Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба рӯйдодҳои ахири Эрон


Полиси зиддиошӯб дар Теҳрон
Полиси зиддиошӯб дар Теҳрон

Расонаҳои давлатии Эрон аз оромӣ хабар доданд, аммо як шоҳиди айнӣ гуфт, дар маркази пойтахти Эрон наздики ҳазор нафар гирдиҳам омадаанд.

Бино ба суханони ин шоҳид дар давоми як соат полис барои пароканда кардани эътирозгарон аз гази ашковар истифода бурд.

Ин ҷамъомади кутоҳмуддат ба рағми ҳушдори Сипоҳи посдорони инқилоб ба амал омад, ки ваъда дода буданд: агар эътирозҳои нав барпо шаванд онҳоро пароканда хоҳанд кард. Посдорони инқилоб аз пуштибонони аслии режими руҳониёни муҳофизакори эронӣ маҳсуб мешаванд.

Мирҳусейн Мӯсавӣ рақиби асосии раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, аз тарафдоронаш даъват намуд ки ба эътирозҳояшон ба натиҷаҳои интихобот идома диҳанд.

Вай гуфт ки натиҷаҳои интихоботро ба манфиати Аҳмадинажод тақаллуб кардаанд.

Тазоҳури дирӯза инчунин нишони якдили ва ҳамдардӣ ба Нидо ном ҷавонзане буд, ки тибқи хабарҳо, аз тири туфанг ҳангоми раҳпаймоиҳои рузи шанбеи 20 июн аз ҷониби кормандони полис ва силоҳбадастон кушта шуд.

Навори видиоӣ бо лаҳзаҳои ҳалокати ин зан дар шабакаи интернет пахш гаштааст. Дар яке аз паёмҳои интернетӣ вайро “Фариштаи уфтодаи озодӣ” номидаанд.

Ин дар ҳолест ки мақомот дар хушунатҳо террористон ва шӯришиёнро гунаҳкор мекунанд.
Дируз сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон Ҳасан Қашқавӣ ангушти иттиҳомро ба суи кишварҳои Ғарб бурда гуфт:

“Бисёри кишварҳои аврупои ва Амрико, ба ҷои ин ки мардумро даъват ба созкорҳои демократик бикунанд ва ба ҷои ин ки роҳкорҳои қонуниро дар изҳороти худашон мавриди таъкид қарор бидиҳан, умуман як ҳимояте аз бахше аз ихтишошгарон ва фурсатталабон доштанд”

Аммо кишварҳои ғарби ҳаммаи ин айбномаҳоро қотеона рад мекунанд.
Девид Милибанд вазири хориҷаи Британиё гуфт, кушишҳои табдили баҳсҳои дохилии Эрон дар мавриди натиҷаҳои интихобот ба “низоъи Эрон ва дигар кишварҳо” бе появу асос аст.

Баракс Ғарб мехоҳад мақомоти Теҳронро водор кунад ба мардумаш иҷозат диҳанд тибқи қонуни асосӣ ҳаққи баёни эътирози осоишта дошта бошанд ва онҳоро дар мунсифона будани натиҷаҳои интихобот мутмаин кунанд.

Британия ба шаҳрвандонаш ҳушдор дод аз сафар ба Эрон худдорӣ кунанд ва аъзои оилаи намояндагиҳояш дар он кишварро ба ватан фаро мехонад.

Вазорати корҳои хориҷаи Италия эълом намуд, ки омодааст барои эътирозгарони захмишуда дарҳои сафораташ дар Теҳронро боз кунад.
Ҷумҳурии Чех ки раёсати даврии Иттиҳоди Аврупо ба зимма дорад аз кишварҳои узв даъват кардааст сафирони Эронро дар кишварҳояшон эҳзор намуда нигаронии амиқи худро баён кунанд.
XS
SM
MD
LG