Пайвандҳои дастрасӣ

Департаменти давлатии ИМА дар гузориши худ Тоҷикистонро кишвари авторитарии дорои озодиҳои маҳдуди баён ва мазҳабӣ муаррифӣ кардааст.

Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико, ки ҳарсола дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳон нашр мешавад, ҳамчунин мушкилоте, ба мисли фасоду ришвахорӣ дар сохторҳои давлатӣ, истифода аз меҳнати кӯдакону наврасон, шароити бади маҳбусон ва ҳабсхонаҳо ва фишор ба созмонҳои ғайридавлатии байнулмилалӣ хоси Тоҷикистон гуфта шудааст.

Дар гузориши имсолаи Департаменти давлатии ИМА тақрибан 190 кишвари ҷаҳон арзёби шудааст ва чун соли гузашта Русия, Чин, Покистон, Афғонистон, Кореяи Шимолӣ, Куба, Эрон, Ироқ, Судон, Узбакистон ва чанд кишвари дигар мавриди интиқоди шадид қарор гирифтаанд.

Муаллифони гузориш навиштаанд ки ҳуқуқи инсон аз ҳама ҷиддитар дар он кишварҳое поймол шудааст, ки ё ҳукуматҳои бемасъулияти онҳо қудратро комилан дар дасти худ мутамарказ кардаанд ё дар кишварҳое, ки ҳукуматҳо зуд-зуд ба истеъфо мерафтанд, ё ин ки ноком мешуданд.

Ин гузориш ҳамагӣ баъд аз як ҳафтаи боздиди вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз Чин нашр шуд. Зимни боздидаш аз ин кишвар хонум Клинтон гуфта буд, ки ҳамкорӣ дар муқоиса бо мушкилиҳо бояд бартарӣ дошта бошад. Ва аммо дар гузориши ахир гуфта шудааст, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Чин ҳамоно заиф боқӣ мемонад ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто бадтар шудааст.

Дар гузориш вазъи ҳуқуқи башар дар Кореяи Шимолӣ даҳшатнок унвон шудааст ва гуфта мешавад, ки мақомоти Пхенян ба қатли одамон бидуни муҳокимаи додгоҳӣ ва тавлиди кӯдакон дар зиндонҳо роҳ додаанд.

Дар мавриди Русия омадааст, ки ҳуқуқи инсон дар ин кишвар зери фишори шадид қарор дорад, иддао мешавад ки нерӯҳои амнияти дар Чеченистон, Ингушетия, ва Доғистон дар кушторҳои ғайриқонунӣ ва одамрабоии сиёсӣ ширкат доштанд. Заиф будани вазъи ҳуқуқи башар дар Русия боиси он шуд, ки Маскав ба низоъи Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубӣ мудохила кард ва дар натиҷаи ин низоъ теъдоди зиёди шаҳрвандони осоиштаи ин минтақа ба ҳалокат расиданд.

Дар гузориши солонаи вазорати хориҷаи Амрико, Гурҷистон барои маҳдудсозии озодии матбуот ва фасоду ришвахорӣ дар сохторҳои давлати ва ҳуқуқӣ интиқод мешавад.

Муаллифон навиштаанд, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Белорус мисли пештара заъиф боқӣ мемонад. Аз нигоҳи онҳо, мақомоти Узбакистон ба шаҳрвандон имкон намедиҳанд, ки аз ҳақи худ барои тағйири ҳукумат аз роҳи осоишта ва демократӣ бархурдор шаванд.

Дар гузориш омадааст, ки Эрон ба маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандонаш идома медиҳад ва ниҳодҳои амниятии он кишвар ба азобу шиканҷаи боздоштшудагон ва ташкили хушунатҳое, ки ангезаҳои сиёсӣ доранд, даст мезананд. Миср, Либия, ва Сурия низ ба хотири боздошти фаъолони ҳуқуқи башар ва дигарандешон мавриди интиқод қарор гирифтаанд.

Гузориш як соли охири ҳукуматдории раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Бушро низ мавриди интиқод қарор додааст, ба вижа ба хотири шеваи бераҳмонаи бозрасии қазияи боздоштшудаҳои Гуантанамо.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG