Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии мазҳабӣ дар Тоҷикистон


Дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи ИМА омадааст, ки эҳтиром ба озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон таййи як соли ахир рӯ ба таназзул овардааст.

Ба тазаккури вазорати хориҷаи Амрико, дар ин давра (1-уми июли соли 2007 – 30-вуми июни соли 2008) ҳукумати Тоҷикистон кӯшидааст, то бар тамоми бахшҳои мазҳабии зиндагии мардум, аз ҷумла гурӯҳ, созмон ва шахсиятҳои мазҳабӣ, назорати фаъъол барад.
Дар гузориши солонаи вазорат дар мавриди озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои ҷаҳон омадааст, ки ин сиёсати ҳукумати Тоҷикистон баёнгари нигарониҳо аз тундгароии исломӣ аст ва мақомоти расмӣ эҷоди маҳдудият дар озодиҳои мазҳабиро бо ҳамон нигарониҳо тавҷеҳ медиҳанд. Ҳарчанд Қонуни асосии Тоҷикистон озодии мазҳабиро пешбинӣ мекунад, аммо, ба таъкиди вазорати умури хориҷаи ИМА, баъзе аз фармону санадҳои қонунгузорӣ бо ин банди қонун дар таноқуз ҳастанд.
Дар ин гузориши оид ба риъояти озодии мазҳабӣ дар кишварҳои ҷаҳон, ки шоми ҷумъа 20-уми сентябр нашр шуд, инчунин омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунон сиёсати дунявиро тарвиҷ карда, имкон додааст, то фароизи мазҳабӣ таҳти назорати шадид баҷо оварда шавад.
Гузориши солонаи вазорати умури хориҷаи Амрико дар мавриди озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои ҷаҳон давраи як соли ахирро фаро гирифтааст.
Дар ин гузориш омадааст, ҳукумат таййи як соли ахир масоҷид ва ибодатгоҳҳои зиёди расман сабти ном нашударо баст, вале баъдан иҷоза дод, то дигарбора фаъъолият кунанд. Вазорати умури хориҷаи Амрико инчунин аз тахриби се масҷиди сабтиномнашуда ва ягона ибодатгоҳи яҳудиён дар Душанбе ёдоварӣ кардааст.
Ба гуфтаи муаллифони гузориш, ҳукумати Тоҷикистон кӯшид, аз тариқи назорати фаъъолияти масоҷид ва таъсири ғайримустақим дар интихоби имомҳо ба иҷрои фароизи динӣ таъсир гузорад.
Вазорати умури хориҷаи ИМА бо ёдоварӣ аз мамнӯъияти пӯшидани ҳиҷоб дар донишгоҳу макотиб мегӯяд, вазорати маорифи Тоҷикистон бо ин иқдом озодиҳои мазҳабии донишҷӯёнро халалдор кардааст. Дар идомаи гузориш мехонем, ки ҳукумат бо истифода аз муқаррароти сабти ном, ба фаъъолияти баъзе аз гурӯҳҳои мазҳабӣ халал ворид намуд. Ҳукумати кишвар, аз ҷумла, фаъъолияти се созмони мазҳабиро мамнӯъ кард ва ба аъзои баъзе аз гурӯҳҳои мазҳабӣ фишор овард.
Вазорати умури хориҷаи Амрико дар гузориши ахири худ таъкид кардааст, ки ҷомиъаи Тоҷикистон дар маҷмӯъ таҳаммулпазир аст ва мухолифи танаввӯъи мазҳабӣ ҳам нест.
Дар ҳамин ҳол, маҳдудиятҳои ҷорикардаи ҳукумати Тоҷикистон асосан ба мусулмонон таъсир мекунад, ҳарчанд ҳукумат баъзе аз созмонҳои мазҳабии хориҷиро низ ҳадаф гирифтааст, ки, ба гуфтаи он, “нуфузи хориҷӣ” доранд.
Дар гузориши сенздаҳсаҳифагии вазорати хориҷаи ИМА доир ба озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин ба ҷараёни салафия ишора шудааст, ки таййи чанд соли ахир пайравонаш зиёд мешаванд. Афзоиши пайравони салафия, омадааст дар гузориши мазкур, нигаронии ҳукумати Тоҷикистонро барангехтааст ва тахмин меравад, ки шумораи онҳо дар кишвар ҳудуди 5 000 нафар аст.
XS
SM
MD
LG