Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пас аз бархӯрди полис бо тазоҳургарон дар Эрон мухолифон эътироз ба натоиҷи интихоботи президентиро шаби гузашта рӯи бомҳо идома доданд.

Ба нақли шоҳидон, шумори зиёде аз эътирозгарон давоми шаб болои бомҳои хонаҳои шаҳри Теҳрон шиори «Марг бар диктатор»-ро сар додаанд.

Эътирозҳои шабонаи рӯи бомҳо ҳамчунин дар дигар шаҳрҳои Эрон сурат гирифтааст.

Ҳамзамон рӯзи чаҳоршанбе бо садҳо тазоҳургар дар шаҳри Теҳрон бархӯрд кард. Ба гуфтаи шоҳидон, маъмурони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон, ки ба рағми талаби ҳукумат, дар назди бинои порлумон ҷамъ омада буданд, ба ҳаво тир андохта ва аз гази ашковар низ истифода кардаанд.

Пештар аз ин бархӯрдҳо, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, гуфт, низоми ҷумҳурии исломӣ, дар робита ба интихоботи баҳсбарангези 12 июн зери фишор ақибнишинӣ нахоҳад кард.

Бар асоси натиҷаҳои эъломшуда, Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури феълии Эрон, дар интихоботи гузашта пирӯз шудааст.
XS
SM
MD
LG