Пайвандҳои дастрасӣ

Хонаи кӯдакони №1: "Очаҷони ман омад!"


Чашмони ин сокинони Хонаи кӯдакон ҳамеша дар роҳи "модар" ва "падар" чор аст

Чашмони ин сокинони Хонаи кӯдакон ҳамеша дар роҳи "модар" ва "падар" чор аст

Ҳар зане, ки вориди Хонаи кӯдакони рақами якуми пойтахт мешавад, сокинони хурдсоли хушҳоли он мисли чӯҷаҳо, ки ба сӯи модарашон медаванд, ба сӯяш мешитобанд то худро ба оғӯши “модар” андозанд.

Ин кӯдакони ташнаи меҳру навозиш дар симои ҳар як нафар модари худро меҷӯянд. Агарчӣ дур аз оғӯши модаранд ва роҳ рафтану сухан гуфтанро ҳам дар парваришгоҳ меомӯзанд. Парасторони ятимхона низ мегӯянд, кӯдакон беш аз ҳама вожаи «модар» ё «оча»-ро истифода мебаранд ва ҳамеша мунтазиранд, интизори модари худ.

Ба гуфтаи Гулбаҳор, мураббияи Хонаи кӯдакон, ин тифлони маъсуму зебо аз онҳо ҳам ҳамеша модар суроғ мекунанд: «Ҳар субҳ вақте кор меоям мепурсанд, ки «Очаҷони ман меояд, холаҷон? Очайи ман кай меояд?» Мо ҳам мегӯем, меояд, ҳатман имрӯз ё фардо модарат меояд, ё мегӯем, фардо туро назди модарат мефиристем. Мо ҳам ҳамин тавр дили онҳоро пур ва хурсанд мекунем».

Воқеан аз чеҳраву ҳарфҳои ин атфоли ятим мушоҳида мешавад, ки онҳо ба меҳру муҳаббати модарӣ хеле ниёз доранд ва шояд ҳамин суханҳои умедворкунандаи дояҳояшон боис гаштааст, ки онҳо бовар доранд рӯзе модарашон омадаву онҳоро бо худ мебаранд. «Очаи ман меояд бад маро мебарад хонайи худаш. Саҳарӣ меояд» - мегӯяд яке аз онҳо.

Аммо Райҳонаи 2-сола нисбат ба дигар хурдсолони парваршигоҳ хушбахттар аст, чаро ки модари ӯ баъзан ба дидорбинии Райҳона меояд ва ӯ модарашро мешиносад. Вале дар ин парваришгоҳ кӯдаконе ҳам кам нестанд, ки чеҳраи модари аслии худро боре надидаву шояд барои ҳаргиз намебинанд. Чун волидонашон баробари таввалуд аз онҳо даст кашидаанд. Дар хонаи кӯдакони рақами як 74 чунин навзодону кӯдакони зиндаятим ба сар мебаранд. Волидони ин атфол зиндаву солиманд, вале ба гуфти Мизробшоҳ Шарипов, раҳбари ин парваришгоҳ, онҳо бо сабабҳои мухталиф аз атфоли худ даст кашидаанд:


«Ҳаст кӯдаконе, ки духтарони ҷавон ва бешавҳар бидуни хоҳиши худ ҳомиладор шуда, аз он даст кашидаанд. Ҳаст кӯдаконе, ки модаронашон шароит надоранд, падаронашон онҳоро партофта ба Русия рафтаанд ва аслан кумак намекунанд. Бархе дигар фалаҷу беморанд. Боз бархе аз оилаҳо бо сабаби вазъи бади молии хонаводагӣ муваққатан кӯдаконашонро ба ин хонаи кӯдакон гузоштаанд».

Дар хонаи кӯдакону навзодони №1 атфоли аз 3-рӯза то 4-сола нигоҳубин мешаванд. Ба гуфти оқои Мизробшоҳ, теъдоди атфоле, ки ба тарбияи ин парваришгоҳ гузошта мешаванд, назар ба 1 ва 2 соли қабл коҳиш ёфтааст, аммо ба қавли ӯ, теъдоди хоҳишмандони ба фарзандхонӣ қабул кардани кӯдакон афзуда аст.





Воқеан замони ҳузури мо ҳам дар хонаи кӯдакон чанд зане барои сӯҳбат дар ин маврид пушти дари раҳбари парваришгоҳ навбат мепоиданд.

Замира, яке аз ин занон, ки бефарзанд аст ва мехоҳад аз хонаи навзодон кӯдаки 1 ё 2 моҳаеро ба фарзандӣ хонад, гуфт, «23 сол шуд бефарзанд ҳастем. Шавҳарам аз наздиконамон кӯдак гирифтан намехоҳанд, чунки метарсанд, ки фардо калон шуд омада мегиранд. Чунин ҳодисаҳо зиёданд. Ва бо роҳи расмӣ ва қонунӣ мехоҳем ягон духтарчаро ба фарзандӣ гирем ва бепарво калон кунем. Шавҳарам бештар духтар доштан мехоҳанд».

Мусоҳиби дигари мо, ки низ бо ҳадафи соҳиби фарзанд шудан ба ин парваришгоҳ омадааст, мегӯяд, бо дидани кӯдакони муштоқи дидори модар, мехоҳад чанд нафар аз онҳоро бо худ бубарад. Аммо муқаррароти печидаву расмиёти хастакунандаи фарзандхонӣ монеъи чунин орзӯи ӯ мешавад:

«Ин кӯдакон фикр мекунанд, ки мо модари онҳоем ва барои бурдани онҳо омадаем, ҳамаи онҳо давида наздамон омаданд. Рости диламон бисёр ба ин кӯдакон месузад. Онҳо модар доштан мехоҳанд ва хеле ниёз доранд ба мо. Барои ҳамин, фикр мекунам, бояд ҳамин ҳуҷҷату коғазбозиҳо камтар шавад то нафарони бефарзанд, ки зиёданд чунин одамон онҳоро ба фарзандӣ гиранд. Аз оне, ки дар ин ҷо бо гардани каҷ мунтазири модари худ зиндагӣ кунанд ин беҳтар аст. Аз радио ва телевизион мешунавем, ки мегӯянд, кӯдакон зиёданд ва омада ба фарзандӣ гиред, омадем ина 5 моҳ аст даводав дорем. Аз ноҳияву деҳоти дурдаст шахс боумед меояд ва мушкил аст барояш».

Ба андешаи бархе аз коршинсон ҳамин ҳуҷҷатнигории мурракаб аст, ки баъзан волидон бо роҳҳои ғайриқонунӣ фарзандони худро ба каси дигар медиҳанд ва ё ба кӯдакфурушӣ ҳам муттаҳам мешаванд. Аммо раҳбари хонаи кӯдакони рақами як мегӯяд, барои огоҳ будан аз тақдири баъдии ятимон онҳо бояд чунин рафтор кунанд:

«Барои он, ки фардо ҳамон шахс кӯдакро бо ягон ҳадафи дигар истифода набарад, мо бояд аз ҳар ҷиҳат ӯро омӯзем, ки мисол ҳамон одам касали руҳӣ нест, то баъдан таъсираш ба кӯдак нарасад. Аз ҳамин лиҳоз ҳуҷҷатнигорӣ мешавад. Вале барои нафаре, ки соҳиби фарзанд шудан мехоҳад, ин раванд чандон мушкил нест».

Вале барои кӯдакони зиндаятиму ташнаи меҳру муҳаббати модарӣ, ки аз санаду санадбозӣ бехабаранд, ин ҳама муҳим нест. Муҳим он аст, ки ҳарчӣ зуд, барои худ модаре меҳрубону мушфиқ пайдо кунанд, то нозашонро бардорад ва ҳар вақт, ки хоҳанд, худро ба оғӯшаш андозанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG