Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон як рӯз дарҳои худро рӯи кӯдакони ятиму бепарастори тоҷик боз кард.

Ҳудуди 130 кӯдаку навраси хона-интернати шаҳри Турсунзода имкон доштанд аз ҳама кунҷу канори яке аз бузургтарин намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ дидан кунанд ва бозичаву тӯҳфаҳо ҳам бигиранд. Он рӯз ин сафорат боғи фароғатии кӯдаконаеро мемонд, ки гурӯҳе аз хурдсолону наврасон фулболу волейбол бозӣ мекарданд, гурӯҳи дигар бо расмкашӣ машғул шуда, дигарон дар ҳавзе оббозӣ мекарданд.

Хулоса маълум буд, ки барои пазироии ин меҳмончаҳо аз пеш ва хеле хуб омода шуда буданд. Меҳмонҳо озод буданд, кӯдакон медавиданду мепариданд, ҳатто худи кормандони сафорат ҳам дар хизмати онҳо буданд ва бо хости бачаҳо ҳамроҳашон бозиҳо ташкил карда шодӣ мекарданд. Ва дар ин фазо ҳеҷ кас эҳсоси бегонагӣ намекард, чунки ҳама бо як забони байнулмилалӣ - забони кӯдак сӯҳбат мекарданд.

Берна Дета, як афсари нерӯҳои баҳрии пиёданизоми намояндагии Амрико дар Тоҷикистон ва яке аз ташкилкунанданони ин маъракаи хайриявӣ бо исми "Бозичаҳо барои кӯдакон", мегӯяд, ҳамасола ба хотири хушҳол кардани кӯдакони ятими тоҷик онҳо ин чорабиниро ташкил мекунанд:

«Вале имсол мо тасмим гирифтем, ки кӯдаконро ба ин ҷо даъват ва бо онҳо бозиву шодӣ кунем. Ин хеле муҳим аст ва кӯдакон бояд дарк кунанд, ки одамон нисбати онҳо беттаваҷҷӯҳ нестанд. Ҳамкорони мо рӯзи истироҳат бо хоҳиши худ омадаанд то бо ин кӯдакон бошанд ва ин рӯзи худро ба онҳо бубахшанд. Яъне атфоли ятим бояд бовар кунанд, ки ҷомеа нисбати онҳо бетаваҷҷӯҳ нест. Ва ин ҳама чизҳоеро, ки шумо ҳоло мебинед, яъне ин ҳама бозичаву қаламу коғазро кӯдакон метавонанд баъдан бо худ бубаранд».

Ҳакимҷон Риёев, раҳбари хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода, мегӯяд, бори охир кӯдакон ду сол қабл бо чунин як иқдоме аз мактаб-интернат берун баромад буданд. Ва ба қавли ӯ, ин даъват ба яке аз бузургтарин намояндагиҳои дипломатӣ барои кӯдакону наврасон ҷиҳати омӯзишиву тарбиявӣ ҳам дорад:

«Оламро дидану омӯхтан лозим. Ҳозир ҳама тарбиятгирандагону муррабияҳои хона-интернати мо акнун медонанд, ки Амрикои пурқувват дар Тоҷикистон сафоратхона доштааст ва бо кормандони сафоратхона ҳам сӯҳбат шуданд. Ин воқеан ҷиҳати тарбиявӣ дорад».

Кӯдаку наврасон ҳама рӯи сабзаҳои майдони атрофи сафорати Амрико шӯхиву бозӣ мекарданд, зоҳиран ҳама шоду хушҳол буданд ва барои чанд соат ҳар яки онҳо сарнавишти талху хоси худро фаромӯш карда буданд. Бархеро нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ бепадар кардааст, вале волидони аксарият дар қайди ҳаётанд онҳо соҳиби ё падар ва ё модаранд, танҳо тангдастӣ ва ё пош хурдани оилаҳо боиси дур гаштани онҳо аз меҳри волидайн шудааст.

Ба духтараке наздик мешавам, ки рӯи қоғаз расм мекашад. Меҳварой ҳар чизе, ки дилаш хостааст тасвир кардаву навиштааст. Дар байни расҳои кашидаи худ, яъне кӯҳу офтоб ва дарахту гулҳо, Меҳварой навиштааст «Ман хондан мехоҳам». Ин духарак, баъди тарки оила кардани падар дар тарбияи модари танҳо имкони хондан ва таҳсил карданро надоштааст. Акнун ӯ хонда ва навишта метавонад.

Сарнавишти Фарҳод ҳам ба Меҳварой монанд аст. Ӯро низ модараш аз тангдастӣ ба хона интернат оварда худ барои дарёфти маблағ ва хариди манзил ба Русия рафтааст. Вай мегӯяд, «маро партофта рафт, гуфт, ки онҷо мушкил мешавад бо шумо ва танҳо апаамро бо худ бурд. Очаам гуфт, кор карда пул ҷамъ кунам, омада шуморо ҳам ҳамроҳам мебарам. Ба интернат занг мезанад аз Русия, аз аҳволам мепурсад. Мехостам, ки вай зудтар биёяд ва ман бо модарам бошам».

Саъдулло, яке аз дигар тарбиятгирандагони хона-интернати шаҳри Турсунзода, ки бесарусомониҳо дар кишвар ӯро бепадар кардааст, истеъдоди шоирӣ дорад ва мавзӯҳои аслии шеърҳои шогирдонаи ӯ ҳам дар васфи падару модар аст:

Ин беди баланд нукакаш манбаи нуре,
Ман ба тура чӣ роҳӣ кунам, эй модари дур,
На аспи равон дорам на хотири пур
Ғам аз роҳи дур мехурам, ҷабр аз раҳи дур


Орзуи Саъдуллои ятим ба ӯҳда доштани раҳбарии ягон хона-интернат будааст. Ӯ мехоҳад ба таълиму тарбияи атфоли мисли худ ятиму дур аз оғӯши модар машғул шавад.

Аммо Саид орзуҳои калонтарро дар дил мепарварад. Вай бонкдор шудан мехоҳад, то имкони ташкили хона-интернати бо ҳама шароит таъминро дошта бошад. Вай мегӯд, «мехоҳам, ки ба ин орзуям расам ва раиси бонк, ки шудам, ҳамеша дар хизмати чунин хонаҳои ятимон бошам».

Ба гуфтаи масъулини хона-интернати шаҳри Турсунзода ҳамасола шумори кӯдаконе, ки ба тарбияи онҳо вогузошта мешавад, меафзояд. Аммо ҳамаи онҳо аксаран бо як умед зиндагӣ мекунанд: чашм ба роҳи падару модари худ ҳастанд, ки рӯзе ба суроғашон омада онҳоро ба хона мебаранд.

Саъдулло, навраси ятиму шоир, ин шеърро замзама мекунад:

Эй падари ҷон, биё падарим бикун,
Офтоб задаам биё соягим бикун.
Офтоб задаам, ки бо амри Худое
Танҳо мондаме, биё соҳибим бикун.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG