Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аъзои се гурӯҳи марбут ба ҷараёни мазҳабии «Ҷамоаи Таблиғ» ё «ал-Даъва», ки мақомоти расмии Тоҷикистон фаъолияти онро мамнӯъ медонанд, дар қаламрави вилояти Хатлон мавриди боздошт қарор гирифтаанд.

Ахиран, кормандони раёсати корҳои дохилӣ ва бахши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон пайравони ин равияи мазҳабиро дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии Бохтару Балҷувон даст гирифтаанд. Мақомот дар мавриди шумори дақиқи афроде, ки боздошт шудаанд, маълумот надоданд.

Полковник Шодибек Раҷабов, сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, аммо аксари боздоштшудаҳо баъди пурсиши муфаттишон ҷавоб дода шуда ва бо афроди боқимонда корҳои ба истилоҳ «профилактикӣ» гузаронида шудааст: «Ин афрод ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудаанд. Ҳарчанд дар қайди мо ҳастанд шаҳрвандоне, ки пайравӣ ба ҷараёни «Ҷамоаи Таблиғ» мекунанд, мо якҷо бо КДАМ кор бурда истодаем, омӯзиш дорем. Албатта, ин ҷараён ба мисли салафия, ба амнияти кишвар хатар дорад…»

Як пайрави ҷараёни «ал-Даъва» ё «Ҷамоаи таблиғ», сокини шаҳри Қӯрғонтеппа дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ӯву ҷонибдорони дигари «Ҷамоаи Таблиғ» ғайр аз таблиғу ташвиқи ислом ва мазҳаби Ҳанафия – мазҳаби расман эътирофкардаи давлати Тоҷикистон, ба ҳеҷ фаъолияти сиёсӣ ё ғайр машғул нестанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳама фаъолиятҳои «Ҷамоаи Таблиғ» бар фармудаҳои паёмбари ислом Муҳаммад (с) асос мегирад, ки таъкид ба тарғиби ислом ва даъват ба дини мазкур мекунад. Ӯ гуфт, ҳангоми бозпурсӣ мақомот ба ӯву ҳамтоёнаш ҳеҷ навъ фишор наоварда ва ё латукӯб накардаанд. Дар ҳоле ки дар гузашта пайравони «Ҷамоаи Таблиғ» дар Афғонистон ва баъзе кишварҳои исломӣ таъқибу сангсор ҳам шудаанд.

Қаландар Садруддинзода, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Хатлон, иддаоҳои мақомоти интизомии кишвар бар сари хатарзо будани мавҷудияти «Ҷамоаи таблиғ» ба амнияти идеологии Тоҷикистонро бепоя хонда ва мегӯяд: «Ин ҷараён ягон зарару халале надорад ба амнияти кишвар ва ҷомеаи имрӯза. Ҷонибдорони «Ал-даъва» ё «Ҷамоаи Таблиғ» ягон фаъолияти сиёсӣ надоранд, даъватҳояшон танҳо ба ислом аст. Ман фикр мекунам, ин амалҳо махсус барои худнамоии баъзе мақомот анҷом мешаванд, аммо билъакс, чунин амалҳо дар миёни ҷомеа сарусадоҳо ва ноамние ба вуҷуд меорад. Чунин хабару овозаҳо ба гӯши мо мерасад, ки гӯё одамонро гурӯҳ-гурӯҳ боздошт кардану аз онҳо расману ғайрирасмӣ «ҷарима» меситонанд, ки дуруст нест…»

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон созмони «Ҷамоаи Таблиғ»-ро як ҷараёни мазҳабии экстремистӣ номида, гуфтааст, ки ҳадафи ниҳоии ин ҷараён (ки гӯё марказаш дар яке аз музофотҳои Ҳиндустон воқеъ аст) «исломисозии ҷаҳон» будааст. Фаъолони «Ҷамоаи Таблиғ» асосан дар муассисоти вижаи Покистон, Ҳиндустон ва Индонезия таҳсил карда, масҷидҳоро мавзеи асосии «фаъолияти миссионерӣ»-ашон ихтиёр кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG