Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли С. Лангариев ба маҳбас (Аксҳо)


Сӯҳроб Лангариев дар аввалин лаҳзаҳои баъд аз боздошт шуданаш, 27-уми майи соли 2008.
Сӯҳроб Лангариев дар аввалин лаҳзаҳои баъд аз боздошт шуданаш, 27-уми майи соли 2008.

Мақомоти Тоҷикистон Сӯҳроб Лангариев ва 8 нафари дигар, аз ҷумла писари Сангак Сафаров, собиқ сарфармондеҳи Фронти халқиро боздошт намудаанд.

Гуфта мешавад, дар байни дастгиршудагон аз ҷумла Аъзам Лангариев - писари собиқ фармондеҳи куштушудаи Фронти халқӣ Лангарӣ Лангариев, ва Нурмаҳмад Сафаров - писари собиқ фармондеҳи кушташудаи Фронти халқӣ Сангак Сафаров мебошанд.

Додситони шаҳри Кӯлоб Насрулло Махмудов ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, ки аъзоёни дастаи Сӯҳроб Лангариев ҳини даргириҳои дирӯза хеле хуб мусаллаҳ буда, бо тирҳои нодири шақшақа, ё «трассируюшие», мушакандоз ва норинҷакҳо тули 10 соат муқовимати шадид нишон додаанд. Вай афзуд, бар асари тирпаррониҳо 2 шаҳрванди ғайринизомӣ ва капитани кумитаи миллӣ Рустам Ҷалилов кушта шудаанд.

Ҳамзамон теъдоди дақиқи захмишудагон дақиқ нест. Қаблан дар бораи кушташавии падари Лангариевҳо – мавсум ба Бобои Салмон хабар паҳн шуда буд, вале ин иттилоъ таъйид нашудааст.

Аз субҳи имрӯз, 28-уми май, мардуми шаҳр дигарбора бо хотири ором аз хонаҳояшон баромада, дунболи рӯзгор шуданд. Бозору фурӯшгоҳҳое, ки дирӯз дарҳои худро бастанд, аз субҳи имрӯз ба хотири хидмат ба муштариён аз нав ифтитоҳ шуда, ба кори маъмулии худ идома бахшиданд.
Чунонки хабарнигори родиюи «Озодӣ» субҳи имрӯз аз ин шаҳр хабар дод, дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб низ, ки дар он дирӯз ба хотири даргирии мусаллаҳона дар шаҳр дарсҳо муваққатан қатъ шуда буданд, таҳсил дигарбора оғоз гардид.
Қарор шудааст, ки имрӯз додситони шаҳри Кӯлоб дар робита ба ҳодисаи ахир барои хабарнигорони ватаниву хориҷӣ як нишасти вежаи матбуъотӣ доир намояд. Родиюи «Озодӣ» тасмим гирифтааст, ки аз ин нишасти матбуъотӣ гузориши муфассал омода созад.

Аъзам Лангариев, писари Лангарӣ Лангариев ҳам дастгир шуд















Ҳамдастони дастгиршудаи Сӯҳроб Лангариев















Хонаи Лангариевҳо пас аз даргириҳо















Хонаи валангоршудаи Лангариевҳо пас аз даргириҳо

















XS
SM
MD
LG