Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоми ду созмон ба таблиғи масеҳият


Давлат Сулаймонов

Давлат Сулаймонов

Вазорати адлияи Тоҷикистон ду созмони хайрияи ғайридавлатӣ дар шаҳри Хуҷандро ба таблиғи ғайриқонунии дини масеҳӣ муттаҳам донистааст.

Давлат Сулаймонов, раиси бахши танзими созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, “Дасти мадад” ва “Ҳаёти ҷавонон”, ки аз соли 2000-ум ба ин сӯ дар Тоҷикистон фаъоланд, ахиран ба тарғиби масеҳият миёни кӯдакони мусулмон пардохтаанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, вазифаи аслии ин созмонҳо бо дарёфти кӯмакҳои байнулмилалӣ ёрӣ ба таҳсили фарзандон аз хонаводаҳои фақир будааст: “Масъулони ин созмонҳо дар мактабҳое, ки барои омӯзиши забонҳо ташкил кардаанд, дар баробари таълими забони англисӣ ва хатти ниёкон, ба тарғиби дини масеҳӣ машғул шудаанд”.

Давлат Сулаймонов мегӯяд, аз фаъолияти ғайримуҷози “Дасти мадад” ва “Ҳаёти ҷавонон” додситонии вилояти Суғд ҳам огоҳ аст ва онҳо хостори ҳарчӣ зуди қатъи фаъолияти ин созмонҳо мебошанд. Вай гуфт, Вазорати адлияи Тоҷикистон тасмимаш барои ошкор кардани таблиғи ғайриқонунии адёни ғайриисломӣ дар фаъолияти созмонҳои хайрияро идома медиҳад: “Вазорати адлия ин ҳодисаҳоро ошкор карда, барои боздошту қатъи фаъолияти онҳо дар минбаъда ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Аз тарафи масъулони вазорати адлия як чунин корҳо бурда шуда истодааст ва дар оянда ҳамагуна созмонҳое, ки ба чунин тарғиби ғайриқоуннӣ машғул мешаванд, мавриди боздошт қарор хоҳанд гирифт”.

Ин масъули Вазорати адлия ҳамчунин гуфт, ду созмони ғайридавлатии муттаҳам ба тарғиби масеҳият дар Хуҷанд, аммо дар таҳияи асноди фаъолияташон кӯтаҳӣ надошта, ҳатто баъд аз вуруди тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ асноди худро дубора омода ва ба вазорат пешниҳод кардаанд.

Гулсуной Мақсудова, раҳбари созмони “Дасти мадад”, дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ, аз ин изҳороти Вазорати адлия ва додситонии Суғд изҳори бехабарӣ кард. Вай гуфт, фаъолияти онҳо дар доираи қонунҳои Тоҷикистон ва низомномаи созмон сурат мегирад ва равобити онҳо бо ҳукумати маҳаллии Хуҷанд то ҳанӯз ба мушкил мувоҷеҳ нашудааст: “Аслан намефаҳамам, ки чаро онҳо ин гуна изҳорот пахш карданд. Дар ҳоле ки мо ба фаъолиятҳои таблиғ ва тарғиби ҳич дине дине машғул нестем. Мо бештар бо кӯдакон кор мекунем ва ба онҳо хадамоти мухталифро пешниҳод мекунем. Мо ҳамеша ҳисобот дар бораи фаъолияти худро ба мақомот медиҳем. Аз ин рӯ, барои мо ҳам ҷолиб аст, ки чаро ин гуна изҳорот садо дода”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати адлияи Тоҷикистон барои чунин фаъолиятҳои ғайриқонунии таблиғи динҳои ғайриисломӣ намояндагии шаш созмони хориҷӣ дар Хуҷандро баста ва ду созмони дигари “Ора Интернешл” ва “Алянс Мишн”-ро ба додгоҳ кашонида буд.

Соли гузашта Вазорати адлия фаъолияти созмони хайрияи олмонии “Ора Интернешнл” дар Душанберо барои таблиғоти мазҳабӣ ва таъсиси ғайриқонунии бахшҳои он дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон муттаҳам кард ва баъди баҳсҳои додгоҳӣ ин ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки созмони “Ора Интернешнл” метавонад фаъолияташро дар Тоҷикистон дубора аз сар гирад. Аммо Вазорати адлия мегӯяд, ҳанӯз баҳси додгоҳии миёни ин вазорат бо намояндагони созмони хайрияи олмонии “Алянс Мишн”, ки ду моҳ пештар барои таблиғи масеҳият муттаҳам шуданд, дар додгоҳи шаҳри Душанбе ба анҷом нарасидааст.
XS
SM
MD
LG