Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев рӯзи душанбе тарҳи ҷадид ва зиддиунақизи қонуни динро имзо кард.

Ин қонун акнун дар маърази иҷро қарор гирифта, дар роҳи сабти номи муассисаҳои ва созмонҳои динӣ, паҳн кардани адабиёти мазҳабӣ ва ҳамин тавр дар роҳи табдили мазҳаб як силсила монеаҳои сангинтар мегузорад.

Порлумони Қазоқистон низ ду моҳ пеш тарҳи нави қонуни дини он кишварро тасвиб кард, ки ба эътиқоди мухолифонаш, асосан ба нафъи пайравони мазҳабҳои бузург, яъне мусалмонон ва масеҳиёни православ буда, ҳаққи ақаллиятҳои мазҳабиро зери по мекунад. Дар Тоҷикистон низ ду тарҳи мухталифи қонуни дин дар дасти муҳокима қарор дорад.

Қонуни ҷадиди дини Қирғизистон барои таъсиси созмони мазҳабӣ имзо дасти кам 200 пайравро лозим медонад, яъне 20 маротиба бештар аз 10 нафаре, ки қонуни қаблӣ тақозо мекард. Қонуни нав ҳамчунин ҷалби атфол ба созмонҳои мазҳабӣ, тавзеъи адабиёти динӣ дар мавокини ҷамъиятӣ, манзили зисти мардум ва дар макотиби миёнаву олӣ ва кӯдакистонҳоро манъ карда, боисрор ба табдили мазҳаб моил кардани афрод ва фаъолияти ғайрирасмии миссионериро низ манъ мефармояд.

Ин қонун дар ҳоле дар маърази иҷро қарор мегирад, ки Иттиҳодияи Аврупо ва гурӯҳе аз конгрессменҳои амрикоӣ аз раиси ин ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев хоста буданд, қонунеро, ки ба эътиқоди онҳо, озодиҳои мазҳабӣ дар ин кишварро ба маҳдудиятҳои бештаре рӯбарӯ хоҳад кард, имзо накунад. Аммо Қонибек Усмоналиев, раиси кумиссиюни давлатии Қирғизистон дар умури дин мегӯяд, қонуни ҷадид баръакс раванди сабти ном ва фаъолияти созмонҳо ва муассисаҳои таълимии мазҳабӣ, аз ҷумла миссионерҳои хориҷиро хубтар танзим карда, барои бори аввал тартиби паҳн кардани адабиёти динӣ ва гузаштан аз як дин ба дини дигарро мушаххас мекунад.

Муфтиёти мусалмонон ва калисои православӣ аз қонуни ҷадид истиқбол кардаанд. Муфтии Қирғизистон Муродалӣ-Ҳоҷӣ Ҷуманов аз ҷумла гуфт, дар асл, аз як дин намояндагӣ кардани 10 ё 15 нафар коре дуруст нест. Дар қонуни нав ин шумора то 200 нафар боло бурда шуд. Ин ҳам кофӣ нест, вале азбаски назар ба қонуни қаблӣ ба маротиб бештар буд, мо аз он пуштибонӣ кардем.

То кунун дар Қирғизистон фаъолияти ягон гурӯҳи мазҳабӣ расман манъ нашудааст. Аммо қонуни ҷадиди дин ақаллиятҳои мазҳабии кишварро дар ҳоли ташвиш андохтааст. Онҳо мегӯянд, қонуни нав ба мазҳабҳои бузург, яъне ба мусалмонон ва православиҳо, имтиёзи бештар қоил шуда, дар айни замон ҳаққи гурӯҳҳои дигари мазҳабиро нодида мегирад ва гурӯҳҳое, ки камтар аз 200 пайрав доранд, шояд акнун ҳаққи фаъолиятро аз даст бидиҳанд.

Қаирбек Нанибоев, як мусалмони собиқ, ки акнун пайрави мазҳаби Евангелистии дини масеҳист, мегӯяд, демократия бояд нафақат дар рӯи қоғаз, балки дар амал ҷорӣ бошад. Ин чӣ маъно дорад, ки агар 200 пайрав дошта дошӣ, сабти ном мешавӣ, вагарна – не. Ба назари ман, ҳаққи ҳатто як нафар ҳам бояд ҳатман муроот шавад.

Турсунбек Охун, маъмури ҳуқуқи башари Қирғизистон, низ ба ин изҳори нигаронии ақаллиятҳои динӣ ҳамроҳӣ мекунад ва қонуни ҷадиди динро мухолифи меъёрҳои байналмилалӣ меномад: “Ин қонун танҳо ба 2-3 мазҳаби асосӣ озодӣ дода, ҳаққи мазҳабҳои дигарро маҳдуд мекунад. Аз ин рӯ, ин қонун низ ба сафи қонунҳое афзуд, ки ҳуқуқи инсонро маҳдуд мекунанд.”

Йенс Эшенбачер, сухангӯи дафтани демократия ва ҳуқуқи САҲА низ ба хабаргузории мазҳабии “Форум 18” гуфтааст, қонуни имзошудаи дин дар Қирғизистон тавсияҳои се моҳ пеш ироакардаи онҳоро дар бар нагирифтааст. Бо ин ҳол, баҳси қонуни дин дар ин шабурӯз дар Қазоқистону Тоҷикистон низ як мавзӯъи доғ ва вирди забонҳост.

Тарҳи ҷадиди қонуни дини Қазоқистон ду моҳ пеш дар порлумон тасвиб шуда, феълан дар дасти имзои раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев қарор дорад. Гурӯҳҳои мазҳабӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, тарҳи мазкур дар роҳи сабти ном ва фаъолияти гурӯҳҳои мазҳабӣ маҳдудиятҳои сангинтар эҷод карда, ақалиятҳои мазҳабиро дар муқоиса бо мусалмонон ва православиҳо дар як шароити нобаробар қарор хоҳад дод. Ба эътиқоди онҳо, матни ин қонун ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ ва шоистаи кишваре нест, ки ду сол баъд ба курсии раёсати САҲА хоҳад нишаст.

Ақаллиятҳои мазҳабӣ дар Қазоқистон мегӯянд, ин қонун мунҷар ба таъқиботи бештар дар заминаи эътиқодоти мазҳабӣ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Қазоқистон 120 шаҳрванди хориҷӣ бо иттиҳоми таблиғоти ғайриқонунии мазҳабӣ боздошт ва шуморе аз онҳо аз кишвар ихроҷ шудаанд.

Вале агар дар Қазоқистон танҳо як марҳалаи ниҳоӣ - имзои раисиҷумҳур мондааст, ки қонуни дин ҳукми иҷро бигирад, дар Тоҷикистон муҳокимаи ду тарҳи қонуни нави дин, ки якеро Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва дуввумиро мақомоти давлатӣ таҳия кардаанд, ҳанӯз идома дорад. Муҳиддини Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви порлумони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба сурати умум, ҳарду тарҳ дар муқоиса бо қонуни феълӣ қадаме ба пеш буда, муштаракоти зиёд доранд, вале дар бархе масоили калидӣ хеле фарқ мекунанд.

Муҳиддини Кабирӣ меафзояд, фарқи байни ду тарҳи пешниҳодӣ бештар аз ҳама дар ба шеваи мурооти асли ҷудоии давлат аз дин ва дахолати муассисаҳои давлативу динӣ ба умури ҳамдигар рабт мегирад. Ба эътиқоди раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, чунин тақозо таълими мазҳабиро аз қабл хориҷ аз чаҳорчӯби қонун қарор дода, волидайнро маҷбур мекунад, фарзандони худро боз ҳам рӯ ба дасти мадориси ғайрирасмӣ бисупоранд, ки маълум нест, ба ин тифл дар ниҳоят чиро таълим хоҳанд дод.

Муҳокимаи пешнависҳои қонуни дини Тоҷикистон соли дуввум аст, ки идома дорад. Намояндагони ақалиятҳои мазҳабӣ мухолифи табдили қонуни ҷории дин буданд ва мегуфтанд, ислоҳи ин қонун дар ҳеҷ сурат, ба нафъи онҳо нахоҳад шуд. Аз ҷумла Александр Давидов, раҳбари Иттиҳоди масеҳиёни инҷилгарои баптист ба Радиои Озодӣ чунин гуфта буд. Як мояи нигаронӣ аз ҷумла ин буд, ки қонуни нав метавонад бо эҷоди мавонеъи ҷадид, аз ҷумла боло бурдани шумори ҳадди ақали аъзо, дасти дахолати мақомот дар умури диниро дарозтар карда, созмонҳои мазҳабиро таҳти назорат ва фишори бештари давлат қарор диҳад. Аммо Муҳиддини Кабирӣ мегӯяд, ба фарқ аз қонуни феълӣ дар ҳарду тарҳи пешниҳодӣ кадом теъдоди мушаххаси лозим барои сабти номи гурӯҳҳои динӣ наомадааст.

Ин ишораи оқои Кабирӣ аз ҷумла ба як банди қонуни амалкунандаи дини Тоҷикистон аст, ки барои сабти номи як ибодатгоҳи ғайриисломӣ танҳо 100 имзо, вале барои ифтитоҳи як масҷиди ҷомеъ 15 000 имзо талаб мекунад. Вале Фирӯза Шамсиева, аз раҳбарони ҷараёни мазҳабии баҳоия дар Тоҷикистон, мегӯяд, ҳаққи мусалмонон дар Тоҷикистон пойинтар аз ҳаққи пайравони адёни дигар гузошта нашудааст.

Муҳокимаи пешнависи қонуни дини Тоҷикистон дар ҳоле идома дорад, ки тайи танҳо ним соли охир дар ин кишвар фаъолияти созмони хайрияи “Ора Интенешнал” ба далели таблиғи ғайриқонунии ақидаҳои масеҳӣ мутаваққиф ва фаъолияти созмони мазҳабии “Шоҳидони Яҳво” расман ва бо ҳукми додгоҳ баста шуда, ҳамагӣ ҳафтае пеш Додгоҳи олии Тоҷикистон равияи салафияро таҳдид ба амнияти миллӣ шинохта, манъ кард. Мақомот ҳамин тавр, аз убури тақрибан ним миллион китобу адабиёти баптистӣ ҷилавгирӣ карда, садҳо масҷидро ба далели адами сабти ном бастанд ва чандеро ҳатто тахриб карданд. Баҳси ин қонун ҳамчунин дар ҳоле идома дорад, ки соли 2009 дар Тоҷикистон ба шарафи асосгузори мазҳаби Ҳанафия соли Имоми Аъзам эълон шудааст ва аҳли дин, ба хусус мусалмонон, умедворанд, ки бархӯрди давлат нисбат ба онҳо шояд имсол заррае нармтар шавад. Ҳадди ақал ба хотири Имоми Аъзам, ки 90 дарсади мусалмонони Тоҷикистон аз мазҳаби ӯ пайравӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG