Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Мактаб рафтам бо рӯймол намонданд, гуфтанд рӯймолатро гир баъд биё ва ман дигар нарафтам. Ҳаммаи дугонаҳом мактаб мераванд ман ҳам мехостам, ки мактаб хонам”.

Руйсари монеъи таҳсили Марями 7-сола дар мактаби миёна шудааст. Вай мебоист рӯзи якуми сентябр мисли ҳазорҳо ҳамсолонаш ба мактаб рафта, омӯзиши нахустин ҳарфҳои алифборо шурӯъ мекард. Вале ӯро танҳо бо айби он, ки мисли духтарони дигар либоси ягонаи мактабӣ ба бар накардааст ва, гузашта аз ин, ҳиҷоб дорад, иҷозаи вуруд ба яке аз мактабҳои пойтахтро надодаанд.

Руқия Нурӣ, аммаи Марям ва духтари марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ - раҳбари пешини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, бародарзодаи хурдсоли ӯ маҷбур аст, акнун таҳсили худро дар мактаби махсуси эрониҳои муқими Душанбе оғоз намояд: «Рафтем гимназияи «Сарпараст», ки шароити хеле хуб ҳам дорад. Гуфтанд, ки аслан бояд рӯймол дар сараш накунад. Мо гуфтем намешавад. Гуфтанд, агар нашавад, пас ба мактаб наоред ӯро. Ман ӯро ба мактаби эрониҳо мебарам, онҳо албатта бо оғуши боз қабул мекунанд, вале ман намедонам чӣ посух гӯям».

Бо ин вуҷуд, ин аввалин баҳси мақомоти вазорати маорифи Тоҷикистон бо рӯсаридорон нест. Қазияи нахустин ва пурсарусадои баҳси додгоҳии донишҷӯдухтари ҳиҷобпӯши Донишгоҳи забонҳои Душанбе Давлатмоҳ Исмоиловаро бо вазорати маориф бисёриҳо ёд доранд, ки ба хотири саркашӣ аз дастури вазири маориф ба донишгоҳ роҳ дода нашуд. Рӯзи якуми сентябр айнан ҳамингуна як духтари дигари ҳиҷобпӯш - Хадичаи Раҳимзод, донишҷӯи донишгоҳи Кӯлоб, барои бо ҳиҷоби исломӣ ҳозир шуданаш ба дарс роҳ дода нашуд.

Зарафо Раҳмонӣ, узви олии раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ, мегӯяд, ҳамарӯза духтарони зиёде бо дархости кӯмак дари ҳизбро мекӯбанд, аммо ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз пешниҳоди машварат аз дасти онҳо дигар коре намеояд:

“Дигар чорае ҳам надорем, ки ба онҳо кӯмак расонем, чун чанд дафъае, ки ҳамроҳи духтарон дар донишгоҳу мактабҳои миёна будем, аз масъулин танҳо як гапро мешунидем - «мо аз боло иҷозат надорем». Мо худамонам ҳайронем, ки ин боло кист ва чист ва чаро ин қадар тарс аз ин навъи либоспӯшӣ доранд”.

Бештари ҳамсӯҳбатони мо мӯътақиданд, ки ҳиҷоб сабаби аслии дур мондани

Бештари ҳамсӯҳбатон мӯътақиданд, ки ҳиҷоб сабаби дур мондани иддае аз духтарони тоҷик аз таҳсил мешавад ...

духтарон аз таҳсил шудааст. Зеро агар иддае аз духтарон ба хотири соҳибмаълумот гардидан тарки рӯсарӣ кунанд, аксарияти онҳо тарки мактаб мекунанд. Таҳмина, мусоҳиби сездаҳсолаи моро низ гирдоби тақдир ба чунин ҳол афкандааст. Вай мегӯяд, агар масъулони мактаб намегузоштанд, ки вай бо рӯйсарӣ ба мактаб биёяд, падараш иҷоза намедиҳад, ки ӯ бидуни рӯйсарӣ ба мактаб равад. Хулоса, ӯ ҳоло дигар хонанда нест:

“Ман бояд имсол синфи 7 мерафтам, вале нарафтам. Имсол рӯймоли калон бастам, муаллим намонд ва падарам мегӯяд: «сатр банд, аз Худо тарсидан даркор. Шавҳар карда меравӣ, мактаб чандон муҳим ҳам нест барои ту”.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, ҳанӯз моҳи марти соли гузашта, бо қабули тасмими манъи ҳиҷоб дар донишгоҳҳо пӯшидани рӯсарӣ ва либосҳои урёни аврупоиро дар дарсҳо хилофи қавонини маориф номида, таъкид дошта буд, ки “Сару либоси мактаби муайян аст барои мактаби давлатӣ, чаро риоя намешавад? Дар тамоми дунё ҳар нафаре, ки қойидаҳои донишҷӯиро риоя накард, ҳар кадомаш банд дорад ва дар банди алоҳида навишта шудааст, ки бино бар сабабе, он ки қоидаҳои донишҷӯи риоя карда намешавад, аз донишгоҳ озод карда мешавад. Нуқта!”

Вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов мегӯяд, пӯшидани рӯсарӣ дар мактаб хилофи қонунҳои маориф аст

Ва аммо бо вуҷуди манъи либоси мазҳабӣ ва рӯйсарӣ дар донишгоҳҳо, теъдоди духтароне, ки рӯ ба чунин навъи либос овардаанд, рӯз ба рӯз бештар мегардад. Тайи солҳои ахир ҳиҷоб ва навъҳои мухталифи либоси исломӣ дар баробари либоси аврупоӣ миёни духтарони тоҷик хеле роиҷ шудааст. Ва на танҳо байни духтароне, ки аз хонаводаҳои мазҳабӣ ҳастанд, балки миёни духтароне ҳам, ки дар хонаводаашон аксаран аз фарҳанги аврупоӣ пайгирӣ мекунанд, пӯшиши либоси исломӣ роиҷ шудааст.

Бо Шаҳлои Нурзода, ки 20 сол дошта, муҳассили коллеҷи рассомии пойтахт будааст, дар яке аз кӯчаҳои Душанбе вохӯрдам. Вай дар тан либоси хеле ҷолиб дошт: красовка, ё пойафзоли варзишӣ ва шими ҷинси замонавӣ, куртаи гиребондору остин дароз ва дар сар рӯймол, ки ҳамчунон ба тарзи замонавӣ баста шудааст. Шаҳло мегӯяд, 2 сол қабл ӯро танҳо бо шими танги ҷинс ва куртаву доманҳои кӯтоҳ дидан мумкин буд. Ӯ ва хоҳаронаш баъд аз як сафари хоҳари бузургашон ба Эрон рӯ ба чунин навъи либос овардаанд: “Либосе, ки ман мепушам, на кампирона ҳаст ва на чизи дигар. Замонавӣ ва ҷавонӣ ва ҳамзамон либоси исломӣ аст».

Вале Гулчеҳра мусоҳиби дигари 26-солаи мо дар хонаводаашон танҳо зане будааст, ки рӯсарӣ дорад. Гулчеҳра дар кошонаи ороиши рӯю мӯй дар маркази Душанбе кор мекунад, вале тайи ду сол аст, ба ҷуз шавҳару наздиконаш дигар касе тарзи ороиши мӯйи худи ӯро мушоҳида накардааст. Вай мегӯяд, баъд аз мутолиаи адабиёти мазҳабии марбут ба дини Ислом ба қароре омадааст, ки пӯшиши ҳиҷоб барояш ҳатмист:

“Ҳамеша вақте китоб мехондам, ба фикр фурӯ мерафтам ва дар ман як ҳиссе пайдо мешуд. Парвардигор рӯймолро барои ҳар як духтар фарз гардонидааст ва ҳар як духтар қабл аз гирифтани ин либос хеле фикр мекунад, чун ин яксола дусола не, балки барои тамоми ҳайёт аст. Нафси одам ганда аст, шайтон ба ҳар кучаҳо мебарад. Масалан, ҳар рӯз либосҳои хеле зебову рангоранги аврупоӣ ба фуруш мебарояд ва ҳавас мекунӣ, лекин бояд тоқат кунӣ. Ман, масалан, то ҳол боре аз либоси интихоб кардаам пушаймони нахурдаам”.

Давлатмоҳ Исмоилова, донишҷӯи Донишгоҳи забонҳои Душанбе, барои манъи ҳиҷоб вазири маорифи Тоҷикистонро ба додгоҳ кашида буд

Аммо хонум Гулчеҳра мегӯяд, ин тасмими ӯ аз ҷониби наздиконаш ба осонӣ қабул нашудаву дар кораш ҳам як муддати аввал мушкил эҷод кардааст: “Бисёр одамҳо, клиентҳо мебинанд, ки рӯймол дорӣ, пешат намеоянд, метарсанд, ки мӯйҳояшонро хуб оройиш дода наметавонам. Соли якуми сатрпушиам бароям бисёр мушкил буд ва ҳамкору дугонаҳоям мегуфтанд, ки «э Гуля, барои чӣ рӯймол гирифтӣ? Ҳоло ту ҷавонӣ.”

Таҳлилгарон сабабҳои якбора рӯ овардани духтарони тоҷик ба навъҳои либоси исломиро ба гунаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Бархе мегӯянд, зиёд намоиш додани филмҳои исломӣ аз як тараф ва аз тарафи дигар афзоиши таблиғу даъватҳои исломӣ дар байни мардум ба пӯшиши либосҳои мазҳабӣ сабаб шудааст. Аз ҷумла, коршинос Саъдӣ Юсуфӣ мегӯяд, яке аз иллатҳои роиҷ шудани навъи либоси исломӣ дар Тоҷикистон рафтуои пайвастаи бархе аз сокинон, ба вижа ҷавонон, ба кишварҳои арабӣ аст

Ва аммо Зарафо Раҳмонӣ, узви олии раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ бар ин бовар аст, ки на ҳама ҷавондухтароне, ки рӯ ба пӯшиши либосҳои мазҳабӣ овардаанд дар эътиқоди худ устуворанд. Ба қавли ӯ, бархе аз духтарон танҳо аз руйи ҳавою ҳавас ҳиҷоб мепӯшанд, ки ба талаботи дини Ислом ҷавобгӯ нест: “Давлатмоҳ Исмоиловаро як муддат тамоми расонаҳои дохиливу хориҷӣ дар борааш ӯ ҳарф мезаданд, мақолаҳо менавиштанд ва мушоҳида кардем, ки духтароҳое ҳам пайдо шуданд, ки мисли ӯ мехостанд қаҳрамонӣ кунанд ва шуҳрат ба даст оранд. Вале шарти асоси ин аст, ки бояд имон дошта бошӣ ва аз рӯйи тақво, аз рӯйи ақида амал намоӣ”.

Дар ҳамин ҳол, Раъно Бобоҷонова, як таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, интихоби либос ва тарзи пӯшиши он як ҷузви муҳими озодиҳои шаҳрвандии инсон аст ва ҳар кас дар зиндагӣ бояд озодии интихоб дошта бошад. Ба қавли хонум Раъно роҳ наёфтани духтарону занон бо либоси мазҳабӣ ба таҳсилу кор метавонад, шумори бесаводҳову бекорҳоро дар миёни занҳо афзоиш диҳад ва иштироки онҳоро дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар боздорад.

Афзоиши шумори духтарони ҳиҷобпӯш дар ҷомеъаи Тоҷикистон ва ҳамингуна болоравии маҳдудиятҳо барои таҳсили онҳо дар мактабҳои дунявӣ дар ҳолест, ки тайи ду соли гузашта мақомоти Тоҷикистон барои манъи ширкати наврасон дар намозгоҳҳо ва назорат аз болои фаъолияти рӯҳониён иқдоми зиёд ба роҳ мондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG