Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳроб Лангариев ҳукми абад гирифт


Сӯҳроб Лангариев
Сӯҳроб Лангариев

Додгоҳи олии Тоҷикистон Сӯҳроб Лангариев ва 7 узви гурӯҳи ӯро, аз ҷумла, фарзанди Сангак Сафаровро барои абад равонаи зиндон кард.

Рӯзи сешанбе додраси додгоҳи олӣ Зафар Азизов пас аз мутолиаи айбномаи Сӯҳроб Лангариев ва ҳамроҳонаш эълон кард, ки бар асоси ҷурмҳо, аз ҷумла мухолифати мусаллаҳона бо ҳукумат, нигоҳдории ғайриқонунии лавозимоти ҷангӣ, тиҷорати ҳаҷман бузурги маводи мухаддир ва убури ғайриқонунунии марз, аъзои ин гурӯҳ барои абад равонаи зиндон шуданд.

Маҳмадалӣ Юсуфов, сухангӯи додгоҳи олии Тоҷикистон, бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи гурӯҳи Суҳроб Лангариев пушти дарҳои баста дар зиндони мавсум ба Сизои кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо эълони ҳукми додгоҳи олӣ анҷом ёфт. Ба қавли оқои Юсупов, додраси ин мурофиа муовини раиси додгоҳи олӣ Зафар Азизов буд.

Бар иловаи Сӯҳроб Лангариев, ҳамчунин Нурмаҳмад Сафарови 22-сола, фарзанди фармондеҳи кули Фронти Халқӣ Сангак Сафаров, ду шаҳрванди Афғонистон - Ҳабибраҳмон валади Султоназиз ва Ғуломсиддиқ валади Муҳаммадӣ, ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон - Ғафуров, Ризоев, Бӯриев ва Сулаймоновро барои абад равонаи зиндон шуданд. Аъзам Лангариеви 24-сола, фарзанди Лангарӣ Лангариев, ба 21 соли зиндон маҳкум шуд.

Сӯҳроб Лангариеви 32–сола, бародари хурдии фармондеҳи кушташудаи Фронти халқӣ Лангарӣ Лангариев, охирҳои моҳи майи соли гузашта ҳангоми як даргирии мусаллаҳона бо мақомоти қудратии давлати Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб боздошт шуда буд. Зимни ин амалиёт дар хонаи Сӯҳроб Лангариев ҳамчунин ҷияни ӯ Аъзам Лангариеви 24-сола (писари Лангарӣ Лангариев) ва Нурмаҳмад Сафарови 22-сола (фарзанди Сангак Сафаров) ва ду шаҳрванди Афғонистон, ки хешу табори Сӯҳроб Лангариев будаанд, боздошт шуда буданд. Ба қавли кумитаи амнияти Тоҷикистон, он замон Сӯҳроб Лангариев сӯи кормандони интизомӣ тир кушодааст ва даргирӣ байни гурӯҳи ӯ ва нерӯҳои ҳукуматӣ 15 соат давом кардааст.

Ин ниҳод он вақт эълон карда буд, ки Сӯҳроб Лангариев ба қочоқи маводи мухаддир ва нигоҳдории ғайриқонунии аслиҳаи оташфишон гунаҳгор дониста мешавад ва аз соли 2002 инҷониб барои "роҳзанӣ" мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.

Аммо Фархунда Самадова, як тан аз вакилони дифои гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев, мегӯяд, маҳкумшудагон ба ҳукми додгоҳ розӣ нашуданд. Ба қавли хонум Самадова, худи Сӯҳроб Лангариев танҳо ба қисмате аз ҳукми додгоҳ дар мавриди даст доштан ба додугирифти яроқ худро гунаҳкор ҳисобида, аммо иттиҳомоти дигар, аз қабили даст доштан дар тиҷорати маводи мухадирро рад кардааст.

Хонуми Самадова афзуд, ки додгоҳ бар хилофи дархости додситонӣ ба нафари таҳти ҳимояти ӯ Шайдулло Султонов, ҷияни Сӯҳроб Лангариев, ҳукми бештари маҳкумият ба зиндонро додааст. Ба қавли вай, додситонӣ аз додгоҳ ба нафари таҳти ҳимояти ӯ 20 соли зиндонро дархост кардааст, вале додгоҳ ӯро як сол зиёд - ба 21 сол равонаи зиндони шароиташ вазнин кардааст.

Эълони ҳукми гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев дар ҳолест, ки Салмон Лангариев, падари ӯ, қаблан аксари иттиҳомоти зидди фарзандашро зимни як мусоҳиба бо хабарнигорон рад кард ва гуфт, талош мекунад, дар гуфтугӯ бо раисҷумҳур Раҳмон зиёдаравии нерӯҳои интизомиро ҳангоми ҳабси Сӯҳроб ва шариконаш мавриди баррасӣ қарор диҳад. Вай гуфта буд, ки маҳз бародари Сӯҳроб, Лангарӣ Лангариев ва падарарӯси ӯ Сангак Сафаров, ки барои «ҳукумати қонунӣ» мубориза бурдаанд, ҳукумат набояд, хизматҳои онҳоро нодида гирад.

Дар ҳамин ҳол вакилони мудофеи Сӯҳроб Лангариев ва ҳамроҳонаш гуфтанд, ки хешовандони Лангариев ба додгоҳи олӣ роҷеъ ба ҳукми додгоҳ аризаи шикоятӣ пешинҳод хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG