Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои уламо дар мавриди манъи салафиҳо


Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон мегӯяд, тасмими Додгоҳи олӣ дар мавриди мамнӯъ кардани фаъолияти салафия «иқдоми бамаврид ва дар ростои таъмини ваҳдати ақидатӣ ва суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа» мебошад.

Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, ин тасмим ба манзури ҷилавгирӣ аз ихтилоф ва тафриқае, ки дар оянда метавонист дар миёни мусулмонони тоҷик ба вуҷуд биёяд, иттихоз шудааст.

Бо вуҷуди эълони қарори Додгоҳи олӣ дар мавриди мамнӯъ эълон шудани ҷараёни салафия дар Тоҷикистон имрӯз аксари пайравони ин ҷараён дар масҷиди марказии Душанбе бо шеваи хоси худ намози ҷумъаро адо карданд. Пайравони салафӣ бо овози баланд омин мегуфтанд ва гуфтани омини бо садои баланд яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи гузоштани намоз бо шеваи салафӣ ба фарқ аз пайравони ҳанафия мебошад.

Шӯрои уламои Тоҷикистон низ қабл аз ин гузоштани намоз бо шеваи салафӣ дар масоҷидро мамнӯъ эълон карда буд. Аммо ин қарори Шӯрои уламо ба имом-хатибон иҷозаи ба иҷбор манъ кардани намозгузориии салафиҳоро намедод. Вале акнун, Қобилҷон Боев мегӯяд, дар сурати такрор шудани чунин аъмоле мақомоти интизомӣ дастбакор хоҳанд шуд.

Вале ба гуфтаи масъулини ниҳодҳои интизомӣ, то кунун ҳеҷ мавриди шикояте дар робита ба иҷрои боварҳои салафӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо коршиносон мегӯянд, қарори Додгоҳи олӣ аз лаҳзаи эълони он тавассути телевизони давлатӣ мадори эътибор аст ва афроде, ки равияи салафияро ба ҳар навъе таблиғ мекунанд, имкон дорад таҳти пайгарди қонун қарор бигиранд ва барои ин гуна амал ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG