Пайвандҳои дастрасӣ

Иқрору иттиҳомот ва ҷузъиёти нав аз Эрон


Вазири умури хориҷии Эрон, Манучеҳри Муттакӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон, пас аз ҷаласаи ҳукумат. Теҳрон, 24 июни соли 2009.

Вазири умури хориҷии Эрон, Манучеҳри Муттакӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон, пас аз ҷаласаи ҳукумат. Теҳрон, 24 июни соли 2009.

Дар давоми даҳ рӯзи ахир хиёбонҳои Теҳрон бори аввал оромтар буд.Зоҳиран эътирозгаронро маҷбур карданд, кӯчаҳоро холӣ кунанд.




  • Полис гурӯҳи хурди 100-нафараро пароканда кард.
  • Ҷамъан 457 нафар боздошт шудаанд.
  • Телевизион "иқрорҳо"-и боздоштшудагонро пахш мекунад.
  • Мӯсавӣ хостори идомаи тазоҳуроти осоишта аст.

Дар тафовут аз гирдиҳамоиҳои чандҳазорнафара бори охир рӯзи душанбе 22 июн бино ба иттилои шоҳидон барои раҳпаймоӣ дар хиёбонҳо ҳамагӣ чанд сад нафар ҷамъ омада буд, аммо нерӯҳои полис бо истифода аз гази ашковар ва тирандозӣ ба ҳаво онҳоро зуд пароканда карданд.

Ҳангоми раҳпаймоиҳо полис эътирозгаронро аксбардорӣ мекард, то боздошти онҳо осонтар шавад.

Бино ба омори расмӣ, дар натиҷаи эътирозҳои хиёбонӣ, ки баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи 12 июн ба амал омаданд, 17 нафар ба ҳалокат расид.

Радиои давлатӣ хабар дод ки 20 июн рузе ки эътирозгарон бо неруҳои полис ва басиҷиҳо задухӯрд карданд наздик ба 457 нафар боздошт шуд.

Дар айни ҳол ҳукумат баъзе аз боздоштшудагонро аз тариқи телевизион намоиш медиҳад.

23-юми июн телевизиони давлатӣ боздоштшудаеро намоиш дод ки гуфт барои мубориза алайҳи ҷумҳурии исломӣ бо қудратҳои хориҷӣ ҳамкорӣ кардааст.

Ҷавоне ки рӯяшро нишон доданд аммо номашро набурданд гуфт: "Ман думболи чизе хосе набудам. Ман фикр мекунам, ки як ҷурои аз тариқи шабакаҳои мисли Би-Би-Сӣ ва Садои Амрико таҳрик шуда бошем ва як ҳамчун амали ғайриахлоқиро анҷом дода бошем."

Як зане низ гуфт ки ба вай гузоришгаронӣ радиоҳои хориҷи таъсир оварданд: "Таҳти таъсир канали "Садои Амрико" бо забони форсӣ ва Би-Би-Сӣ қарор гирифтаам. Чун гуфтанд ки задухӯрдҳо бештар аз тарафи нерӯҳо ҳастеш, хеле дустоштам бибинам чи хабаре, ки бидонам воқеъан масалан чизе ки мегуянд ҳаст ё на. Он вақте ки рафта дидам, воқеан мо доштем тазоҳурот мекардем ба амволи давлат ба хели ба мардум, шишаҳои хонаҳоро шиконданд. Яъне худи он мардуме ки тазоҳурот мекарданд худашон аслан шӯриш мекарданд. "

Симои ин занро намоиш надоданд ва исмашро ошкор накарданд.

Вазири умури дохилии Эрон Содиқ Маҳсулӣ дирӯз гуфт, ки хушунатҳои баъдазинтихоботӣ аз ҷониби хадамоти иктишофии Амрико ё Си-Ай-Эй ва гуруҳи ғайриқонунии мухолифин "Муҷоҳидини халқи Эрон" сармоягузорӣ шуда буданд.

Изҳоротҳои боздоштшудагон дар ҳоле пахш гаштаанд ки мақоми аршади вазорати адлия Иброҳим Раисӣ гуфт: боздоштшудагонро дарси ибрат нишон медиҳанд.
Вай авзуд ки барои муҳокимаи эътирозгарон додгоҳи махсус таъсис дода шудааст.

Маъмулан дар Эрон додгоҳи махсус гуфта Додгоҳи инқилобиро дар назар доранд, ки парвандаҳоро берун аз чаҳорчуби қонунӣ шаҳрвандӣ баррасӣ меккунад.

Муҳокимаҳо дар ин додгоҳ пушти дарҳои баста сурат мегирад ва як қозии руҳонӣ нақши додгустар, вакили дифоъ ва қозиро иҷро мекунад.

Мақомоти кишвар гуфтаанд ки дар оянда бархурд бо эътирозгаронро ба беҳтарин неруи низомиаш Посдорони инқилоб хоҳад супорид, то ин замон бар муқобили мардум дар аксар неруҳои полис ва гуруҳҳои басиҷ истодагарӣ мекарданд.

Ба сарвари мухолифин Мирҳусейн Мӯсавӣ низ фишор афзудааст. Сардабири рӯзномаи “Калимаи сабз” ки ба Мӯсавӣ тааллуқ дорад, гуфт полис 25 хабарнигор ва дигар ходимони рузномаро ба ҳабс гирифтаааст.

10 рӯз қабл мақомот ин рӯзномаро бастаанд. Мӯсавӣ таъкид дорад ки Қонуни асосии ҷумҳурии исломӣ эътирозҳои осиштаро иҷозат медиҳад.

Ҳамсараш, Зӯҳро Роҳнавард, дар сомонаи интернетӣ аз нерӯҳои амниятӣ талаб кардааст, ки тамоми боздоштшудагонро озод кунанд. Вай ваъда додааст, ки ба эътирози қонунӣ идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG