Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон маҳдудтар мешаванд


Коммиссияи озодиҳои динии Амрико қонуни дини Тоҷикистонро маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ унвон кардааст.

Рӯзи ҷумъа ниҳоди нозири озодии дин, ки аз тарафи Конгресси ИМА сармоягузорӣ мешавад, иброз дошт: маҳдуд кардани озодиҳои динӣ дар Русия, Туркия, Тоҷикистон, Сомалӣ, Лаос ва Венесуэла бештар шудааст. Аз ин рӯ, Комиссияи амрикоии озодиҳои байналмилалии динӣ ин шаш кишварро дар рӯйхати мавриди назорати хоси худ ҷой медиҳад. Ниҳоди мазкур таъкид мекунад, ки дар ин кишварҳо ҳаққи ибодат ва ё ҳаққи ибодат ба тавре, ки онҳо мехоҳанд, бо таҳдид мувоҷеҳ мебошад.

Комиссияи амрикоии озодиҳои байналмилалии динӣ мегӯяд, дар ҳоле ки Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, озодии тоату ибодатро
Моҳи март раисиҷумҳури Тоҷикистон қонуни нави динро имзо кард, ки санади маҳдудкунада қаламдод шудааст.
кафолат медиҳад, қонун ва мақомоти ин ҷумҳурӣ сиёсати маҳдудкунандаи ин ҳуқуқро пеш гирифтаанд. Ба гуфтаи ин ниҳоди нозир, кӯшишҳои муроқибати аз ҳад зиёди муассисаҳои давлатии Тоҷикистон ба тоату ибодати мусулмонон ва баъзе ҷамоаҳои динӣ, ки аз тарафи ҳукумат ҳамчун созмонҳои зери нуфузи хориҷиён арзёбӣ мешаванд, асар мегузорад.

Муаллифони гузориш ёдовар шудаанд, ки моҳи марти соли 2009-ум президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонуни нави дин дар Тоҷикистонро имзо кард, ки ба ҳайси санади маҳдудкунанда қаламдод шудааст. Комиссия хотирнишон мекунад, ки аснои таҳия ва арзёбии қонуни дин ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои мадании дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ҳамчунон гузоришгари хоси СММ ҳушдор дода буданд, ки тасвиби санад дар шакли мавҷуда фаъолиятҳои динӣ ва ба вижа тоату ибодати ақаллиятҳои мазҳабиро маҳдуд мекунад.

Муаллифони гузориши солонаи Комиссияи амрикоии озодиҳои байналмилалии динӣ аз бунгоҳи мустақили Форум-18, ки вазъи динҳову ибодат дар мамолики мухталифи оламро пажӯҳиш мекунад, иқтибос овардаанд, ки дар замимаи қонуни нави дин дар Тоҷикистон мақоми хоси мазҳаби ҳанафии дини Ислом эътироф шуда, ҳарфе дар бораи нақши муҳими мазҳаби исмоилӣ ба чашм намехӯрад.

Дар гузориш ҳамчунон зикр шудааст, ки қонуни нави дин сабти номи масҷидҳо, ташкили мактабҳои динӣ ва таълими наврасон дар ин мактабҳоро пур печу тоб кардааст. Муаллифони гузориши Комиссияи амрикоии озодиҳои байналмилалии динӣ ишора кардаанд, ки акнун салоҳиятҳои бахши умури динии вазорати фарҳанги Тоҷикистон тавсеа ёфтаанд ва ҳар созмони динӣ барои даъвати меҳмонони хориҷӣ бо ҳадафҳои марбут бо дин , таълими динӣ ва нашри адабиёти динӣ бояд иҷозатномаи пешакии вазорати фарҳангро дарёфт намояд.

Дар идомаи гузориши ниҳоди амрикоии нозири умури динӣ таъкид шудааст, қонун дар бораи танзими расму оин, ки бо мақсади коҳиши харҷи пул қабул шудааст, имкон намедиҳад, мардум тӯйҳои арӯсӣ, маросими дафн, зодрӯзи паёмбари Ислом ва ё дигар чорабиниҳои муҳими мазҳабиву диниро ба таври барояшон мақбул пешвоз гиранд.

Сипас комиссияи амрикоӣ милликунонии Донишгоҳи мустақили Исломӣ, фатвои манъи ҳузури занон дар масҷидҳо, манъи пӯшидани ҳиҷоб дар мактабу донишгоҳҳо, ҳамчунон баста шудани як идда муассисаҳои динии ғайри исломӣ ва тахриби канисаи яҳудии шаҳри Душанберо хотирнишон намуда, аз ҳукумати ИМА даъват кардааст, ҳукумати Тоҷикистон ва президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба тасдиқи садоқаташон ба ӯҳдадориҳои байналмилалии ин кишвар ташвиқ кунад.

Комиссияи амрикоии озодиҳои байналмилалии динӣ машварат додааст, ки мақомоти ИМА дар ҳамкорӣ бо мансабдорони ҳукумати Тоҷикистон, вакилони мардумии ин кишвар, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи маданӣ саъй намоянд, то аз тариқи вуруди ислоҳот қонуни дини Тоҷикистонро бо ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаи дину ибодат ҳамнаво сохта, муҳокимаи раҳбарони ҷамоаҳои динӣ, аъзои ҷамоаҳои динӣ ва умуман, ҷамоаҳои динии мувоҷеҳ бо лағви муҷҷавизи фаъолият дар додгоҳҳои Тоҷикистонро пайгирӣ кунад.

Ба ақидаи муаллифони гузориши Комиссияи амрикоии озодиҳои байналмилалии динӣ, ташкили курсҳои таълими қонунҳои шаҳрвандӣ ва меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба додгустарон, додситонҳо ва расонаҳои хабарии Тоҷикистон дар ҳалли ин масъала кумак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG