Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти боздошти Сӯҳроб Лангариев


Ин амалиёт дар шаҳри Кӯлоб аз сӯи нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дар пайи паҳн шудани овозаҳои бенишонии яке аз бародарони ӯ Бахтиёр - сардори собиқи яке аз бахшҳои Вазорати умури дохилӣ сурат мегирад.

Беш аз як моҳ мешавад, овозаҳо дар миёни мардум дар гардиш аст, ки Бахтиёр Лангариев - барои раҳоӣ аз таъқиби мақомот рӯ ба фирор ниҳодааст.

Дар ҳамин ҳол, Файзалӣ Лангариев - генерали Вазорати дифои Тоҷикистон, яке дигар аз бародарони Сӯҳроб Лангариев - изҳор доштааст, ки ӯ дар маҳалли кори худ аст ва ба ҳодисаи мазкур иртибот надорад.

Коршиносон мегӯянд, ин дуввумин амалиёти номуваффақи Вазорати умури дохила ҷиҳати боздошти афроди гумонбар дар чаҳор моҳи ахир аст, ки дар пай талафоти ҷонӣ аз шумори афроди низомӣ ва ғайринизомиро доштааст. Дар моҳи феврали соли равон як чунин амалиёти нобарори неруҳои вазорати дохила дар Ғарм сурат гирифт, ки ба асари он фармондеҳи пулиси таъиноти хоси Тоҷикистон кушта шуд. То кунун омилони ин қатл ва ҳадафи баргузории он амалиёт эълом нашудааст.

Дар амалиёти алайҳи Сӯҳроб Лангариев, ки аз силоҳҳои сангин истифода шуд, тибқи ахбори расида то кунун ду ғайринизомӣ кушта ва шуморе ҳам маҷрӯҳ шудаанд

Сарҳанг Султон Қувватов, аз собиқадорони Вазорати дохилаи Тоҷикистон зимни изҳори назар дар робита ба ҳодисаи мазкур гуфт, дар мавриди даст доштани Сӯҳроб Лангариев дар ҷиноёте иттилоъ надорад. Аммо, ҷаноби Қувватов нобарорӣ ва номуваффақии амалиёти неруҳои дохиларо дар ҳузури афроди тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар радаҳои болои вазорати дохила мебинад. Ба назари сарҳанг Қувватов, масъулини вазорати дохила аз амалиёти нобарори Ғарм хулоса ва натиҷаи заруриро нагирифтанд. Ба эътиқоди Султон Қувватов, рехтани хуни инсонҳои бегуноҳ ва ин ҳам дар шароити осоишта барои боздошти нафар ва ё чанд нафар шаҳодати нодурустии тарҳрезии ин амалиёт аст ва барои ин бояд дастандаркорони он ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки иллати аслии нокомии як чунин амалиётҳои аз қабл тарҳрезишудаи мақомоти Тоҷикистон, ки бебарор тамом мешавад, ҳамкории бархе аз мансабдорони мақомоти интизомӣ бо афроде аст, ки алайҳи онҳо амалиёт баргузор мешавад. Оқои Ҳаким мегӯяд, бо ин васила ин мансабдорон эътирозоти худро аз сиёсати имрӯзаи давлат пинҳон намедоранд.

Бархе дигар аз коршиносон бар ин назаранд, ки роҳандозии ин гуна амалиёт дар манотиқе, ки аз саҳнаҳои асосии ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми кишвар буд, ба вазъи равонӣ ва оромиши ҷомеа асари манфӣ мегузорад. Ин коршиносон мегӯянд, таъсири амалиёти мусаллаҳонаи мақомот алайҳи афроди таҳти таъқиб ҳамчунин фазо ва иқлими сармоягузорӣ дар кишварро бо мушкил рубарӯ хоҳад кард. Зеро, махсусан сармоягузорони хориҷӣ дар як чунин шароит, ки барои боздошти гумонбар аз зиреҳпӯш ва дигар силоҳи сангин истифода шавад, ҳозир нахоҳанд шуд, ки маблағгузорӣ кунанд.

Зимнан, Сӯҳроб Лангариев бародари хурди яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1992 Лангарӣ Лангариев буд, ки дар роҳи ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз набардҳо дар он солҳо кушта шудааст.

То замоне ки ин гузориш таҳия ва нашр мешуд, мақомоти Тоҷикистон аз ироаи ҳар гуна маълумот ва изҳори назар дар бораи ҳодисаи Кӯлоб худдорӣ мекарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG