Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳроб Лангариев ва ҳамроҳонаш боздошт шуданд


Баъд аз даргирии беш аз 15-соата Сӯҳроб Лангариев ва се ҳамроҳи ӯ боздошт шуданд. Дар ин ҳодиса 4 нафар кушта ва 9 тан захмӣ шудаанд.

Ҳувияти се фарди ҳамроҳи С. Лангариев боздоштшуда номаълум аст. Хабаргузории давлатии Ховар ба қавл аз Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон ҳамроҳони С. Лангариевро шаҳрвандони Афғонистон номидааст. Насруллоҳ Маҳмудов, додситони шаҳри Кӯлоб гуфт, фардо субҳ, 28 май нишасти матбуотӣ доир ва ҷузъиёти ҳодисаи имрӯз шарҳ дода хоҳад шуд.

Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 27 май, бо қасди боздошти Сӯҳроб Лангариев, бародари собиқ фармондеҳи "Фронти халқӣ" Лангарӣ Лангариев, манзили Бобои Салмон (падари Лангариев), воқеъ дар кӯчаи Якуми май дар маркази Кӯлобро муҳосира карданд. Кумитаи амнияти Тоҷикистон гуфтааст, Сӯҳроб Лангариеви 29-сола ба қочоқи маводи мухаддир ва нигаҳдошти ғайриқонунии аслиҳаи оташфишон гунаҳгор дониста мешавад. Ин ниҳод гуфтааст, С. Лангариев аз соли 2002 инҷониб барои "роҳзанӣ" мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт. Ба қавли ин ниҳод, Сӯҳроб Лангариев радди тақозои таслим карда ва сӯи кормандони интизомӣ тир кушодааст.

Ба нақли шоҳидон, нерӯҳои ҳукуматӣ ба муқобили гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев аз мошини зиреҳпӯши "БТР" истифода карданд. Яке аз сокинони шаҳр мегуяд, ки «тирҳои автомат гоҳо аз болои сари мо ҳам мегузаранд. Мошини зиреҳпӯши «БТР»-и мақомоти қудратӣ, ки дар назди дарвозаи Сӯҳроб Лангариев қарор дорад, дуртар рафта истодааст ва мунтазам ҷониби ҳавлӣ тир мепарронад. Тирҳо дар атрофи мо ба танаи дарахтон ва деворҳо зада, садои даҳшатноке мебароранд».


Тибқи иттилоъи расмӣ, ҳини тирпарронии ҷонибҳо ду нафари ғайринизомӣ, ки ин даргириҳоро аз дур назорат мекардаанд, ба ҳалокат расидаанд.

Аз рост, Бобои Салмон, падари Сӯҳроб Лангариев.

Яке аз шоҳидони ҳодиса ба хабаргузории маҳаллӣ, мавсум ба «Хатлон-пресс», гуфтааст, ки яке аз ин ду нафари ғайринизомиро ба мошини худ бор карда, ба беморхонаи марказии вилоятии шаҳр бурдааст, аммо дар даромадгоҳи беморхона ҷавон ҷон додааст. Ба нақли ӯ, «тир ба қафаси синааш аз тарафи рост расида буд. Баъди ду дақиқаи дигар ҷавони дуюмро ба беморхона оварданд.Тир ба пешониаш расида буду аллакай ҷон дода».


Гуфта мешавад, ҳамчунин нӯҳ нафар захмдор шуда, ба беморхонаи шаҳр интиқол дода шудаанд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, хонаи дуқабатаи Сӯҳроб Лангариев ва чанд хонаи гирду атроф бар асари задухӯрд тахриб шудааст.

Хабарнигори радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, роҳи Душанбе-Кӯлоб аз ноҳияи Данғара ба самти Кӯлоб баста буд. Дар робита ба ин ҳодиса имрӯз дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, ки дар маркази шаҳр воқеъ аст, дарсҳо қатъ шуда буданд.

Ба гузоришҳои расида, даргирӣ дар маркази шаҳр пас аз чанд соате қатъ гашта, ҷонибҳо ба гуфтушунид оғоз намудаанд, вале он бенатиҷа анҷом ёфтааст ва дубора тирпарронӣ оғоз шудааст. Гуфта мешавад, нерӯҳои ҳукуматӣ барои гуфтушунид бо Сӯҳроб Лангариев падари ӯ, мавсум ба Бобои Салмонро овардаанд, вале новобаста аз ин гуфтушунид ноком анҷом шудааст.

Сӯҳроб Лангариев, бародари Лангарӣ Лангариев мебошад. Лангарӣ Лангариев дар замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз фармондеҳони аршади Фронти Халқӣ буд. Ӯ тирамоҳи соли 1992 дар яке аз муҳорибаҳо захмӣ шуда ва баъдан дар бемористони шаҳри Хуҷанд фавтид.

XS
SM
MD
LG