Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайати Иттиҳодияи Аврупо барои баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба Душанбе омада ҳадаф дорад таи се рӯз бо мақомоти дахлдори ин кишвар, бархе сиёсатмадорону фаъолони созмонҳои ҷамъиятӣ ин масоилро дар миён гузорад.

Ин сафар дар чаҳорчӯби Стратегияи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Миёна сурат гирифтааст, ки соли гузашта аз ҷониби ин кишварҳо ба тасвиб расид. Яке аз вазифаҳои ин стротежӣ марбут ба роҳандозии гуфтугӯҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар масоили ҳуқуқи башар мебошад. Ҳайати мазкур дар доираи салоҳиятҳои ин барнома ба Узбакистону Туркманистон, Қирғизистону Қазоқистон сафар карда, бо онҳо роҷеъ ба мушкилоти марбут ба ҳуқуқи инсон дар бахшҳои озодии мазҳаб, озодии баён, ҳақи фаъолияти бемушкили ҳизбҳои сиёсӣ ва мухолифин, вазъи зиндонҳо ва низоми додгустарӣ, ҳуқуқи кӯдак музокираҳо ба роҳ мондааст.

Ва инак, навбати Тоҷикистон ҳам расидааст, то ки ин масоил дар кишваре, ки аз ҷониби созмонҳои дохиливу хориҷии мудофеи ҳуқуқи инсон зиёд танқид мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Аз Риина Кионка, намояндаи вижаи раҳбари Иттиҳодияи Аврупо дар масоили ҳуқуқи башар, ки дар Душанбе ба сар мебарад, нахуст суол кардем, ки бо мақомоти Тоҷикистон кадом масоилро дар миён хоҳад гузошт. Вай гуфт:

"Рӯзи ҷумъа бо мақомоти Тоҷикистон мо роҷеъ ба масоили зиёд сӯҳбат хоҳем кард, аз ҷумла роҷеъ ба ислоҳот дар низоми додгустарӣ, ҳукми эъдом, озодии ташкили анҷуману ҷамъомадҳо, ҳуқуқи кӯдакон ва занон. Албатта, озодии баён ва озодии матбуот ва иттилоот барои Иттиҳодияи Аврупо хеле ва оҷилан муҳим аст ва аз ҳамин хотир, мо ният дорем, ки бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндаҳои ҳизбҳои мухолифин дар ин бора гуфтугӯҳо анҷом диҳем".

- Аммо кадом масъалаҳо аз назари Иттиҳодияи Аврупо дар бахши ҳуқуқи башари Тоҷикистон шадидан мавриди нигаронӣ мебошад?

"Ин ҷо чанд масоили мавриди нигаронӣ вуҷуд дорад ва мо омадем, ки дар бораи онҳо ва роҳҳалҳои онҳо сӯҳбат кунем, дарк кунем, ки мушкили ҳалли онҳо дар чист? Яке аз масъалаҳои аслии мавриди баҳси мо бо мақомоти Тоҷикистон вазъи низоми додгустарӣ ва зарурати роҳандозии ислоҳотӣ ҷиддӣ дар ин самт мешавад. Дар баробари масоили дигари ишоракардаам, барои мо хеле муҳим аст, ки бидонем, вазъи инсон аз назари ҳуқуқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ин кишвар чӣ гуна аст ва оё ҳақи мардум барои дастрасӣ ба хадамоти беҳдошт ва таҳсил чӣ гуна таъмин мешавад".

- Албатта ин ҳама хеле муҳим, аммо дар айни замон андак умумӣ аст. Дар вақтҳои охир Тоҷикистон аз назари маҳдуд будани фаъолияти гурӯҳҳои мазҳабӣ дар ин кишвар, аз лиҳози фишор болои фаъолияти ҳизбҳои мухолифин ва дахолат ба умури онҳо, басташавии нашрияҳои шадидлаҳн ва танқидкунандаи ашаддии мақомоти давлатӣ зиёд танқид мешавад. Аз назари шахсан шумо чун як намояндаи баландмақоми Иттиҳодияи Аврупо вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар кадом поя қарор дорад?

"Ба фикри ман, агар ҳама чиз дар Тоҷикистон мутобиқи муқаррарот мебуд, мо ин ҷо намеомадем. Ман бояд таъкид кунам, ки ҳаллу фасл, пешбурд ва ташвиқи арзишҳои ҳуқуқи башар он чизест, ки ҳама кишварҳо, ба иловаи Иттиҳодияи Аврупо муваззаф ҳастанд, ки риоя кунанд. Ва он воқеият, ки мо имрӯз дар Душанбе ҳастем, худ аломати вуҷуди нигаронии мо аз мушкилоти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст. Ман ҳоло намехоҳам хусусияти гуфтугӯҳои рӯзи ҷумъаро пешдоварӣ кунам, аммо он ки Тоҷикистон омода аст дар ин мавзуъҳо музокира барпо кунад, худ як аломати мусбат аст".

Рӯзи ҷумъа дар пайи диду боздидҳои хонум Риина Кионка, намояндаи вижаи раҳбари Иттиҳодияи Аврупо дар масоили ҳуқуқи башар бо мақомоти Тоҷикистон, дар Душанбе нишасти матбуотие барои расонаҳои дохиливу хориҷӣ дар ин замина доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG