Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Мусавӣ ба идомаи тазоҳурот дар Эрон


Мирҳусейн Мусавӣ ҳамроҳи тазоҳуротгарон дар Теҳрон

Мирҳусейн Мусавӣ ҳамроҳи тазоҳуротгарон дар Теҳрон

Сарвари мухолифини Эрон Мирҳусейн Мӯсавӣ аз тарафдоронаш даъват кардааст, ки ба тазоҳуроти эътирозии худ идома диҳанд.

Таҳлилгарон ин даъвати ӯро ҳамчун чолиши аслӣ ба раҳбарияти Ҷумҳурии Исломӣ арзёбӣ мекунанд. Бино бар хабарҳо, шоми якшанбе 21 июн дар минтақаҳои шимолии шаҳри Теҳрон садои тирпаронӣ ба гуш мерасид ва чархболҳои низомӣ дар фазо парвоз мекарданд. Дар ин минтақаҳои шаҳр ҷонибдорони собиқ нахуствазири кишвар ва рақиби Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихобот бениҳоят зиёданд.

Дар баёнияи Мӯсавӣ ба тарафдоронаш ки дар сомонаи интернетиаш ба чоп расидааст, омадааст “эътироз ба фиребу тақаллуб ҳақи шумост.” Бо вуҷуди ин Мӯсавӣ аз ҷонибдоронаш даъват кард, ҳангоми тазоҳурот хештандорӣ нишон бидиҳанд, чунки намехоҳад нерӯҳои интизомии кишвар касеро ба қатл расонанд.

Ин дар ҳолест, ки дар даргириҳои этирозгарон ва нерӯҳои пулис рӯзи шанбе 20 июн ҳадди ақал 10 нафар кушта шуд ва Мусавӣ гуфт, ки куштор ва боздоштҳои дастаҷамъии тарафдоронаш миёни ҷомеъа ва неруҳои интизомии кишвар ихтилоф эҷод хоҳад кард.

Муовини раиси пулиси шаҳр Аҳмадризо Радон 20 июн гуфт, ки тамоми раҳпаймоиҳо ва эътирозҳо ғайриқонунианд ва нерӯҳои интизомӣ барои ба эътидол овардани вазъ чораҳои сахт хоҳад дид.

Дар натиҷаи интихоботи 12 июн раисиҷумҳур Аҳмадинажод дар мақомаш боқӣ монд ва ин боиси сар задани эътирозҳо ва нооромиҳое гашт ки ҳамчун бузургтарин баъд аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар соли 1979 арзёбӣ мешавад.

Мақомот эътирозгаронро террорист ва шӯришиён эълон намуданд. Дар ноҳияҳои шимолии Теҳрон тарафдорони Мӯсавӣ аз тактикаи замони Инқилоби исломӣ истифода бурда бо нишони эътироз аз бомҳои биноҳо шиор медоданд.

Яке аз шоҳидони айни ки аз бурдани номаш худдорӣ намуд гуфт ки садои тирпарониро дар ноҳияи Ниёварон шунидааст дигаре хабар дод, ки тирпарони дар минтақаи Зафарония ба гуш мерасид.

Ба назар мерасад, ки бо тирпарронӣ мақомот мехоҳанд ба эътирозҳои ғайриқонунӣ хотима диҳанд. Ҳукумат ба хабарнигорони хабаргузориҳои хориҷи иҷозат намедиҳад ба эътирозгарон наздик шаванд. Ин дар ҳолест, ки собиқ раисиҷумҳури Эрон Муҳаммад Хотамӣ гуфт, ки миёни руҳониёни ислоҳотталаб мухолифат ба раҳбарияти муҳофизакорӣ кишвар афзудааст.

Дар баёнияи Хотамӣ ба рӯзномаи “Меҳр” омадааст, ки “нагузоштани мардум аз изҳори хости худ аз роҳҳои осоишта паёмадҳои хатарнок хоҳад дошт”.

Дар ҳоле, ки раҳбари руҳонии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ манъи эътирозҳо ва қабули натиҷаҳои интихоботро дастгирӣ кард, оятуллоҳ Алӣ Ҳусейн Мунтазирӣ руҳонии дигарандеш гуфтааст, ки “муқовимат ба талаби мардум муқобили Ислом аст”.

Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки рӯзи шанбе 20 июн дар натиҷаи эътирозҳо дар Теҳрон 10 нафар кушта ва беш аз 100 кас захмӣ шудаанд. Бино бар дигар сарчашмаҳо шумораи кушташудагон 13 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи хабарҳои матбуоти расмӣ ҳангоми этирозҳои рӯзи шанбе духтари собиқ президенти Эрон Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ Фирӯза боздошт шуда ва баъди муддати кӯтоҳ раҳо шудааст. Ин дар ҳолест, ки вазири корҳои хориҷаи Бритониё Девид Милибенд пирӯзии Аҳмадинажодро инкор кард ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз мақомоти Эрон даъват намуд, ки ба эътирозҳои осоишта иҷозат диҳанд ва раъйҳоро аз нав шуморанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG