Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти аъзои "Ҷамоаи таблиғ"


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъйид кард, ки дар масҷиди маъруф ба Умари Форуқ дар маҳаллаи “Гулистон”-и шаҳри Душанбе амалиёти боздошти пайравони гурӯҳи мазҳабии “Ҷамоаи таблиғ” сурат гирифта буд.

Ба таъйиди пайвандони афроди дастгиршуда то кунун онҳо намедонанд, ки иллат ва далели ин боздошт чӣ аст ва талоши онҳо барои дарёфти маълумот аз мақомоти марбута дар бораи сарнавишти афроди боздоштшуда низ натиҷа надодааст.

Аммо мегӯянд онҳо, нафарони боздоштшуда ба ҷуз аз даъват ва таблиғи мазҳабӣ ва он ҳам бо иҷозаи раисони маҳалла ва имомхатибони масоҷид ба кору амале, ки хилофи қонун бошад, даст назадаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки даъват ва таблиғи мазҳабӣ аз сӯи ин гурӯҳ,ки худро “Ҷамоаи таблиғ” муаррифӣ мекунанд аз панҷ-шаш сол ба ин сӯ дар манотиқи мухталифи кишвар идома доштааст. Пайвандони афроди дастгиршуда тасдиқ мекунанд, ки даъват ва таблиғи гурӯҳи “Ҷамоаи таблиғ” ба мазҳаби Имоми Аъзам, ки ахиран мазҳабӣ расмӣ дар ин кишвар эътироф шуд, мухолифат надорад.

Ҳамин манбаъ афзуд, ки ин гурӯҳ ҳар ҳафта дар ин ё он масҷид даври ҳам омада, барои анҷоми корҳои даъват ва таблиғи исломӣ аз шумори пайравони худ нафаронро ба манотиқи мухталифи кишвар сафарбар мекунанд. Гоҳо ин мусофиратҳо бо хоҳиш ва дархости мардуми ин ё он маҳалли муайян ҳам сурат мегирифтааст.

Дар ҳамин ҳол Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати дохилаи Тоҷикистон, хабари дастгир ва ба боздоштгоҳҳо интиқол додани ин нафаронро таъйид кард. Аммо гуфт ӯ аксарияти онҳо баъди пурсиши муфаттишон ҷавоб дода шуда ва иддае ҳам, ки боқӣ мондаанд бо гумони ҳамкорӣ бо созмони мамнӯъи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон таҳти пурсиш қарор доранд.

Боздошти пайравони “Ҷамоаи таблиғ” дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан дар расонаҳо ва ҷомеаи кишвар дар бораи амал ва мавҷудияти онҳо иттилоъ ба нашр нарасида буд.

Сайидбек Маҳмадуллоев, сардори шӯъбаи дин дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон, низ дар як тамоси телефонӣ таъйид кард, ки агар чунин ҷамоа вуҷуд дошта бошад, фаъолияти онҳо ғайриқонунист. Зеро қонуни дини Тоҷикистон танҳо барои иттиҳодияҳои динӣ ва созмону гурӯҳҳои мазҳабии расман сабтшуда дар мақомоти ваколатдори кишвар ҳуқуқ додааст, ки ба таблиғ ва ташвиқи динӣ ва он ҳам дар ҷойҳои пешбиникардаи қонун машғул шаванд. Аз сӯи дигар афзуд оқои Маҳмадуллоев то кунун ин гурӯҳ барои сабти расмии худ муроҷиат накардаанд.

Аммо Зубайдуллоҳи Розиқ, як тан аз рӯҳониён аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ки аз фаъолияти гурӯҳи “Ҷамоаи таблиғ” дар Тоҷикистон огаҳ аст. Оқои Розиқ гуфт, бархе аз пайравони ин гурӯҳ хатмкардаҳои макотиби динии Покистонанд, ки танҳо ба даъват ва таблиғи мардум ба сӯи Ислом ва риояи суннатҳову анъанаҳои мазҳаби Имоми Аъзам машғуланд.

Пайвандони афроди боздоштшуда аз “Ҷамоаи таблиғ” низ таъйид мекунанд, ки миёни ҷонибдорони онҳо хатмкардаҳои макотиби динии Покистон амал мекунанд. Вале шумори чунин афрод андак будааст.

Гуфта мешавад маркази гурӯҳи “Ҷамоати таблиғ” асосан дар Покистон буда, ҳамчунин дар кишварҳои Бангладеш, Малайзия ва Ҳиндустон низ ин гурӯҳ фаъолият мекардааст. Зимнан, дар як соли пеш дар Ӯзбакистон панҷоҳ нафар бо иттиҳоми узвиятдар гурӯҳи “Ҷамоати таблиғ” боздошт ва муҷозот шудаанд.
XS
SM
MD
LG