ кард ва нақши хабаррасонро паёмҳои интернетиву телефонҳои мардум ва наворҳои видеоӣ гирифт, ки дар сайти YouTube.com ба маърази тамошо гузошта шуд.

Ҳоло тибқи гузориши телевизиони давлатии Ал-Олам шумори дубораи оро дар 22 минтақаи Теҳрон ва чанд вилояти ин кишвар ба роҳ монда шудааст.

Шӯрои нигаҳбон гуфтааст, ки дар ин кор фақат 10 дар сади раъйҳои мардум ба таври интихоби тасодуфӣ баршумурда мешаванд.

Тибқи хабари Ал-Олам, ҳисоби дубораи раъйҳо имрӯз анҷом шуда фардо қарор аст натиҷаҳои он расман эълон шавад. Шӯрои нигаҳбон раъйдиҳии ахирро ҳамчун солимтарин интихоботи баъди инқилоби исломии соли 1979 қаламдод кардааст.
XS
SM
MD
LG