Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақли шоҳидони ҳодисаи Кӯлоб


Наргис Сафарова, ҳамсари Сӯҳроб Лангариев ҳангоми мусоҳиба бо хабарнигорон, 28 майи соли 2008 дар Кӯлоб.

Наргис Сафарова, ҳамсари Сӯҳроб Лангариев ҳангоми мусоҳиба бо хабарнигорон, 28 майи соли 2008 дар Кӯлоб.

Даргирии нерӯҳои низомии давлатӣ бо гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев, бародари собиқ фармондеҳи «Фронти халқӣ» Лангарӣ Лангариев ва домоди Сангак Сафаров, роҳбари «Фронти халқӣ» дар шаҳри Кӯлоб, мавзӯъи аслии нашрияҳои ахири чопи Душанбе гардидааст.

«Сешанбеи хунини Кӯлоб», «Штурми хонаи Сӯҳроб Лангариев», «Наргис, зани Сӯҳроб Лангариев нақл мекунад…», «Амалиёт дар хонаи лангариевҳо», «Задухӯрд дар Кӯлоб», «Сӯҳроб Лангариев боздошт шуд». Ҳафтаномаҳои чопи Душанбе таҳти ин унвонҳо назару таҳлилҳои худро роҷеъ ба ҳодисаи Кӯлоб ба нашр расондаанд.
Ҳафтаномаи «Фараж» навиштааст, Сӯҳроб Лангариев аз хонадони саркардаҳои ҳукумати имрӯзаро сари қудрат оварда мебошад. Нашрия ҳамчунин дар ин робита меафзояд, ки Сӯҳроб Лангариев бо нигоҳдории 100 кило ҳероин ва яроқу аслиҳаи ғайриқонунӣ муттаҳам шудааст. Аммо Наргис Сафарова, ҳамсари Сӯҳроб Лангариев, дар мусоҳибаи телефонӣ бо нашрияи мустақили «Нигоҳ» гуфтааст, дар хонааш ду автомати калашников ҳомили тир буд, ки бо наздик шудани нерӯҳои давлатӣ Суҳроб аз онҳо тир мепаронд. Наргис гуфтааст, ки аз замони оғози амалиёт то анҷоми он ҳамроҳ бо шавҳару фарзандонаш, додару хоҳараш ва ду меҳмони афғонистонӣ Ғуломсиддиқ ва Мавлавӣ, ки ҷиянҳои падари Сӯҳроб Салмон Лангариев будаанд, ва чанд тани дигар ҳузур доштаанду тамом. Наргис афзудааст, ки дар хонааш дигар силоҳе набуд. Ба гуфтаи ӯ, шавҳараш ҳангоми амалиёт бо телефони мобилӣ бо бародаронаш генерал Файзалӣ Лангариев, сардории раёсати омодагии ҳарбии Вазорати Мудофиаи Тоҷикистон, ва Бахтиёр Лангариев, сардори шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки дар Душанбе будаанд, суҳбат мекард ва онҳо ба ӯ гуфтаанд, ки бидуни тирпаронӣ таслим шавад. Ва ахиран Сӯҳроб ба бародаронаш «чанд сол аст, ки мушкили ман бо ҳукумати Тоҷикистон ҳал нашуд» гуфта, ба нерӯҳои давлатӣ таслим шудааст.
Ҳафтаномаи «Фараж» бо таъаҷҷуб менависад, ки Сӯҳроб Лангариев аз соли 2002 инҷониб мувофиқ бар моддаи 249-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон ҳамчун роҳзан мавриди пайгарди қонунӣ қарор доштааст, вале то кунун дар шаҳри Кулоб озодона зиндагӣ мекардааст.
Ҳафтаномаи русизабони «Asia-Plus», бо тасвири амалиёти боздошти Сӯҳроб Лангариев навиштааст, ки модоме аз замони мавриди пайгард будани ӯ 6 сол мегузарад, чаро то кунун ӯро боздошт накардаанд?
Ҳафтаномаи «Миллат» низ ба ҳамин нукта таваҷҷуҳ намуда, навиштааст, агар гурӯҳи Сӯҳроб таййи шаш соли ахир мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст, мақомоти марбута ӯро дар куҷо ҷустаанд ва чаро як ҷинояткори макони будубошаш маълумро то кунун боздошт карда натавонистаанд.

Ҳафтанома менависад, дар миёни мардуми осоишта, дар рӯзи равшан пиёда кардани амалиёти низомии боздошти Лангариев, ки боиси марги одамон шудааст, шаҳодат аз он медиҳад, ки нақшаи он аз ҷониби «масъулини камсавод ва дониши кофии низомӣ надошта» тарҳрезӣ шудааст. Нашрия навиштааст, ин дар ҳолест, ки мувофиқ бар Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи милиса» ва Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи яроқ», гузаронидани амалиёти низомӣ миёни мардуми осоишта мамнӯъ аст.
Нашрия менависад, баъди амалиёти мақомоти интизомии Тоҷикистон барои боздошти Мирзохӯҷа Аҳмадов ва раиси корхонаи кимиёи шаҳри Исфара ин севумин амалиёти низомии мақомот будааст, ки ба шеваи номуваффақ пиёда шудааст.
Баъзе аз рӯзноманирон пас аз тамошои навори видеоии амалиёти боздошти Сӯҳроб Лангариев аз тариқи телевизиони ҷумҳурӣ навиштаанд, ки сабаби ҳамла ба хонаи Сӯҳроб Лангариев ва боздошти ӯ аз тарафи мақомоти интизомӣ то ҳол норавшан боқӣ мондааст, зеро маводди мухаддире, ки гуфта мешуд, 100 кило ҳероин дар хонаи ӯ маҳфуз аст, нишон дода нашуд ва ин ки ҳамроҳи ӯ мусаллаҳони афғон ҳастанд, ин ҳам тасдиқи худро наёфтааст.
Тавре Наргис хонуми Сӯҳроб ба ҳафтаномаи «Нигоҳ» гуфтааст, ду нафар афғон додарзодаҳои бобои Салмон падари Сӯҳроб Лангариев будаанд, ки дар он рӯзҳо ба меҳмонии ин хонавода омадаанд.
XS
SM
MD
LG