Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши минтақавии ҳимоят аз кӯдакони ятим


Созмони ЮНИСЕФ мегӯяд, дар ятимхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ 160 ҳазор кӯдак парвариш меёбад

Созмони ЮНИСЕФ мегӯяд, дар ятимхонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ 160 ҳазор кӯдак парвариш меёбад

Ҳамоиши вижаи ҳимоят аз кӯдакон, ки таи се рӯз дар шаҳри Бишкек мегузарад, масъалаи ташкили муассисаҳо ва низоми тарбияву парастории атфоли ятимро ба баҳсу баррасӣ кашидааст.

Дар ин форум намояндагони идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон, ҳамчунин Озарбойҷон ва Туркия ширкат доранд.

Созмони бачагони ЮНИСЕФ мегӯяд, дар ҳамин ҳол дар ятимхонаҳои соири кишварҳои Осиёи Марказӣ 160 ҳазор кӯдак парвариш меёбанд. Стивен Ален, мудири ЮНИСЕФ дар умури Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ ва Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд, гуфт, дар ин шароити сахти бӯҳрони иқтисодӣ ва замоне, ки имкониятҳои аз падару модар ҷудо шудани кӯдакон ва ба сағирхонаҳо афтидани онҳо беш аз пеш меафзояд, бояд ҳукумат сиёсати иҷтимоии худро пурзӯр намояд.

Дилором Мирсаидова
Дилором Мирсаидова, мудири шӯбаи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҷавонон, варзиш ва туризм, ҳамчунин муовини раиси комиссияи ҳуқуқи кӯдаки назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ эътироф кард, ки вазъият ташвишовар гаштааст. Вай афзуд, вале кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳҳои ҳалли ин масъала низ бо ҳам меҷӯянд. Ба гуфтаи Дилоров Мирсаидова, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳҳои алтернативии раҳоӣ аз ин раванд низ пешниҳод гардид, ки ба ақидаи ӯ қобили мулоҳиза мебошад.

Форуми дуввуми ҳимоят аз кӯдакон дар Осиёи Марказӣ 14 май ба кори худ хотима мебахшад. Қарор аст, ки иштирокчиёни ин форум қатъномаи Бишкекро перомуни беҳбуди парвариши кӯдакони бепадару модар ва бепарастор ба тасвиб кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG