Пайвандҳои дастрасӣ

Дар маркази ноҳияи Рушон маросими ба истифода додани хобгоҳ барои 150 нафар тарбиятгирандагони интернати кӯдакони ятим ва бепарастор баргузор гардид.

Ба гуфтаи мудири ин интернати вилояти Кабудсор Амалдодова, алҳол дар ин ҷо 80 нафар ятимону бепарасторон аз манотиқи мухталифи вилоят таълиму тарбия гирифта, хобгоҳи нав имконият фароҳам сохтааст, ки дар соли нави таҳсил шумораашон ба 150 кас расонда шавад. Вай баён дошт, ки аммо ҳамасола наздик ба 700 нафар ба онҳо муроҷиат мекунанд, ки бинобар вазъи душвори иҷтимоии хонаводаҳояшон мехоҳанд фарзандонашонро дар интернат ҷой диҳанд.

Парвинаи Одиназода, як тарбиятгирандаи интернат, баён дошт, ки вай бармаҳал аз меҳрубонии модар маҳрум шуда, падарашон бинобар сангин шудани вазъи иҷтимоии хонаводаи серфарзанд маҷбур гардидааст ӯро ба парваришгоҳ супорад. Парвина афзуд, ки танҳо аз ноҳияи Ишкошим 13 нафар чунин кӯдакони ятим ва бепарастормонда дар интернат таҳсил доранд.

Абдураҳим Мирзобеков, як тарбиятгирандаи дигари интернат, гуфт, ки пас аз фавти падар ва пеш омадани душвории иҷтимои хонаводаашон парваришгоҳ ӯро ба сарпарасти гирифт. Вай афзуд, ки модараш гоҳ-гоҳе аз маҳалли дурдаст ба дидорбиниаш меояд, вале бештари вақти холии худ ва шариконашро бо хондани суруд рангин месозад.

Хобгоҳи нав бо кумаки молии Бунёди Оғохон ва ташкилоти ҷамъияти «Нур» сохта ва барояш 300 ҳазор доллар масраф шудааст. Шаҳрванди Бритониё Заррина Кераҷ, раиси шӯрои ин ташкилот, гуфт, ки фикри таъсиси «Нур», як ташкилоте, ки расондани кумак ба кӯдакони маълул ва бепарасторро ҳадаф қарор додааст, чанд сол қабл ба дунболи муроҷиати 9 нафар бонувони маркази вилоят дар мавриди ҳалли мушкилоти кӯдакони маълулашон ба вай арзи вуҷуд кардааст. Зарина Кераҷ изҳор дошт, ки то ин муддат «Нур» бо ҷалби сармояи хусусии шаҳрвандони Амрико, Бритониё, Канада ва муассисаҳои байнулмиллали лоиҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ба мисли бунёди маркази омӯзиши кудакони маълул дар Хоруғ, сохтмони макотиб дар ноҳияи Шуғнон, боғчаи бачагона дар ноҳияи Дарвоз ва алҳол хобгоҳ барои интернати вилояти дар Рушонро амали сохта, ба мактаб-интернати бар асари сухтор зарардида дар Душанбе кумак кардаанд.

Дар ҳамин ҳол мудири интернат набуди мактаби алоҳида барои ятимон ва бепарасторонро мушкилоти асосӣ унвон кард. Вай гуфт, ки таҳсил дар мактаби умумӣ баъзан боиси эҷоди мушкилоти равонӣ дар муносибати тарбиятгирандагон ва хонандагон гардида, аз сӯи дигар ба интернат имкон намедиҳад, ки барномаи махсуси таълимиашро амалӣ кунад.

Аммо раиси ноҳия Қобиламо Ғуломшоева изҳор дошт, ки бо супориши президенти кишвар ба мақсади сохтмони мактаб-интернат барои 650 кас дар маркази ноҳия ду гектар замин ҷудо ва корҳои

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG