Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми кӯдакони тоҷик ба калонсолон


Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон 19-умин солгарди қабули Қатъномаи ҷаҳонии ҳуқуқи кӯдак таҷлил гардид.

Ширкаткунандагони он -- асосан кӯдакону наврасон, пас аз маҳфмили шодбош ва ҳунарнамоии дастаҳои кӯдакона ба унвони калонсолон як муроҷиатнома қабул карданд.

Дар ин муроҷиатнома кӯдакони тоҷик аз калонсолони Тоҷикистон хоҳиш карданд, хурдсолонро наозоранд, ҳуқуқи онҳоро поймол накунанд, ба таълиму тарбияи онҳо мусоидат намоянд.

Ин паёми дардолуди кӯдакон дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳамаи душвориҳои зиндагӣ дар Тоҷикистон дар навбати аввал ба онҳо зарба мезанад. Онҳо хӯроки серӣ ва тоза надоранд, бо сабаби белибосӣ аз таҳсил дур мемонанд, муҳоҷирати корӣ онҳоро аз навозиш ва тарбияи падар ва гоҳе ҳатто модар низ маҳрум мекунад.

Дар сардиҳои зимистон пеш аз ҳама ҷисми нозуки онҳо бемор мешавад ва ба ҷои лаззати кӯдакӣ, онҳо маҷбур мешаванд, дар шароити сангине кори сиёҳ кунанд ва ба хонаводаи худ кӯмак намоянд.

Ёдовар мешавем, Қатъномаи ҷаҳонии ҳуқуқи кӯдак 20-ум ноябри соли 1989 дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал ба тасвиб расида, як санади ҳуқуқи байнулмилалист, ки тибқи он ҳукуматҳо риояти ҳуқуқи кӯдаконро бар ӯҳда гирифтааст, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, дастрасӣ ба комёбиҳои фарҳангии ҷаҳон, истироҳат ва бачагии хушбахтона.

Ин санад аз 54 банд иборат аст ва ҳукуматҳое, ки онро имзо кардаанд, аз ҷумла Тоҷикистон низ ӯҳдадор шудаанд, ки на танҳо чунин ҳаққу ҳуқуқи кӯдаконро таъмин мекунанд, балки рушди ҳамаҷонибаи инсонии онҳоро дар шароити озод аз гуруснагиву ниёзмандӣ, бераҳмию хушунат, истисмор ва дигар суистифодаҳо кафолат медиҳанд.

Аммо дар воқеъият бисёр кам давлатҳое шартҳои ин санади имзокардаи худро ба иҷро мерасонанд, ки як намунаашро дар мисоли Тоҷикистон метавон дид.
XS
SM
MD
LG